Тоҷикистон барои пешбурди тиҷорат муносиб аст

№10 (3804) 25.01.2018

Бисту якуми декабри соли 2017 дар сомонаи маҷаллаи амрикоии Forbes иттилоъ пахш шуд, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи раддабандӣ барои пешбурди тиҷорат байни 153 мамлакати ҷаҳон ҷои 108-умро ишғол кард.

Дар сарсатри ба Тоҷикистон бахшида нишон дода шудааст, ки аҳолии он 8,5 миллион нафарро ташкил дода, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли гузашта 6,9 фоиз зиёд шуда, ба ҳар сари аҳолӣ 800 доллари ИМА рост омад.

Байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама мавқеи баландро Қазоқистон (ҷои 65-ум) ишғол намуда, Ӯзбекистон дар ҷои 99-ум ва Қирғизистон дар мавқеи 123-юм қарор доранд. Туркманистон дар раддабандӣ нишон дода нашудааст.

Мамлакатҳои аз ҳама ҷолиб барои пешбурди тиҷорат Британияи Кабир, Зеландияи Нав ва Ҳолланд шуморида шудаанд. Мавқеъҳои охиринро дар раддабандӣ Гаити, Гамбия ва Чад соҳиб шудаанд.

Дар раддабандии Forbes 153 мамлакати ҷаҳон бо 15 нишондиҳанда, аз қабили ҳуқуқи соҳибмулкӣ, дараҷаи ворид намудани навгонӣ, муҳити андозбандӣ, технология, сатҳи коррупсия, озодӣ (шахсӣ, тиҷоратӣ ва молӣ), бюрократизм ва ҳифзи маблағгузорон баҳогузорӣ мешаванд.

Бояд зикр кард, дар раддабандие, ки Бонки ҷаҳонӣ (Doing Business) аввали моҳи ноябри соли гузашта нашр намуд, Тоҷикис­тон байни 190 мамлакати ҷаҳон мақоми 128-умро гирифта буд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчунин, зикр шудааст, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ислоҳот гузаронида шуд: — Таъсис додани корхонаҳо сода гардонида, маблағи даромади ҳадди ақал барои бақайдгирии андоз аз арзиши иловашуда зиёд ва як тартиб ба мақсади сода намудани бақайдгирии моликият хориҷ карда шуд.

Чунин ислоҳот имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар раддабандии Бонки ҷаҳонӣ панҷ зина боло барояд.