Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

Барои Президент шудан маҳдудият нест

№ 19.09.2016

Парламенти Туркманистон Конститутсияи мамлакатро дар таҳрири нав қабул кард. Мувофиқи он дар ин кишвар маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентӣ аз байн бурда, муҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз панҷ то ҳафт сол дароз карда шуд. Дар асоси Конститутсияи пешинаи Туркманистон, ки соли 2008 қабул шуда буд, афроди аз 70-сола боло ҳаққи интихоб шудан ба мақоми президенти ин кишварро надоштанд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»