Бояд пайрави фарзонагон бошем

№41 (3835) 03.04.2018

Вазъи печидаи ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки барои дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти бештарро бар дӯш гирем. Маҳз насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст метавонад доир ба дилхоҳ ҳодисаи ба давлату миллат рабтдошта хулосаи лозима барорад ва барои ҳифзи Ватану миллат камари ҳиммат  бандад.

Ҳаводиси Ироқу Сурия, амалҳои террористии Давлати исломии Ироқу Шом, «Толибон»-и Покистону Афғонистон нишон дод, ки дур будан аз илму дониш ва маърифати динӣ, инсонҳоро ба манқурт табдил медиҳад.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик низ ба гурӯҳҳои террористии ДИИШ, «Толибон» ва ғайра шомиланд. Тавре аз воситаҳои ахбори омма огоҳӣ дорем,  ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик, ки дар Сурия ва Ироқ меҷангиданд, аксар барои кор ба Федератсияи Россия рафта, аз он ҷо ба давлатҳои гирифтори ҷанг «ташриф  оварданд» ва ба гурӯҳҳои террористӣ пайвас­танд. Ин амали онҳоро ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, хусусан зиёиён ва уламои дин маҳкум намуда, борҳо иброз доштанд, ки роҳи рафтаашон нодуруст аст ва ҳар чӣ зудтар баргарданд.

Тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар нафароне, ки дар он ҷангҳо иштирок доранду бо хоҳиши худ ба Ватан бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонон худро  сарсупурдаи роҳи пешгирифта вонамуд мекунанду гӯё аз рӯйи фармудаҳои Худованд амал менамоянд, ки умуман бо талаботи дини мубини ислом рабт надорад. Саволе пайдо мешавад, ки онҳо чӣ гуна мусалмонанд, ки  падару модар ва зану фарзанду дигар пайвандонашон дар Ватан роҳи онҳоро мепоянд, аммо онҳо хуни инсон мерезанд. Нафаре, ки пойбанди хурофоту таассуб аст, ҳеҷ суханеро қабул надорад, зеро ҳақиқати таҳрифшудаи дар зеҳнаш ҷойбуда имкон намедиҳад, ки ӯ воқеиятро дуруст дарк ва баҳогузорӣ кунад. Ҳол он ки ислом ҳеҷ гоҳ хунрезиву зулму ситамро қабул надорад ва доир ба ин адабиёти зиёд мавҷуд аст. Инсони солимақлу солимфикр пайи ҷустуҷӯй мешавад, меомӯзад, ҳақиқатро дарк менамояд. Нафаре, ки чунин қобилият надорад, манқурт аст. Аз ин рӯ, ҷиддӣ муносибат кардан ба таълиму тарбия, хусусан дар рӯҳияи меҳанпарастиву инсондӯстӣ ба воя расонидан ва таълими дурусти динӣ додан метавонад ба инсони комил шудани шахс мусодат кунад. Дар ҳолати акс, он фарзанд на танҳо ба оилаи худ, балки ба ҷомеа дарди сар мешавад. Ба ҳафтод пушташ лаънати мардум  мерасад.

Хушбахтона, ДИИШ дар вартаи нобудӣ қарор дорад ва пурра аз байн рафтанаш дур нест. Биноан, ҳар нафаре, ки хатоашро фаҳмиду ихтиёран ба Ватан баргашт, авф шуду зиндагии орому осуда дорад. Вале, вой ба ҳоли онҳое, ки пайрави аҳримананд…

Гулмира Ҷабборова,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24-и ноҳияи Айнӣ