Фоҷиаҳои Брюсселу Лоҳур амали кист?

№50 (3530) 16.04.2016

БрюсселТайи чанд даҳсолаи охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаройӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

 Имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ мояи ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи арз нишонаҳояш ба назар мерасад. Яъне, дар замони муосир, бо вуҷуди пешрафти илму техника, рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ ва омӯзишу пажӯҳишоти зарраҳои дохилиатомию метагалактикаҳои олами нопайдоканори коинот, масъалаи терроризм ва ифротгаройӣ ҳанӯз хатарзо, ташвишовар ва даҳшатафкан боқӣ мемонад.

Айни ҳол терроризм ва ифротгаройӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Аз ин ҷост, ки терроризм, ин содир намудани амалҳои барои одамон марговар, ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани мардум ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Ҳамин тавр, терроризм ва ифротгаройӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миё­ни ҷавонон, яке аз муаммоҳои марказии ҳаёти башарият буда, оқибат бесуботӣ ва вайронкорӣ мео­рад. Ифротгаройӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Чанд вақт аст, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб (махсусан, ислом) рабт дош­та, илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунад. Чун дар таълимоти динҳо омадааст, ки ҳаёти аслӣ ҳаёти баъдимаргист, террорист ё экстремист ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳар чӣ зудтар одамони зиёдеро ба марг равон намояд.

Бинобар ин, ифротгаройии динӣ аз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногунҷанбаест, ки ба зӯран ғасб намудани ҳокимият, барангехтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф, халалдор кардани сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳо равона шудааст. Иттилооти паҳнкардаи душманони давлату миллати ҷудогона нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқа андохтан миёни намояндагони кишварҳо чизи дигар нест. Вагарна, бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ — иҷтимоии ватан канорҷӯйӣ карда, монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз канор айбҷӯйиву харобкориро пеша кардаанд? Бо ин васила мехоҳанд, ки мақсадҳои душманонаи хешро ба сомон расонида, нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд ва аниқтараш, супоришҳои пешво ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Аз таърихи илму фарҳанг ва донишу маърифати башар маълум аст, ки Аврупо нисбат ба дигар қитъаҳои сайёра дар ҳама самт пешсаф ва зиёда аз 500 сол муайянкунандаи аксари меъёру санад ва ченакҳои мухталифи илмию техникӣ, сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ будааст. Бинобар ин, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои гуногунмазмуни байналмилалӣ ин қитъа нақши  басо муҳим дорад, зеро дониш, маърифат, фарҳанг ва дигар амалҳои нек, кашфиёти техникию дастовардҳои илмии аврупоиён тамоми гӯшаю канори сайёраро фаро гирифтааст ва мутаассибону ифротгароёни динию мазҳабӣ ҳасад мебаранд. Чун худашон аз уҳдаи ҳеҷ амали хубе намебароянд, намехоҳанд, ки дигар халқу миллат ва давлатҳо нисбат ба онҳо пешрафта ва рушднамуда бошанд. Воқеият ин аст, ки экстремизму терроризми динӣ, ифротгаройӣ ва сӯиқасду кушторҳои беҳуда аксар кишварҳои орому осудаи Аврупоро фаро гирифтааст.

Чун амалҳои террористии чанд вақти охир дар ин қитъа рухдодаро Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) бар дӯш гирифт, бемуболиға метавон гуфт, ки бештари ҳаракатҳои террористию экстремистии дар манотиқи мухталифи кураи арз баамаломадаро намояндагони исломи сиёсӣ анҷом додаанд, зеро терроризми исломӣ яке аз амалҳои суиқасд ва зӯроварӣ нисбат ба мухолифони сиёсию идеологӣ буда, бештар дар кишварҳои ғайримусалмон ва миёни пайравони динҳои дигар анҷом дода мешавад. Айни замон шакли маъмултарини зуҳуроти терроризми исломӣ одатан аз тарафи афроди радикал, ташкилотҳои экстремистӣ ва неруҳои мухталифи исломи сиёсӣ зери ниқоби даъват ба риояи қонунҳои шариати ислом ба амал меояд. Имрӯз метавон дар сайёра даҳҳо ташкилоти террористӣ ва гурӯҳҳои экстремистиро номбар кард, ки дар худ номи ислом дошта, бештар дар кишварҳои мусалмоннишин ба қатлу куштор ва дигар амалҳои номатлуби ғайриинсонӣ машғуланд. Аз ҷумлаи чунин гурӯҳу созмонҳои террористию ифротии исломӣ «Абу Сайёф» дар Филиппин, «Ал-Ҷамаа ал-Исломӣ» дар Миср, «Ал-Ихвон ал-Муслимин» (Миср), «Ал-Ҳарамайн» (Арабистони Саудӣ), «Аморати Қафқоз» (Россия), «Артиши наҷотдиҳандаи Адан-Абийя» (Яман), «Гурӯҳи муҳорибавии исломии Марокаш» (Марокаш), «Гурӯҳи низомии исломӣ» (Либия), «Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод» (Алҷазоир), «Лашкари ҷиҳод» (Индонезия), «Лашкари Тайба» (Покистон), «Ҷабҳат ан-Нусра ли-аҳли-Шом» (Сурия), «Ҷиҳоди исломии Миср» (Миср), «Ҷунд аш-Шом» (Сурия), «ҲАМОС» (Канада, Аврупо, Исроил, Ҷопон, Миср), «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизбуллоҳ» (Австралия, Британия, Канада, Исроил, ИМА), «Толибон» (Афғонистон) ва ҳоказо мебошанд, ки ҳамеша ба инкори зиндагӣ, ҳаёт ва шаъну шарафи инсоният машғул гардида, дар ҳама ҷой аз номи исломи ноб сухан мекунанд.

Ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳ ва истгоҳи метрои шаҳри Брюссел (Белгия), ки 22 марти соли 2016 анҷом дода шуд, ба силсилаҳамлаҳои шаҳри Парижи Фаронса (13 ноябри соли 2015) шабоҳат дошта, аз ҷониби ДИИШ амалӣ карда шудааст. Баъди чанд моҳи ҳамлаҳои террористии дар яке аз марказҳои фарҳангӣ ва саноатии Аврупо — шаҳри Париж бавуқӯъомада шабеҳи он дар дигар шаҳри бузурги аврупоӣ — Брюссел рух дод, ки боиси нигаронии сокинони сайёра гардид. Чаҳор рӯз пеш (18 марти соли 2016) аз амалӣ гардидани ҳамлаҳои террористии Брюссел, ташкилкунандаи асосии амалиёти Париж Салоҳ Абдусалом дар шаҳраки Моленбек-Сен-Жан, он ҷое, ки баъдан ҳодисаҳои маргбор рух доданд, дастгир шуд. Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки ҳамлаҳои брюсселӣ идомаи тарҳрезигардидаи ҳамлаҳои Париж мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои пай дар пайи ситезаҷӯёни ДИИШ ба шаҳри Париж 129 нафар ҷон бохта, беш аз 350 кас  захм бардоштанд.

22 марти соли равон дар толори бинои асосии фурудгоҳи шаҳри Брюссел ду таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа 14 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 96 кас захмӣ гардиданд. Таркиши сеюми ҳалокатбори ин ҳодисаи мудҳиш дар байни истгоҳҳои метрои «Малбек» ва «Шуман» -и Брюссел рух дод, ки бар асари он 20 нафар ҳалок ва 106 кас захмӣ (17 нафараш ҷароҳати вазнин бардоштаанд) шуд. Ҳамла ба шаҳри Брюссел собит сохт, ки терроризм ва экстремизм сайёраро фаро гирифтааст ва дар дилхоҳ минтақаи кураи арз ба вуҷуд омадани амалҳои террористӣ аз эҳтимол дур нест. Баъди амалиёти террористии Париж, кишварҳои аврупоӣ тадбирҳои муҳимтарини амниятӣ андешида, мақомоти қудратии худро ба ҷилавгирӣ аз чунин ҳамлаҳо омода намуданд. Бо вуҷуди ин, террористону экстремистон тавонистанд, ки дар яке аз бузургтарин шаҳрҳои олам ва қароргоҳи чанде аз мақомоти байналмилалию минтақавӣ рафтори ношоистаи хешро анҷом диҳанд. Ин рафтори гурӯҳу созмонҳои террористӣ бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ кишваре аз ҳуҷум, ҳамла ва ҷиноятҳои ифротгароёнаю мутаассибонаи ифротгароён эмин буда наметавонад. Аз ин рӯ, кишварҳои олам бояд дастаҷамъона ва ҳадафмандона бо ин вабои аср мубориза баранд, вагарна авзои оромтарин манотиқи олам аз ин ҳам бадтар мешавад.

27 марти соли равон дар боғи «Гулшани Иқбол»-и Лоҳури Покистон гурӯҳи террористии «Ҷамоат-ал-Аҳрор» бар зидди пайравони масеҳият амалиёти террористӣ анҷом дод, ки дар натиҷаи он беш аз 70 нафар куштаю зиёда аз 300 тан ҷароҳати вазнин бардоштанд. Ҳамлаи  даҳшатбор ва марговари шаҳри Лоҳур низ давоми ҳуҷуми террористии 22 сентябри соли 2013 дар Пешовар баамаломада мебошад. Барои башар маълум аст, ки ҳангоми ин ҳуҷуми ногаҳонӣ, зиёда аз 80 кас ҳалок шуда, беш аз 130 нафар маҷруҳ гардиданд. Тибқи андешаи таҳлилгарони масоили сиёсии Покистон ҳамла дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки ақаллиятҳои масеҳӣ барои таҷлил аз Иди Поки худ гирд омада буданд. Дар он вақт бештар занону кӯдакон дар ин боғ машғули сайругашти идона буданд. Пас аз ин куштори даҳшатбор гурӯҳи террористии «Ҷамоат-ал-Аҳрор» эълон кардааст, ки чунин ҳамлаҳоро бештар анҷом хоҳад дод.

Аз ин бармеояд, ки ҳеҷ гоҳ таассуб ва ақидаҳои мухталиф инсонҳоро ба ваҳдат ва сулҳ оварда наметавонад. Ин андешаро 11 аср қабл шоир ва мутафаккири барҷастаи араб Абулаълои Маарӣ (973-1058) дар девони ашъори худ бо номи «Даркори нодаркор» («Лузум мо ло ялзам») навиштааст:

 Гузорад дин баҳри одамизод,

Ҳамеша доми тазвиру риёро.

Агарчӣ домҳо бошанд ҳар ранг,

Вале аблаҳ фитад доим бар онҳо.    

Ҳамин тавр, ҳуҷум ба Брюссел ва ҳамла ба Лоҳур амали нопоку ғайриинсонии намояндагони исломи сиёсианд.

Номвар ҚУРБОНОВ