Нақши калидии Тоҷикистон дар ҳалли проблемаи глобалии «об — барои ҳаёт»

№9-10(3646-3647) 31.01.2017

pictureОб ҳамчун сарвати бебаҳо асоси сарсабзиву шукуфоии олам мебошад. Дар ҷое, ки об нест, нишоне аз ҳаёт ва ободӣ дида намешавад. Рангорангии табиат, шукуфоии гулҳои тар, мавҷи сабзи талу теппаҳо аз шарофати ин неъмати беназир аст.

Имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳатто норасоии он дар баъзе аз давлатҳои дунё, махсусан дар кишварҳои Африқо, дида мешавад. Норасоии оби нӯшокӣ ҳамчун яке аз проб­лемаҳои аз замонҳои қадим ба сокинони замин шинос мебошад. Аз даҳсолаи охири асри гузашта он яке аз проб­лемаҳои глобалӣ ва актуалӣ ҳисобида мешавад. Дар баробари зиёдшавии аҳолии сайёра, ба таври назаррас миқёси истифодабарии об зиёд шуд ва ин ба норасоии бештари оби нӯшокӣ оварда расонид, ки боиси бадшавии шароити зиндагӣ, буҳрони иқтисодӣ дар як қатор давлатҳо гардид. Ҳоло ҳар шашумин сокини сайёра аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашад. Ва ин вазъ, дар баробари зиёдшавии аҳолӣ, баланд шудани талаботи об барои саноат, урбанизатсия ва тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба биёбоншавӣ оварда мерасонад, бадтар хоҳад шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми оби нӯшокӣ 3,5 фоизи ҳаҷми  умумии обҳоро ташкил медиҳад. Қариб 1/5 ҳиссаи аҳолии кураи Замин дар минтақаҳое, ки норасоии шадиди оби нӯшокӣ дида мешавад, зиндагӣ мекунанд. Яке аз сабабҳои камшавии оби нӯшокӣ ифлосшавии он мебошад. Об ҳам ба зиндагии иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳам рушди саноат алоқамандии зич дорад. Исбот шудааст, ки барои истеҳсоли 1 тонна гандум 1500, 1 тонна картошка — 100 – 150 ва 1 тонна пахта зиёда аз 30000 метри мукааб об сарф мешавад. Дар шароити ҳозира аз ҷамъи захираҳои оби нӯшокӣ 5 фоиз  барои корҳои коммуналӣ, 15 фоиз барои саноат ва 80 фоиз барои хоҷагии қишлоқ сарф мегардад, яъне қисми зиёди захираҳои обӣ барои кишоварзӣ ва саноат сарф мешавад. Хушбахтона, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи об яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Зиёда аз 900 дарёи хурду бузург дар ҷумҳурӣ, ки аз оби яху борон пур мешаванд, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд. Холо мутахассисон роҳҳои гуногуни ҳалли проблемаи норасоии об дар кураи заминро ҷустуҷӯ доранд ва дар ин робита аз ҷониби СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ чораҳои гуногун андешида мешаванд. Дар роҳи ҳалли ин проблемаи глобалӣ Тоҷикистон нақши бисёр бузург дорад. Тазаккур бояд дод, ки бо иқдом ва ташаб­буси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат моҳи августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналхалқӣ ба муносибати Соли оби тоза баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 20 созмони байналмилалӣ ва 45 давлати дунё иштирок намуданд. Дар ҳамоиш иқдоми Сарвари кишвар ­Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт», ки дар Ҷаласаи 55-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2001 пешниҳод шуда буд, дастгирӣ ёфт. Мақсади асосии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» ҳамкории байналмилалӣ дар ҳама сатҳ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарпешгузошта оид ба захираҳои об аст. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои асосии ин Даҳсола коҳиш додани шумораи одамонест, ки аз норасоии оби ошомидании бехатар ва шароити санитарии асосӣ танқисӣ мекашанд. Дар муддати ин Даҳсола ба туфайли саъю талошҳои ҳамоҳангшудаи Тоҷикис­тон ва дигар кишварҳои аъзои СММ пешравиҳои назаррас дар бораи дастрас гардидани оби ошомиданӣ ба сокинони сайёра ба даст омадааст. Тавре Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар кушодашавии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амалиёти «Об-барои ҳаёт» (2005-2015) қайд карданд, «ҳанӯз ҳам 750 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз норасоии оби ошомиданӣ ва 2,5 миллиард нафар аз набудани шароити асосии санитарӣ танқисӣ мекашанд. Қариб 1,3 миллиард нафар ба неруи барқ дастрасӣ надоранд. Офатҳои табиӣ ҳар сол, ба ҳисоби миёна, зиёда аз 60 миллиард доллари ИМА ба иқтисодиёти давлатҳои гуногун зарар мерасонад, хушксолӣ ва биёбоншавӣ бошад, ба ҷони 1,2 миллиард нафар сокини кураи Замин таҳдид мекунад. Ҳамчунин, ба ин раванд­ҳо тағйирёбии глобалии иқлим таъсир хоҳад расонд. Бино ба ҳисоби коршиносон, шумораи аҳолии ҷаҳон то соли 2050 ба 9 миллиард мерасад, ки ба зиёдшавии талабот ба оби ошомиданӣ оварда мерасонад. Дар назар аст, ки дар чунин шароит зиёда аз 50% аҳолии ҷаҳон ба норасоии оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ мешаванд». Пешвои миллат, ҳамчунин, пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи нави амал таҳти шиори «Об-барои рушди устувор» эълон карда шавад. Сарвари давлат гуфтанд: «Ин Даҳсола бояд як воситаи муҳим барои пешбурди ҳадафҳои рушди устувор марбут ба об бошад». Тавре Президенти кишвар таъкид намуданд, таҳкими муносибатҳои об, энергетика ва озуқаворӣ, рушди инфрасохтор, маблағгузории пайвас­та ва устувор барои ҳалли проблемаҳои ба дастрасии об вобаста, истифодаи технологияи муосир, фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи об аз ҷумлаи омилҳои муҳимтарин барои ҳалли мушкилиҳои захираи обӣ мебошад. Итминони комил дорем, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо ҳамаи шарикон дар ҳалли ин масъалаҳо натиҷаҳои мусбат дар ноил шудан ба ҳадафҳо оид ба об хоҳад дод».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати Даҳсолаи амал маблағи зиёд барои амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои вобаста ба об сармоягузорӣ шудааст. Аз ҷумла, 1,091 миллиард доллар барои таъмини оби нӯшокӣ, 262 миллион доллар барои таъмини санитария, 335 миллион доллар барои дигар лоиҳаҳои обёрӣ. Дар ин муддат зиёда аз якуним миллион нафар сокини Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шудааст.

Дар доираи Даҳсолаи амал «Об-барои ҳаёт» (2005-2015) натиҷаҳои ҷиддӣ дар соҳаи расидан ба ҳадафҳо оид ба оби нӯшокӣ ба даст омад, вале бар асари таъсири тағйирёбии иқлим, раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об, урбанизатсия ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонад, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунад.

Пешравиҳоро дар ҳалли проблемаҳои дастрасии сокинони сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ ва таъмини санитарии асосӣ ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар чорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карданд, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об-барои рушди устувор» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкурро 21 декабри соли 2016 Ассамбляи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул намуд, ки онро 193 давлати узви СММ дастгирӣ намуданд. Ин бори дигар аз нақши баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаҳои вобаста ба об ва захираҳои обӣ гувоҳӣ медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Тоҷикистон бо ин иқдомҳои глобалии худ ҷонибдор аст, ки захираҳои обӣ барои ниёзмандон ҷавобгӯ ва мудирияти он ҳамгироёна бошад. Ин усул дар татбиқи се ташаббуси қаблӣ ҷомаи амал пӯшида, аз ҷониби аксарияти кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки имрӯз муҳокима ва баррасии масъа­лаҳои марбут ба захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилиҳои вобаста ба таъмини даст­расии ҳама ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳ бо ҷалбу иштироки фаъоли кишвари мо сурат мегирад.

Ҳамин буд, ки Дабири кулли СММ ва президенти Бонки ҷаҳонӣ бо дарки нақши Президенти кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла дар пешниҳоди Қатъномаи марбут ба оби Маҷмаи умумии СММ, бахусус роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт», инчунин таъсиси Гурӯҳи «Дӯстони об» даъват ба амал оварданд, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси узви Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об фаъолият намуда, дар ҷаласаҳои он ширкат варзанд.

Ҷомии Абдураҳмонмагистри Академияи хоҷагии халқ ва хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россия