ТОҶИКИСТОН — ТУРКИЯ. ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

№67 (3547) 24.05.2016

19 майи соли 2016 дар меҳмонхонаи «Серена»- и шаҳри Душанбе бизнес- форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия доир гардид. Он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассамблеяи содироткунандагони Туркия ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон  гузаронида шуд.

Зимни ифтитоҳи форум муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, сафири фавқулода ва мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Авни Аксой мақсад аз баргузории чорабиниро рушди ҳамкориҳои  мутақобила арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шарикони афзалиятдор ба ҳисоб меравад. Миёни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг, сохтмон ва меъморӣ ҳамкориҳо самарбахшанд.

Ширкатҳои сохтмонии туркӣ дар Тоҷикистон паймонкори сохт­мони биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, инчунин роҳҳои автомобилгард мебошанд. Умуман, муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия имкони густариш ёфтанро доро мебошанд. Имкониятҳои ду кишвар дар соҳаҳои  гидроэнергетика, металлургия, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, туризм, илму маориф, фарҳанг ва ғайра барои густариши ҳамкориҳои судманд шароити лозима муҳайё мекунад.

Таъкид шуд, ки бо ин ҳама имконот ҳамкориҳои ду кишвар дар самти иқтисодӣ- тиҷоратӣ на чандон рушд ёфтааст.

Дар ҳамоиш гуфтушуниди соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия доир гардида, ба соҳибкорони турк дастури иттилоотӣ ва СД — диски «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон» тақдим шуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»