Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли мушкилоти марбут ба об

№11(3648) 02.02.2017

88371989Баъд аз касби Истиқлолияти давлатӣ ҳама соҳа бемайлон рушд карданд ва кишвари  мо дар ҷодаи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ собитқадам гардид. Ин аст, ки Тоҷикистон ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аъзо шуда, баробари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон иқдомҳои наҷиберо роҳандозӣ менамояд. Яке аз созмонҳои бонуфузе, ки дар доираи он масъалаҳои муҳими умумибашарӣ баррасӣ мегарданд, СММ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба аз минбарҳои баланди ин созмон иқдомҳои наҷибона намудааст, ки аз ҷониби аксарияти давлатҳо тарафдорӣ гардидаанд. 

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиё­сати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мавқеи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумлаи мушкилоте, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтаасту боиси нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст, ин таъмин намудани аҳолии кураи замин бо оби тоза аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба масъалаҳои об ҷалб намуда, талошҳои дастаҷамъонаро баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор муҳим мешуморанд. Ин буд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои дигар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (2005-2015) ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013)-ро эълон намуд.

21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи умумии СММ Қатънома таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ташаббуси Тоҷикистон аст, тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, Маҷмаи умумии СММ бо қарори худ иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», ки бори аввал дар Форуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд, дастгирӣ кард.

Мутобиқи Қатънома Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22 марти 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи мазкур ба рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, тат­биқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорӣ ва ширкат ҷиҳати татбиқи аҳдофи рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат намуда, таҳкими самаранокии истифодаи захираҳои об, ғизо, энергия ва муҳити зистро фаро мегирад.  Ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафот, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии он дар сархати авлавиятҳо қарор доранд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ташаббускори масоили марбут ба об дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид як қатор конфронс ва симпозиумҳои байналмилалиро дар шаҳри Душанбе баргузор намудааст. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар фарҷоми он  Эъломияи оби Душанбе қабул шуд.

Тоҷикистон дар самти амалишавии ҳадафҳои гузошташуда низ пешсаф мебошад. Тавре ки Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Панелии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки 29 ноябри соли 2016 дар Маҷористон баргузор гардид, қайд намуданд: «Барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои мо ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамчунин ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод ва ҷавобгӯйи замон фароҳам оварда мешавад. Дигар амалҳое, ки Тоҷикистон дар онҳо худро пешсаф мебинад, бо масъалаҳои роҳандозии робитаҳои ҳамшарикиву ҳамкории байналмилалӣ,   паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии безарар ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоя, мудирияти захираҳои об, аҳамият ва нақши он дар иқтисоди устувор пайвас­тагӣ доранд. Бешубҳа, тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки Нақша ниҳоят муҳим ба шумор мераванд, вале ман мехостам  ду ҷанбаи он – сармоягузорӣ ва инфрасохторро махсус таъкид намоям.  Аз нигоҳи мо, ин ду ҷанба омили калидӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об мебошанд».

Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод кард, ки ҷиҳати маблағгузории мунтазам баҳри ҳалли масоили об фондҳои гуногуни миллӣ ва минтақавию глобалӣ таъсис дода шаванд. Таъсис додани фондҳо ва дигар ташаббусҳо доир ба беҳсозии маблағгузории соҳа саривақтӣ хоҳанд буд. Пазироии ташаб­буси навбатии кишвари мо, аз як ҷониб, боиси ифтихору сарфарозии шаҳрвандон ва боло рафтани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ гардида бошад, аз ҷониби дигар, масъулияти азимеро бар зиммаи мо вомегузорад. Дар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» намояндагони қишрҳои ҷомеаро лозим аст, ки беш аз пеш фаъол бошанд. Барои ин заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтидори иқтисодиву зеҳнӣ мавҷуд аст.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон