Зарурати ҷоннок кардани фаъолияти диаспораи муҳоҷирон пеш омадааст

№151 (4101) 17.12.2019

Artishi milli 01Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон (18 декабр) сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода андешаҳояшро перомуни диаспораи муҳоҷирон зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» ба тариқи зайл баён дошт.

 ДАР БОРАИ ЗАРУРАТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

- Дар олам муҳоҷирати меҳнатӣ маъмул гардида, он ҳатто дар давлатҳои пешрафта низ ба назар мерасад ва ин равандро эътироф ва қабул доранд. Табиист, ки ягон кишвари ҷаҳон, ҳатто давлатҳои мутараққӣ қодир нестанд шаҳрвандонро бо ҷои кори муносиб ва бо талаботи ҷавобгӯ ба замон таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, ҳоло муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, мутобиқи дурнамои Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирон то соли 2050 ба 405 миллион нафар хоҳад расид.

Аз ҷониби дигар, раванди ҷаҳонишавӣ имкон фароҳам овардааст, ки инсон, сарфи назар аз миллат ва нажод, дар дилхоҳ гӯшаи олам кору зиндагӣ намояд. Тоҷикистон ҳам аз ин раванд истисно нест, зеро бо сабаби афзоиши бемайлони аҳолӣ дар ҷумҳурӣ (ҳар сол зиёда аз ду фоиз меафзояд) бозори меҳнати дохилӣ талаботи ҳама қувваи кориро қонеъ карда наметавонад. Ҳамин аст, ки қисме аз неруи кории ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар, бахусус, кишварҳои минтақа ва Федератсияи Россия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Пас, зарурати таъмини рӯзгор ва зиндагии шоиста аз сабабҳои асосии муҳоҷират дар ҳоли зоҳир ба шумор меравад.

Ҳамчунин, бояд ёдовар шавем, ки муҳоҷират дар таърихи башар собиқаи тӯлонӣ дорад. Дар гузашта одамон ба хотири ҳифзи ҷон аз як гӯша ба гӯшаи дигар ҳиҷрат мекарданд. Яъне, масъалаи таъмини амнияти ҷони хеш ва хонавода зарурати дигари муҳоҷират аст. Илова бар ин, агар ба рӯзгори ниёкон назар афканем, ҳодисаю воқеаҳои бешумореро дарёфтан мумкин аст, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳо деҳа ва шаҳрҳои ба коми оташ фурӯрафтаро тарк накарда, онҳоро дубора бунёд ва ба ин васила тамаддуни аҷдодиро ҳамчун осорхонаи зиндаи фарҳангу анъанаҳои миллӣ ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузоштаанд.

 ТАЪСИРИ ҶАҲОНИШАВӢ БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

 - Албатта, ҷаҳонишавии иқтисодӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳо, инчунин, ҷараёни рушди илму техника, боис шудааст, ки сарҳадҳо тавсеа ёфта, ҷаҳон ба деҳаи хурд мубаддал гардад. Дар ин раванд муҳоҷират ҳам хислати ҷаҳонӣ пайдо карда, одамон барои зиндагиву кор ҳар давлатеро, ки хоҳанд интихоб мекунанд. Ин ҷиҳатро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт дарк намуда, дар сафарҳои кориашон ба ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва давлатҳои мутараққӣ ҷиҳати фаъолгардонии диаспора ва ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки алъон онҳо ҷиҳати амалигардонӣ ба барномаҳои мушаххаси корӣ дар вазорату идораҳо ворид гардидаанд.

Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо вазорату идораҳо кори зиёдро ба анҷом расонида истодаанд. Хусусан, барои тақвияти масъала лоиҳаи созишномаҳо оид ба пайдо намудани бозори нави меҳнат дар давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз қабили Лаҳис­тон, Кувайт, Қатар, Чехия, Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ омода ва мавриди омӯзиш қарор доранд.

Вале ҳама кор баҳри танзими масъала қонеъкунанда нест, зеро рӯз то рӯз дар кишварҳои мутараққӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие баҳри муназзам кардани кори муҳоҷират қабул карда мешаванд, ки фаъолияти диаспора ва ҷамъиятҳои фарҳангии мо ба онҳо чандон ҷавобгӯ нестанд. Зеро муҳоҷират дар кишвар таърихи тӯлонӣ надорад. Аммо ифтихор мекунем, ки диаспораҳои тоҷик аз Англия то Амрико ва аз Германия то Япония расму оини миллиро дар фурсати кӯтоҳ бо забонҳои англисию олмонӣ, японию русӣ ва ғайра муаррифӣ намуда, асбобҳои гуногуни мусиқӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо, акс­ҳоро бо ишораи рамзи идҳо, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ба хориҷиён — мардуми бумӣ ба маъраз гузошта, диққати ҷаҳониёнро бо фарҳанги нотакрори миллат ҷалб мекунанд.

Алҳол, тибқи ҳисоботи оморӣ, 16 диаспораи калонтарини ҷаҳонро номбар кардан мумкин аст, ки теъдоди аъзои онҳо аз 3,5 то 50 миллион буда, дар ватани аҷдодӣ дорои институтҳои иҷтимоӣ ва вазорату идораҳои махсусанд, ки муносибати давлатро аз ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ меҳисобанд. Ҳамчунин, баъзе аз кишварҳо, аз қабили Исроил, Арманистон ва Ҳиндустон, ки диаспораи онҳо ба ватанашон кумаки сиёсӣ ва иқтисодии ҳамешагӣ мерасонанд, дорои мақому мартабаи баланд мебошанд. Зимнан, диаспораи яҳудиҳо ва арманиҳо дар ҷаҳон қадимтарин буда, барои омӯзиши кишварҳои дигар мактаби таълимӣ ба ҳисоб мераванд. Агар фаъолияти диаспораи яҳудиҳо бо аз байн рафтани шоҳигарии Исроил охири асри VIII оғоз ёфта бошад, диаспораи арманиҳо соли 1630 дар Амрико ба фаъолият пардохта, аз соли 1911 яке аз ҷамъиятҳои шинохта муаррифӣ мегардад.

 НАҚШИ ДИАСПОРАҲО ДАР МУАРРИФИИ ДАВЛАТ ВА ҲИМОЯИ МУҲОҶИРОН

 - Метавон гуфт, ки дар саргаҳи таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Далели ин гуфта ба имзо расонидани силсилаи фармонҳои Сарвари давлат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи фавқ мебошад. Алҳол, ҷиҳати иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015 — 2020» бо 77 ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораи тоҷикон, ки расман дар хориҷи кишвар фаъолият доранду бо ҳамватанони бурунмарзӣ робитаи мустақим дошта, дар ҳалли бисёр масъалаҳо ёрирасонанд, ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст. Робитаи диаспора ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар сомонаи Хадамоти муҳоҷират ҷой дода шуда, мукотибаи ҳамешагӣ барқарор аст, ки дар таъмини ҳамкориҳои босамар ва ташаккули сиёсати давлатӣ бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ заминаи хуб мегузорад.

Чанде пеш, аниқтараш, моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми диаспораи тоҷикон баргузор гардид, ки барои тақвияти фаъолият дар ин самт судманд ба ҳисоб меравад. Вале бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз «дилсӯзон»-и муҳоҷирони меҳнатиро дар сархати ахбор қарор дода, чеҳранамоӣ мекунанд ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида мегиранд. Чунин нафарон дар гузашта ҳам буданд, ки барои манфиати шахсиву гурӯҳӣ муҳоҷиронро сипар мекарданд. Ҳол он ки муҳоҷирон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Бинобар ин, ба ҳомиёни ҳангоматалаб ба ҳеҷ ваҷҳ имкон додан даркор нест, ки аз муҳоҷирон суиистифода намоянд. Зеро мо шоҳиди бисёр ҳодисаҳои нангин, аз қабили ба Сурияву Афғонистон ва дигар давлатҳои ҷангзада ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ фиристодани ҷавонони тоҷик шудем. Аз ин лиҳоз, дар назди мо масъалаҳои хаётан муҳими самти муҳоҷират ҷиҳати ташкил ва мукаммалгардонии диаспораи тоҷикон қарор дорад, ки сарчашма ва проблемаи онро бояд возеҳтар кушоем.

Дар хулоса метавон зикр кард, ки муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар баъди ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 ривоҷ гирифт. Агар ҳиҷрати ниёгонро ба муҳоҷирати ҳозира қиёс кунем, мебинем, ки онҳо аз якдигар фарқ доранд. Зеро сафари пешиниён дар мадди аввал ба марказҳои тамаддун буд ва ба хотири аз бар намудани илмҳои замона сурат мегирифт. Вале муҳоҷирати кунунӣ аз рӯи муҳтаво характери дигарро гирифтааст.

Ба ин хотир, вақти он расидааст, ки Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони соҳа, пажӯҳишгоҳҳо ва мутахассисони касбӣ самти фаъолияти диаспора ва ташкилотҳои ҷамъиятии бурунмарзиро аз назари илмӣ асоснок намуда, роҷеъ ба сох­тор ва фаъолияти муназзами онҳо пешниҳодҳои муфид манзур намоянд. Зеро амали хайри онҳо боис ба дастгирӣ ва кумак дар кушодани муаммои самти муҳоҷират ва дар фаъолияти диаспора ва ташкилоту марказҳои фарҳангӣ хоҳад шуд.