Тоҷикистон – занҷираи пайвасткунандаи Шарқу Ғарб

№90 (4040) 25.07.2019

Чанде пеш дар толори меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенси»-и шаҳри Душанбе  бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд.

Ҳамраиси Шӯрои корӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода мақсад аз баргузор намудани чорабиниро рушд ва тақвият додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва густариши робитаҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар маънидод намуд.

Бояд зикр кард, ки ба Шӯрои корӣ намояндагони 21 ширкату корхонаҳои бузург дар соҳаҳои мошинсозӣ, сохтмонӣ, телекоммуникатсия, тиб, тиҷорат, кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ шомил буда, Тоҷикистонро дар чорабиниҳо масъулини вазоратҳои нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон намояндагӣ намуданд.

Сардори Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Нуруллозода меҳмононро бо шароит ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва ғайра ҷалб намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва таъсиси ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ фароҳам аст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузорони хориҷӣ дахл­дошта имтиёзҳои андозию гумрукӣ муқаррар намудаанд.

Илова бар ин, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муносибатҳои сармоягузорӣ», ширкатҳо метавонанд лои­ҳаҳои бузургҳаҷми сармоягузориро татбиқ намоянд.

Дар «қалб»-и Осиёи Марказӣ ҷой гирифта, Тоҷикистон имкониятҳоеро доро мебошад, ки байни кишварҳои Ғарбу Шарқ нақши занҷираи пайвасткунандаро бозида метавонад.

Солҳои 2007- 2019 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 568 миллион доллари амрикоӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон сармоя ворид шудааст, ки 117,4 миллион доллари он сармоягузории мустақим буда, 450,6 миллион доллари дигарро сармоя ба соҳаҳои гуногун ташкил менамояд. Ин, бешубҳа, аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи байни ҳар ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

- Имкониятҳои Тоҷикистон дар истеҳсол ва таъмини бозори беруна бо алюминийи аввалия, пахта ва маҳсулоти пахтагӣ, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти кишоварзии коркардшуда, минералҳо, растаниҳои доругӣ ва ғайра қобили мулоҳиза мебошад, — изҳор дошт Изатулло Нуруллозода.

Дар идома ба меҳмонон захираҳои обии ҷумҳурӣ, имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ ва маъданҳои кӯҳӣ муаррифӣ шуд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони тоҷику қазоқ доир гардида, якчанд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»