Варзоб. Беморхонаи нав дар хизмати мардум

№50 (4000) 04.05.2019

Ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ноҳияи Варзоб беморхонаи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Он аз се ошёна, панҷ шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат буда, аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бунёд шуд. Беморхона барои 100 кат пешбинӣ ва ҳуҷраву ташхисгоҳҳои он бо низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст гардидааст.

Тибқи нақша, дар се соли оянда дар маркази ноҳияи Варзоб ва деҳаҳои дурдасти он боз як бинои нави беморхона, 19 бунгоҳу нуқтаи тиббӣ сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

 Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»