Васвасаи аҳриманӣ

№52 (3198) 22.05.2014

(Дар посухи мусоҳибаи қозӣ бо бахши русии ВВС)

Дунё аҷаб тағйир ёфтааст. Зиндагӣ ҳам дигар кори осоне нест. Даврон, даврони сармоя аст. Ҳар кӣ чизе дорад, онро мефурӯшад.  Мол, сухан, фазилат, имон, виҷдон, ҳатто обру, манзалати инсонӣ, дӯсти ҷонӣ, ҳатто… Ватан…, албатта, агар харидор пайдо кунад.  Таъбири «ҳар кас» пойбанд ба интихоби истилоҳи тахассус аст, мансуби афродест, ки  ин савдоро касб интихоб кардаанд. Аз он рӯз мегузаронанд. Нон мехӯранд. Фарзандонашро бо ин «заҳамот» калон кардаанд. Василаи шуҳрат ва шинохти худашон ҳам гаштааст. Худованди мутаъол вақте инсонро офарид, ризқашро ба ҳар шакле муҳайё месозад. Ин, албатта, ба марду  зан тааллуқ дорад:

Ҳар касеро баҳри коре  сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Сухан  бори дигар дар бораи Акбар Тӯраҷонзода меравад.   Кист, ки ӯро нашиносад? Ин ҳамон қозиест, ки бо тамоми зӯраш ҳар рӯзу ҳар шаб, ҳар шому саҳар қасам мехӯрад, ки дигар ба сиёсат машғул намешавад. Ин гуна дурӯғро то ҳол ҳеҷ касе нагуфтааст. Дар ин дунё ҳама машғули сиёсат ҳастанд. Бояд ҳамин хел ҳам бошад. Ватан дорем. Давлат дорем.  Дар ин сарзамин зиндагӣ мекунем.   Ба дунёи пурталотум менигарем. Аммо гап сари он аст, ки чӣ гуна сиёсат? Созанда ё сӯзанда.

Сиёсати созанда гарон аст. Барои он нанг, номус, ҷавонмардӣ, истодагарӣ, андешаи миллӣ, ҷонро дар хатар монданҳо,  бо марг  рӯ ба рӯ  гаштанҳо, аз худ гузаштан ва монанди инҳоро тақозо мекунад.

Сиёсати сӯзанда чоплусӣ, иғвогарӣ, дурӯғписандӣ, аз пушт ханҷарзаданҳо, дурӯягӣ, арзон гирифтану қимат фурӯхтанҳо, дастнигарӣ барои худ ва ба ҳамин минвол фарзанд тарбиякарданҳо, бенангӣ, пуррӯйӣ ва монанди инҳоро дар назар дорад. Шикасти бикр ва покии  шахсият ҷамъулҷамъ ба як бор мушкил аст. Баъд аз он дигар одам омӯхта ва пуррӯй мешавад.

Далелҳо чизҳои бисёр сарсахтанд. Онҳоро на ба қаҳру ғазаб, на ба зориву тавалло наметавон рад кард.

Номи  А. Тӯраҷонзода, ҳусну қубҳи ин шахс ба ҳамагон  маълум аст. Дигар нисбати ӯ ҷойи сухан намондааст. Аммо бозиҳо, макри эшон ба таври пайваста давом доранд, ҷилва мекунанд.  Ба  А. Тӯраҷонзода посух навиштан убол аст, аммо нанавиштан ва нагуфтан ба ин гуна бозигар кори аз он ҳам  уболтар.

Баробари хондани мусоҳибаи Акбари Тӯраҷонзода бо Анора Саркорова, хабарнигори бахши русии ВВС дар таърихи 10-уми май,  дар зеҳнам андешае буруз кард, ки фишурдааш чунин аст: Тӯраҷонзода бо ин айёрӣ дақиқан мехоҳад нақши миёнҷигарӣ ва далолиро байни мамолики абарқудрати ҳоло ба ҳам даргир, бо як шеваи хатарзо ва гӯё оштиомез бозӣ кунад. Дар ин мавридҳо беҳиҷобиву поҷомаи танги ҷинс, яъне «либоси ғайришаръӣ»-и рӯзноманигор (манзур А.Саркорова),  дигар монеаи мулоқот барои қозӣ нест, зеро ин ҷо манфиат нуҳуфта асту ҳоҷӣ ба ҳақаш соҳиб. Дар назараш изҳори тараҳҳуми он кишвар муҳим метобад, шояд аз оне ки А. Тӯраҷонзода бо бародараш «ҳазрат»-и Нуриддин сари ҳарчанд вақт «чантаи ниёзмандон» (таъбири А. Лоҳутӣ) дар пушт, пеши муҳоҷирони меҳнатӣ мераванд. Беасос раҳми сохторҳои қудратӣ ва сиёсии он кишварро мехӯранд.

Ӯ дар назди хабарнигори ҳукуматии ВВС ҳай фалсафафурӯшӣ мекунад. «Россияи бечора»-ро пуштибонӣ менамояд. Россияе, ки дар шашяки рӯи замин қанот паҳн кардааст. Бузургтарин имконоти ядроии дунёро дорост.  Донотарин таҳлилгарони стратегӣ дорад. Ҳамин Россия бо ин қудрат ба Тӯраҷонзода аз қишлоқи Туркобод, ки масҷидаш барои сафсатагӯйӣ (истифодаи калимаҳои «синабандак», «таги турсик», «размери ришу», «дар халоҷо  коғаз бояд истифода кунӣ ё кулух», «бастани мактабҳои таҳсилоти умумӣ» ва беодобиҳои дигар,  бо қарори суд баста шудааст), беҳад «сахт ниёз дорад».

Бе  фикри А. Тӯраҷонзода дигар ягон масъалаи  минтақавӣ ва геополитикии дунё гӯё ҳал намешавад. Дунё як дақиқа нафас намекашад  ва интизори онро дорад, ки ҳамин эшонҳои қишлоқи Туркобод  А.Тӯраҷонзода ва Н.Тӯраҷонзода чӣ мегуфта бошанд? Акнун, ки инҳо гуфтанд, дигар масъала ҳал.

Дунё мисли буҳрони ҳавзаи Кариб оҳи сабук мекашад. Тасаввур кардан мумкин аст, ки ҳазрати Акбари Тӯраҷонзода пеш аз мусоҳиба бо духтари бобои Саркор аввал як ба осмон назар карда, баъд ангушт ба манаҳ бурда, бо чашмони нимпӯш мутафаккирона  як  ба суолҳо андеша ронда, ба дуриҳои дур нигоҳ карда, посух додагист.

Аммо гап сари ин нест. Ҳарф атрофи он аст, ки Тӯраҷонзода гумон мекунад, ки фурсати муносиб аст барои чоплусӣ, худнамоӣ ва пайти мувофиқ барои сангандозист. Тӯраҷонзода хеле фазлфурӯшӣ ва фалсафасавдоӣ мекунад. Худро дӯсти Россия нишон медиҳад. Ҳангоме ки дар бораи меҳру муҳаббат нисбати Россия-матушка гап мезанад, аз риққат чашмони Акбари шастсолаи мо пури об мешавад, гиря гулӯгираш мекунад, қариб нафасаш мегирад, фишораш баланд мешавад, ба хонум Анора муроҷиат мекунад: «Об, балам! Об!» — мегӯяд. Баъди обро нӯшидан, «Об-бооо, пир шудем – да, балам, набошад, ҷойи мо он ҷост» — мегӯяд. Хонум Анора, мантиқро сарфаҳм намеравад, «куҷо  бошад он ҷо Ялта ё Славянск», лекин мефаҳмад, ки бобо таҷрибааш калон, худаш медонад, куҷоро бояд интихоб кунад. Ба ҳар ҳол лабонаш пир-пир мепарад.  Ӯ ҳам худро моил ба гиря нишон медиҳад. Охир чӣ хел мешавад, ки мусоҳиба ба охир нарасида… одамӣ дигар-дия, ҳаяҷон. «Ҳеҷ гап не, балам, тобистон он ҷо меравем…»,- гуфта ҳамсуҳбати ташнаи сухани боборо ором карданӣ мешавад… Аммо бобои Тӯраҷонзода одами сода нест. Муллои рақами 1-и деҳаи Туркобод худро ба даст гирифта лаҷоми сафсатаро мекушояд.

Ӯро  ин замон арвоҳҳои 25 нафар русбачаи дидбонгоҳи сарҳадии рақами №12-и ноҳияи Шӯрообод, ки шаби сешанбеи 12 ба 13-уми  моҳи июли соли 1993 маҳз бо фармони ӯ кушта шуда, чандтоашро зинда ба зинда сар буриданд, ба ёдаш наёмад. Ба ёди ӯ куштани 17 нафар сарбозони 18-20-солаи қазоқ аз ҷониби мулло Ҷунайд ва мулло Умар – шогирдони дастпарвардаи мактаби худаш (Яндарбиев барои ин ба Тӯраҷонзода шамшери тиллоӣ туҳфа карда буд) дар ноҳияи Дарвоз  наёмад. Ба ёди ӯ рӯзи 22-юми ноябри соли 1994 тарконидани автобуси хизматчиёни дивизияи 201-ум, дар маҳаллаи 102-юм, ки дар асари он 15 афсари рус, аз ҷумла се зан бо ду кӯдак пора – пора шуданд, наёмад, ба ёди ӯ ҳодисаи  дар як шаби 23-юми майи соли 1995 шаш нафар афсарони бегуноҳи Россия, ки  дар назди подъездҳои хонаашон,  бо фармони ӯ парронда шуданд, наёмад. Ба ёди Тӯраҷонзода дар рӯзи равшан – 28  марти соли 1996 соати 1420 кушта шудани падару писар – журналистҳои ОРТ Никулинҳо наёмад.

Ба ёди ӯ содир кардани  фармонаш барои нобуд кардани  колоннаи барои мардуми Бадахшон равонашуда дар Сичароғ ва қатли сарҳадчиёни тоҷик бо роҳбарии қаҳрамон Ҷангихон Давлатов наёмад.

Охир ҳамин гурӯҳҳои шибҳанизомии вафодори Тӯраҷонзода солҳои 1992-94 дар атрофи шаҳри Душанбе барои куштани сарҳадбонони рус сафарбар нашуда буданд? Шоҳидони ҳол то имрӯз зиндаанд, ки гурӯҳи дигаре аз мардуми русзабонро дар мактаби №8-и Душанбе, воқеъ дар рӯ ба рӯйи қозиёти ҷумҳурӣ гаравгон гирифта буданд.

Боз даҳҳо мисолу далели  дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки Тӯраҷонзода  ташкилкунандаи террор кардани мардуми русзабон буд, аз оқибати амалҳои шитобзада ва хилофи шерозаи ваҳдати миллати қозикалон ҳазорон мардуми бегуноҳ кушта ва бехонумон гаштанд (нигаред ба сомонаи радиои «Озодӣ»). Дар он ҷо овози хирросии А.Тӯраҷонзода дар бораи шахсан ба уҳда гирифтани ҳамаи ин амалиётҳои террористӣ пурра маҳфуз аст. Ин маълумот шояд дар бойгониҳои ВКД, КДАМ ва Прокуратураи генералӣ боз  дақиқтару аниқтар бошад. На барои коҳи куҳнаи ниҳоят қимати ҳаёти одамиро  бод кардан, барои таърих, барои миллат. Барои он ки на танҳо Россия ва Украина, балки худи мардуми тоҷик аз паси ин васвосӣ нараванд.

Ҳамин лағзишҳои рафторӣ ва равоннажандиву изтиробангезӣ буд, ки марҳум Саид Абдуллои Нурӣ аз кирдору пиндори қозӣ ба маротиб норозӣ буд, дар тасмимгириҳои куллӣ ӯро сарфи назар мекард ва ҳароси пинҳонӣ дошт, ки дар лаҳзаҳои буҳронӣ ҳатман ба ғаризаҳои шахсӣ кулоҳпӯшонӣ хоҳад кард.

Беҳуда нест, ки дар тамоми давраи дар сари ҳокимият будан Акбар Тӯраҷонзода аввал то Раҳмон – Гитлер зинда будан хеле қотеъона ва баъди нобуд кардани ин шогирди вафодори қозӣ бо зораву нола хоста буд, то қонуне қабул шавад, ки тамоми архиве, ки дар ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, сӯзонида шавад. Аҳсант! Ана ақл! Ана ҳушёрӣ! Ана, доногӣ.

Дар архивҳои Британияи Кабир бойгонии сесадсолаи ними дунё, аз ҷумла Ҳиндустони бостон, ҳаст ва эҳтиёткорона ҳифз карда мешаванд, муллои мо бошад Британияро   дарс медиҳад, англисҳоро давлатсозӣ меомӯзад. Аҳсант! Аҳсант!

Акбар Тӯраҷонзода аз бойгончиҳо ҳам хубтар, медонад, ки дар ин бойгониҳо нодиртарин чизҳои таърихи миллат маҳфуз ҳастанд. Нишондодҳои конкретии гунаҳкорон, террористҳо, қотилон ва роҳбарони онҳо. Кӣ? Кай? Дар куҷо? Дар шоҳидии кӣ фармон дар бораи террор кардани ин ё он сарбоз, афсар, ходими давлатӣ, корманди прокуратура, судҳо, олимон, журналистҳо, ходимони динии содиқ ба миллат, колоннаи автомашинҳо, автобусҳо, маршруткаҳо, гаравгон гирифтани кормандони давлатӣ, фарзандон, хешу таборони наздики онҳо, роҳбарон ва кормандони бонкҳои давлатӣ, соҳибкорони сармоядор, хешу таборони онҳо, тарконидани пулҳо, роҳҳо, иншоотҳои давлатӣ, ҳуҷум ба қисмҳои ҳарбӣ, биноҳои маъмурии ВКД, КДАМ, прокуратура ва дигар муассисаҳо дода шудааст, маҳфузанд. Кадом ташкилоти  хориҷӣ, кай, ба кӣ, барои чӣ, чанд сӯм, маблағ додааст? Барои амалҳои террористӣ кӣ чанд сӯм гирифтааст?

А.Тӯраҷонзода хуб медонад, ки дар ин бойгониҳо парвандаҳои шахсӣ ва кории агентҳои органҳои ҷосусии КГБ-и СССР  «Собит» ва писари ӯ агент «Абдукаримов» бо дастхатҳо маҳфузанд. Аммо ҳамаи давлатҳо медонанд, агентҳои замони шӯравӣ ҳаргиз собиқ нестанд. Онҳо ба он давлат хизмат карданд. Дар он кишвар дар шуъбаи 0055 дар қайд буданд, ҳастанд ва мемонанд. Дар байни ин агентҳо каҳрамонони миллӣ, шермардҳо ҳам буданд. Аммо «Дар ҷое, ки шерон мегарданд, шағолон ҳам ҳастанд».

Хадамотҳои махсуси дунё дар дохили мамлакаташон  бо шерон дар хориҷи кишвар шағолонро мекобанд. Ягон миллат бе шағол намешавад. Онҳоро меёбанд. Сахт истифода мебаранд. Пул медиҳанд, бозӣ мекунанд. Бозӣ мекунанд, пул медиҳанд. Ин ҷузъи таърихи фоҷианоки ҳар миллат аст. Мутаассифона, гоҳо мешавад, ки як шағол сари  чанд шерро мехӯрад. Чунки соҳиби шағол имкони бештар дорад – пул медиҳад, барои муолиҷа мебарад, путёвкаи курортӣ медиҳад, фарзандонро дар хориҷи кишвар мехононад. Чӣ хеле ки дар китобҳои дарсии мактабӣ мехондем: «Методҳо гуногун мешаванд». Инчунин, «Сиёсат санъати имкон ва истифода аст». Лекин ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки истилоҳи зоологии (ҷонваршиносии) «шағол» аз лиҳози орфоэпӣ вазни мантиқии шакли русии «шакал»-ро ифода карда наметавонад. Табиат ва сифати палидии ин ҳайвонро ҳамин истилоҳи русӣ бештар, хубтар, возеҳтар ва  дақиқтар ифода мекунад.

Бозиҳои бобои А.Тӯраҷонзода  дар амалияи сиёсат нав нест.   Дар «Библия» омадааст, ки «Шайтон хеле маккор аст, барои он ки хеле пир аст». Ба ёд биёред, митингҳои тирамоҳи соли  1991-и шаҳри Душанберо, ки чӣ тавр раҳматии дотсент А.Собчак ва академик Е.Велихов ҳафтуми октябри соли 1991 ба Душанбе омаданд ва бо  А.Тӯраҷонзода гарм вохӯрӣ  карданд. Дар интернет-ресурҳо бинед, чӣ навишта шудааст: «При общении Тураджонзода щептал Собчаку на уши: «Здесь собрались коммунисты, а не русские».

Магар ин гӯшакиҳо ба миллати тоҷик фоидае овард?

Баъди ҳамин гӯшакиҳо мо ҳамзамон ба сохтани Роғун, туннелҳо, роҳи Душанбе — Кӯлоб – Хоруғ сар кардем? Сангтӯдаи 1-2-ро сохтем? Садҳо мактабу шифохона бунёд кардем? Ба ваҳдати миллӣ расидем? Чӣ шуд, ҷаноби оғои Тӯраҷонзода? Сиёсатмадор, рӯҳонии саршинос, ки гоҳо дар либоси мулло, гоҳо дар либоси коршиноси масоили минтақавӣ, олими соҳаи теология, танзимгари муносиботи ҷамъиятӣ, ҳомии дин? Дар кадом соҳа шумо мутахассис будед, ки мардум, фарзандони онҳо заррае фоида бурданд? Дар куҷо? Кай? Ягон мисол доред? Ку номбар кунед. Нест. Надоред.

Шумо ҳозир худро дар либоси ҷадид ҷилвагар мекунед – соҳаи нави муносиботи байналмилалӣ — соҳаи низоъшиносӣ. Аммо мақсаду орзуи шумо, домуллои муҳтарам низоъандозӣ аст. Шумо мутахассиси бузурги низоъандозӣ ҳастед. Мехоҳед Ватанро, ки дар он хуни нофатон рехтааст, нон хӯрдед, бузург шудед, ҳамчунон одам шудед, дар ҳолати ногувор гузоред. Падари ҳумоюни шумо ҳазрати Тӯраҷон ягон ҳунари дигар шуморо ёд надодааст? Магар арвоҳи ӯ, ки ҳам ба дин ва ҳам давлат хизмат кардааст, аз хурсандии шумо нисбати фоҷиаи Сурияи валангор, мардуми бехонумони он  хурсанд мешавад?

Ва ахиран, бузургтарин ҳамсуҳбати инсон худи инсон аст. Дар танҳоӣ. Ҳангоми муколама бо виҷдон. Шахсияти шумо дар муқобили худи шумо кӣ бошад? Чӣ гуна инсон бошад? Чӣ некие ба ёди шумо меомада бошад? Ва аз ҳама бештар чӣ нақшае дар дил мепарваред? Дар байни онҳо ҷузъиёте пайдо мешавад, ки номи он «некӣ ба мардум» ақаллан дар шакли ниҳоят хоксорона бошад? Бӯйи сулҳ аз машоми шумо ба  мардум расад. Дар фикри ваҳдат ва ободӣ бошад? Ба фикри банда, шумо ягона марди шастсолаи дунё ҳастед, ки таъҷилан ниёз ба мутолиаи осори инсондӯстонаи Саъдӣ доред. Ақаллан дар ғуруби офтоби умри кӯтоҳи инсонӣ…

Сайёфи Хуросонӣ