Беморхона бо оби нӯшокӣ таъмин гардид

№15 (3161) 13.02.2014

Беморхонаи рақами 2 дар шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон ҷойгир буда, яке аз марказҳои куҳнатарини бахши тандурустии ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ беморхона аз ҷиҳати таъмини об мушкилӣ надошт. Фарзандони баору номуси тоҷик он айём барои ҳалли мушкилоти масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба табибон кумак мерасониданд. Бошандагони шаҳраки Уялӣ бахусус хизматҳои сарвари хоҷагии он замон маълуму машҳури «Уялӣ», шодравон Аскар Раҳимовро хуб дар ёд доранд. Ин марди чашмикордон, баробари дар пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии хоҷагӣ ва ноҳия саҳм гузоштан, ҳамчунин ба масъалаи бунёди беморхонаю дигар нуқтаҳои тандурустӣ дар ҳудуди хоҷагӣ диққати зарурӣ медод. Аз ҷумла саҳми ин сарвари кордон дар бунёди беморхонаи шаҳраки Уялӣ, ки дар ҳудуди хоҷагӣ мавҷуд буд ва таъмини ин иншооти муҳими бахши тандурустӣ бо оби тозаи нӯшокӣ хеле калон аст.

Вале, бо гузашти солҳо хатҳои обгузари ин бемористон куҳнаю фарсуда шуда, корношоям гардид. Беморон ва кормандони бахши тандурустӣ аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Сарвари хоҷагии чорводории «Файзулло» Сафарбек Гулмуродов анъанаи неки шодравон Аскар Раҳимовро идома бахшида, барои ҳалли ин мушкилот заҳмати зиёд ба харҷ дод. Бо кумаку дастгирии ин марди саховатпеша тавассути қубурҳои полиэтиленӣ аз дарёи Вахш ба ин беморхона хатти оби нӯшокӣ кашида шуд. Масофаи хатти обгузар беш аз ду километрро ташкил медиҳад. Аз ин иқдоми наҷиби сарвари ғамхор кормандони беморхонаи мазкур ва онҳое, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, басо хушнуданд.

Тавре зимни суҳбат Сафарбек Гулмуродов иброз намуд, таъмини ташнагон бо об беҳтарин савоб буда, ин амал аз анъанаҳои куҳани халқи тоҷик сарчашма мегирад. Бо мақсади иҷрои ин амали савоб ва таъмини ниёзмандон бо оби нӯшокӣ ин амалро агар ман ба иҷро расонида бошам, умедворам, ки Худованди бузург подошашро хоҳад дод. Ин кори хайрро ман ба хотири ҳалли мушкилоти мардуми азизам ба иҷро расонидаам. Дар оянда низ кӯшиш мекунам, ки дар ҳалли мушкили сокинон ва беҳтар намудани дараҷаи зисту зиндагии онҳо қадри имкон кори аз дастам меомадагиро ба сомон расонам.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон иттилоъ доданд, ки мушкилоти асосии сокинони ноҳия норасоии оби ошомиданист. Ин андешаро зимни суҳбат бо рӯзноманигорон Убайдулло Абдуллоев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросон иброз намуда, таъкид кард, ки бо ин мақсад тамоми имконият ва кори аз дастамон меомадагиро ба иҷро мерасонем. Барои ҳалли ин мушкилот баробари истифодаи маблағҳои давлатию созмонҳои байналмилалӣ, инчунин аз кумаку дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ истифода хоҳад шуд. Таъмини беморхонаи № 2-и шаҳраки Уялии ҳудуди деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо оби нӯшокӣ аз ҷониби соҳибкор Сафарбек Гулмуродов исботи ин гуфтаҳост.

Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»