Хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад

№102 (3087) 12.08.2013

Хафизов ЭмомалїДар ноҳияи Хурсон хизматрасонии тиббӣ сол то сол беҳтар мегардад. Муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони соҳибмаълумоту ботаҷриба ва таҷҳизоти замонавии табобатӣ бештар таъмин мешаванд. Ҳоло як беморхонаи марказии ноҳиявӣ, панҷ беморхонаи рақамӣ, 12 маркази саломатии деҳот, 25 бунгоҳи тиббӣ ва ғайра ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Шумораи кормандони соҳа ба 74 нафар расид, ки 12 нафарашон дорои маълумоти олии тиббӣ мебошанд.

Бо фаъолияти беморхонаи рақами 5 шинос гаштем, ки он ба бештар аз 22 ҳазор нафар аҳолии ноҳия хизмат мерасонад. Сардухтури беморхона Эмомалӣ Ҳафизов собиқаи беш аз бистсолаи корӣ дорад. Ӯ маҳорати касбии худро дар интернатураи кафедраи бемориҳои сироятии донишкадаи баъдидипломӣ (соли 1994) такмил додааст. Духтури дараҷаи олӣ буда, унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб  гардидааст.

Беморхона аз чор шуъба иборат буда, дорои 85 кат мебошад. Ба беморон 13 нафар табиб ва 22 нафар ҳамшираи шафқат хизмат мерасонанд.

Чанд сол пеш дар ноҳия кормандони соҳибихтисоси тиббӣ намерасиданд. Бо ин сабаб  ба беморон сари вақт хизмат расонда намешуд. Аз суҳбат бо сардухтур Эмомалӣ Ҳафизов маълум гардид, ки ҳоло дар беморхона духтурони ихтисосманд мерасанд. Ҳама духтурон кадрҳои маҳаллӣ буда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба зодгоҳи худ ба кор  омадаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани беморхона кӯмак  мерасонад. Ба оилаҳои эҳтиёҷманди табибон  замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Беморхона тамоми сол бо неруи барқ таъмин аст. Шуъбаи ёрии таъҷилӣ бо мошини  хизматӣ таъмин буда, дар ҳолати зарурӣ ба беморон ёрии аввалия сари вақт расонида мешавад.

Сардухтури беморхона Эмомалӣ Ҳафизов давоми суҳбат гуфт, ки ба мардум дар бораи пешгирии бемориҳо суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Вобаста ба фасли сол хурӯҷи бемориҳои гуногун ба амал меоянд, ки омилҳои пешгирӣ ва роҳҳои табобати онро ба мардум фаҳмонидан зарур аст.

Дар беморхона маркази репродуктивӣ фаъолият мекунад. Ин ҷо занони ҳомила таҳти назорати духтур муолиҷа мегиранд. Онҳо бо доруҳои зарурӣ ройгон таъмин мешаванд. Андешидани чунин тадбирҳо боис гардид, ки вақтҳои охир шумораи таваллуд дар хона кам шудааст. Дар ҳама ҳолат кормандони беморхона ба чунин оилаҳо кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Ҳоло аз хизматрасонии тибби оилавӣ бештар истифода мебаранд. Дар беморхона шаш нафар духтурони ботаҷриба баъди гузаштани тайёрии касбӣ ба сифати табибони оилавӣ фаъолият доранд. Ин усули хизматрасонии тиббӣ минбаъд низ васеъ истифода хоҳад шуд.

-Бо аҳолӣ бурдани корҳои  фаҳмондадиҳӣ аз вазифаҳои асосии мо ба ҳисоб меравад,- мегӯяд сардухтур Эмомалӣ Ҳафизов,-  зеро пешгирии беморӣ аз  муолиҷаи он осонтар аст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»