Самараи Ваҳдат баръалост

№73 (3219) 04.07.2014

Дар ноҳияи кӯҳистони Муъминобод бахши кишоварзӣ сол то сол рушд ёфта истодааст, зеро иқлими он ба боғдорӣ ва зироаткорӣ мувофиқ аст. Ҳоло майдони боғҳо 2500 гектарро ташкил медиҳанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди минбаъдаи ин соҳа диққати доимӣ медиҳад. Бо зиёд гаштани масоҳати боғҳо истеҳсоли мева зиёд ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардонида мешавад.

Ҳоло хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорон аз 72 трактори шудгоркунанда, ҳафт тухмипошак, чор комбайни ғалладарав ва дигар техникаи кишоварзӣ истифода мебаранд. Ғаллакорон имсол дар майдони 8928 гектар кишт гузаронида, мақсад доранд, ки ҳосилнокии ҳар гектарро ба 26 сентнерӣ расонанд.

26 нафар бонувон соҳиби сертификати дӯзандагӣ шуда, давоми чор сол курсҳои дӯзандагиро бештар аз 500 нафар хатм намуданд.

Бори аввал дар маркази ноҳия бунёди нахустин бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ оғоз ёфт.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор