Вохӯрии судманд

№146 (3292) 05.12.2014

Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати созмонҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ вохӯрд.

Ҳайатро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳ сарварӣ менамуд. Дар вохӯрӣ, аз ҷумла раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Саидбой Зокиров, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раҳимназар Бекназаров ва раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Иброҳим Азизов ширкат варзиданд. Дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкории минбаъдаи созмонҳои давлатӣ ва иттифоқҳои касаба бо мақсади беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои иттифоқҳои касаба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»