Қаҳрамони ду ҷабҳа аз Нофароҷ

№ 09.05.2015

ФармонкуловҶанговарони тоҷику тоҷикистонӣ дар қатори миллионҳо фидоиён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корномаҳои бемисл нишон дода, аз фиристодагони кишварамон 63 нафарашон ба гирифтани унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафарашон ба дарёфти ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд.

Аз 15 нафар дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф», ки ҳуқуқашон ба имтиёзҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ баробар карда шудааст, се нафарашон фарзандони сарбаланду шуҷои шаҳри бостонии Истаравшан мебошанд.

Ҷанговари тоҷики истаравшанӣ Раҳим Раҳмонов аз деҳаи Вогат, Абдуназар Фармонқулови ӯзбек аз деҳаи Нофароҷ ва сокини ҳамонвақтаи шаҳр Александр Куришеви рус барои ҷасорат ва мардонагӣ дар муҳорибаҳо бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонида шудаанд.

Истаравшаниҳо аз он ифтихор мекунанд, ки Абдуназар Фармонқулов имрӯз дар қайди ҳаёт буда, дар ҳалқаи фарзандону наберагону аберагону чаберагон давлати пирӣ меронад.

Абдуназар Фармонқулов 22 марти соли 1922 дар деҳаи Нофароҷи ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло шаҳри Истаравшан) ба дунё омадааст. Моҳи сентябри соли 1939 ҳанӯз ҳаждаҳ солро пур накарда буд, ки  ба сафи Артиши Шӯравӣ  даъват карданд. Баъди чанд муддати адои хизматаш финҳои сафед моҳи ноябри соли 1939 бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ бархостанд. Абдуназари ҷавону навхат ва сахтиву вазниниҳои ҳаётро надида, нахустин даҳшати ҷангро дар давлати Финландия аз сар гузаронид. Сарбозони шӯравӣ таҳти фармондеҳии командирони варзидаю дар ҷангҳои шаҳрвандии давлати Шӯроҳо обутобёфта зарбаҳои финҳои сафедро қаҳрамонона зада, пас мегардонданд. 12 марти соли 1940 финҳо маҷбур шуданд, ки бо ИҶШС шартномаи сулҳ банданд.

Абдуназари ҷавон минбаъд хизмати аскариро дар шаҳри Гроднои вилояти Мински Ҷумҳурии Белоруссия чун артиллерист давом дод. Сипас, баъди оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар муҳорибаҳои мудофиаи шаҳри Москва фаъолона иштирок карда, дар ҷангҳои шадиди Сталинград, озодкунии деҳаи Синдини ноҳияи Мусаевскии вилояти Валинск, муҳорибаҳои сарзамини Полша, озод кардани шаҳри Гроднои Чехословакия ва ғайра қаҳрамонӣ нишон додааст. Барои торумор кардани фашистон то лонаашон — шаҳри Берлин рафта, Ғалабаро дар назди соҳили дарёи Элба истиқбол гирифтааст.

Ӯ аввалин ҷанговари тоҷикистонӣ ва даҳумин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 мебошад, ки ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» шарафёб гардидааст. 24 июни соли 1945  дар Паради ҳарбии бахшида ба Ғалаба, ки дар Майдони Сурхи шаҳри Москва ботантана доир гардида буд, иштирок кардааст.

Пас аз анҷоми ҷанг Абдуназар Фармонқулов хизматро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ давом дода, охири соли 1946 ба зодгоҳаш бармегардад ва наздик ба 40 сол дар вазифаҳои ҷонишини раиси раёсати колхози «Шаҳристон-1», мудири ферма, сардори ситоди мудофиаи шаҳрвандии совхози «Истаравшан» кор карда, соли 1982 ба нафақа баромадааст.

Ман аз мавсуф тафсили сазовор гаштанашро ба ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» пурсон шудам. Мегӯяд, ки ӯ ҳамчун артиллерист дар ҳайати Полки тирандозии 278-и Дивизияи 175 -уми Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ муборизаро дар замини Финландия сар карда, сипас, фашистонро то шаҳри Берлин саркӯб карда, борҳо қаҳрамонию ҷоннисорӣ ва шуҷоатҳои бемисл нишон додааст.

Ҳамчунин дар озод кардани деҳаи Вулка ва шаҳри Новели вилояти Волинск, дар ҷангҳои шадид аз 18 март то 10 апрели соли 1944 дар сафи пеши қӯшуни пиёдаи шӯравӣ чун разведкачии назоратӣ амал намуда, ҷойи ҳафт нуқтаи пулемёт ва ду нуқтаи назоратии душманро муайян ва ошкор намудааст. Ҳангоми зада гардонидани ҳуҷуми фашистон бо пулемёти дастиаш ҳафт гитлерчиро нобуд кард. Бо дарназардошти ин далелҳо 29 марти соли 1944 номбурда бо пешниҳоди командири дивизияи 175-уми тирандозӣ бо ордени «Шараф» дараҷаи III мукофотонида шудааст.

Ефрейтор Абдуназар Фармонқулов аз 18 то 27-уми июли соли 1944 дар ҷангҳои шадиди озод кардани деҳаи Синдини ноҳияи Мотсиевскии вилояти Волинск ва деҳаи Славатсин-Новии ноҳияи Бяло- Подляси вилояти Люблино бо оташи тӯпи худ ду паногоҳ, се нуқтаи оташфишонӣ, се пулемёт ва бештар аз 45 фашистро нобуд карда,  бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз мегардад.

10 сентябри соли 1944 дар рахна кардани мавқеи мудофиаи душман дар маҳали аҳолинишини стансияи Мендзелес фидокорӣ ва ҷасорати беандоза нишон дод. 12 — 16 декабр дар ҷангҳои озодкунии шаҳрҳои Грозов, Прага,  тарконидани техникаи бешумори душман қаҳрамонии бемисл нишон дод. Вақте ки нишонгири тӯп ҳалок мешавад, Абдуназар ба ҷойи сарбози ҳалокшуда гузашта, бо оташи тӯпи худ ҳашт пулемёт, панҷ нуқтаи оташнишонӣ ва беш аз 60 нафар аскарони фашистро аз байн бурда, бори сеюм бо Укази Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 22 феврали соли 1945 ба гирифтани ордени «Шараф» дараҷаи I сазовор гаштааст.

Ба муносибати 60 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 2005 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Абдуназар Фармонқуловро дар қатори дигар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ бо автомашинаи сабукрави «ОКА» сарфароз гардонид.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»