Қадрдонӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

№63 (3364) 04.05.2015

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ва дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  А.С. Васканян ва И.К. Каримов дар тарабхонаи «Гюмри»-и шаҳр бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат вохӯрӣ доир гардид. Зимни ин вохӯрӣ собиқадорони меҳнат Ҷ. Шокиров, Б.Аминов, Р.Фоменко суханронӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва кумаку дастгирии ҳамешагӣ ба собиқадорони  меҳнат изҳори сипос намуданд.

Қобили таъкид аст, ки чунин як чорабинӣ бахшида ба 70-солагии Иди  Ғалаба  дар  «Маркази Сомониён»-и шаҳри Қайроққум  низ доир шуд. Ин чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор гардида, ҳадафи он саҳми муносиб гузоштани ҳизбиён дар ин ҷашни мубораку таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фидокориву корнамоиҳои родмардони баору номуси Ватан мебошад.

А. Салимзода