Ҷамоат соҳиби бино гардид

№73 (3219) 04.07.2014

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ҷамоати деҳоти «Фондарё»-и ноҳияи Айнӣ соҳиби бинои нав гардид.  Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода  иштирок дошт. Мавриди зикр аст, ки барои  таъмиру таҷдиди ин бино зиёда аз 145 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ноҳиявӣ сарф шудааст. Дар ин кор соҳибкорон низ саҳмгузорӣ кардаанд. Раиси Ҷамоати деҳоти «Фондарё» Ҷумъабой Камолов изҳор дошт, ки дар  бино ғайр аз утоқҳои кории кормандони ҷамоат, ҳамчунин маҷлисгоҳ,  утоқи нозири минтақавӣ, почта ва дигар биноҳои ёрирасон ҷой дода шудааст.

-Ҷамоати деҳоти «Фондарё» то ин вақт биноҳои гуногунро иҷора мегирифт ва бори аввал соҳиби бинои худӣ гардид,- иброз дошт мавсуф. -Утоқҳои корӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ш. АТОБУЛЛО, «Садои мардум»