Табиби ман, ҳабиби ман

Қарин бо халқ

№8 (3154) 21.01.2014

Дар зиндагӣ шахсоне ҳастанд, ки пайи некномиву накукорӣ ва дасти ниёзмандеро гирифтан ҳаёт ба сар мебаранд. Шахсе, ки дар борааш ин ҷо хома меронем, сарфи назар аз серкориву серташвишӣ, ҳар субҳ бо дасту дили гарм роҳ сӯйи коргоҳаш пеш мегирад. Ӯ аз зумраи шахсонест, ки вақти кории муайян надорад; ҳар ниёзманде дар дилхоҳ вақту соат муроҷиат намояд, ба хизмат омода мебошад. Ин марди наҷиб ба савганди касбиаш содиқ аст.

Наҷмиддин Наҷмиддинов дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, зиёда аз бист сол аст, ки дардмандонро шифо мебахшад. Ӯ дар деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Табиб шудану ба халқ хизмат кардан орзуи замони кӯдакиаш буд, ва бо кӯшишу заҳмати пайваста ба  мақсаду мароми худ расид.  Ҳанӯз замони донишҷӯйиаш ба фаъолият шурӯъ намуда, аз устодони варзидаи соҳаи тиб илму амал омӯхт. Номбурда  замони донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буданаш ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд ва дар сафи артиш ҳамчун корманди тиб фаъолияташро давом дод.  Пас аз адои хизмат таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, ҳамзамон муддати панҷ сол дар Беморхонаи ёрии таъҷилии тиббӣ кор кард.

Соли 1993, пас аз як соли хатми донишгоҳ, фаъолияташро дар Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ ба ҳайси духтури амрози дохила давом дод. Соли 1996 барои кор ба Беморхонаи шаҳраки Зарафшон даъват шуд ва то соли 1999 дар вазифаи  мудири шуъбаи амрози дохила фаъолият намуд. Аз соли 1999 инҷониб ҳамчун сардухтури Беморхонаи ноҳиявии рақами шаши ноҳияи Айнӣ кор мекунад.

Наҷмиддин Наҷмиддиновро чун мутахассиси дараҷаи олӣ ва инсони хоксору фурӯтан  хурду бузург эҳтиром менамоянд ва бо самимият номашро ба забон меоранд, зеро худи ӯ низ дар муносибат бо одамон самимиву чеҳракушода аст. Атрофиён изҳор медоранд, ки сазовори ҳурмату эҳтиром гардидани мавсуф ба заҳмати ҳалолу софдилонааш пайвастагӣ дорад, зеро дар шароити кӯҳистон, ки беморхонаҳо бо лабораторияву ташхисгоҳҳо муҷаҳҳаз нестанд, мавсуф бо дониш ва таҷрибаи андӯхтааш ба беморон аз рӯйи нишонаҳои маризиашон ташхиси дуруст монда, пайи табобат мешавад. Қобили зикр аст, ки то имрӯз ҳамаи бемориҳое, ки Н.Наҷмиддинов ташхис гузоштааст, дар навтарин ташхисгоҳҳо низ натиҷааш ҳамоне мебарояд, ки ӯ гуфта буд. Ғайр аз ин, ҳангоми ғайриимкон будани табобати беморӣ дар беморхонаҳои маҳаллӣ, номбурда сари вақт беморро ба беморхонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ роҳхат медиҳад ва дар ҳолати зарурӣ ӯро то ҷойи лозима ҳамроҳӣ менамояд.

Сарфи назар аз таҷрибаи зиёд, Наҷмиддин Наҷмиддинов лаҳзае аз мутолиа дур намондааст. Илми тиб аз табиб мутолиаи ҳамешагиро тақозо менамояд, зеро дар шароити рушди босуръати илму техника ҳамарӯза одамизод ба дастовардҳои ҷадид ноил мегардад ва соҳаи тиб низ дар канор нест. Мавсуф бо дарки ин кӯшиш мекунад, ки дастовардҳои ҷадиди олимони соҳаи тибро дастрас намуда, дар кори ҳаррӯзааш истифода барад.

Қобили зикр аст, ки Беморхонаи ноҳиявии рақами 6-уми ноҳияи Айнӣ ба зиёда аз панҷ ҳазор нафар хизмати тиббӣ мерасонад, вале то имрӯз нашунидаем, ки нафаре аз тарзи табобати табиби ҳозиқ Наҷмиддин Наҷмиддинов норозигӣ карда бошад.

Собиқадори соҳаи маориф Эсан Ҳасанов мегӯяд: «Наҷмиддин Наҷмиддинов вазифаи табибиашро ба дараҷаи аъло иҷро менамояд. Ӯ беморро, пеш аз ҳама, бо сухани хуш табобат мекунад. Дар ҳама шароит беморро зери назорати доимӣ қарор медиҳад, ки қобили таҳсин аст».

Табиби ҷавон Ифтихор Камолов низ, ки пайваста аз суҳбату маслиҳатҳои номбурда истифода мебарад,  бо қаноатмандӣ аз тарзи муносибат ва дастгирии Наҷмиддин Наҷмиддинов изҳор дошт, ки мавсуф ба ҷавонон ҳамеша маслиҳатҳои муфид медиҳад.

Муддати 14 соле, ки Наҷмиддин Наҷмиддинов сардухтур аст, кӯшиш мекунад, ки шароити беморхонаро хубтар намуда, барои ниёзмандон хизмати шабонарӯзиро таъмин созад.

Н.Наҷмиддинов ҳамчун вакили ҷамоат низ фаъолияти пурсамар дорад. Соли 2010 қобилияти ташкилотчигиву кордонии Наҷмиддин Наҷмиддиновро ба назар гирифта, аҳолии деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ӯро вакил интихоб намуданд. Ҳамчун вакил таклифу дархости аҳолиро ба масъулин расонида, пайи иҷрои он талош меварзад. Дар ободониву кабудизоркунӣ низ пайваста иқдом зоҳир мекунад, аммо боре нашудааст, ки хизмати кардаашро ба касе «ҳисобот» диҳад, зеро ӯ  ҳама гуна корро аз сидқи дил, ба хотири шукуфоии як гӯшаи Тоҷикистони азиз иҷро менамояд.

Наҷмиддин Наҷмиддинов чун вориси ҳақиқии «пири ҳакимони Машриқзамин» Абӯали ибни Сино, рисолати касбиву инсонии худро иҷро мекунад. Ин марди накуном, ки ҳама вақт пайи некномӣ талош варзидааст, дар ҷомеа бо номи нек шинохта шуд. Орзу мекунем, ки ба обруяш обру зам шаваду саодати ҳамешагии рӯзгор ёраш бод.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»