Гавҳаре бо нури маърифат

№106 (3091) 24.08.2013

кадрМусаллам аст, ки яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ имрӯз маориф буда, давлату Ҳукумати кишвар  рушди соҳаро  мақоми афзалиятнок додаанд. Ба ибораи Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллим ақл, виҷдон ва номуси миллат аст. Воқеан ҳам дар рушди соҳа, таълиму тарбияи насли созандаи миллат саҳми омӯзгорон, фидоиён, машъалони соҳа ниҳоят бузург аст. Омӯзгорон – Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ – Муҳаббат Маҳмудова ва Ҳабиба Каримова аз ҳамин зумраанд…

Конибодом диёрест, ки бо фарзандони барӯманди худ, ходимони ҳизбиву давлатӣ, олимону аҳли адаб, мутахассисони варзидаву роҳбарони масъулиятшиносаш, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии  халқи Ватани азизамон — Тоҷикистон кору фаъолият дошта, дар ободии ин диёри зебоманзар нақши босазо мегузоранд, ифтихор дорад.

Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста, фидоии кори халқ, маорифчии мумтоз, муаллими муаллимон Ҳабиба Каримова  мебошад, ки моҳи сентябри соли равон 90- сола мешавад.

Ҳабиба  Каримова 5 сентябри соли 1923 дар шаҳри Конибодом дар оилаи деҳқони миёнаҳол чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1930 ба мактаби  ибтидоии «Намуна» дохил шуда, соли 1934 онро хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба Комбинати омӯзгории шаҳр (ҳоло Коллеҷи омӯзгорӣ) дохил шуда, соли 1937 онро бо шаҳодатномаи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии хешро дар мактаби ибтидоии ба номи Чапаев оғоз намуда, ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ, муовини директор ва аз соли 1949 то ба нафақа баромадан ҳамчун директори мактаб идома бахшидааст.

Солҳои 1936 — 1941 яке аз иштирокчиёни фаъоли ҳаракати маҳви бесаводӣ буд. Дар машғулиятҳои курси маҳви бесаводӣ барои калонсолон фаъолона ширкат меварзид.

Ҳабиба Каримова баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе (ғоибона, соли 1953) дар густариши соҳаи маорифи шаҳри Конибодом ва тарбияи насли наврас, кадрҳои болаёқат хеле хизматҳои шоиставу арзанда намудааст. Туфайли ҳисси баланди масъулият, серталабӣ нисбат ба худ ва аҳли омӯзгорон, ҷӯяндагиву ёбандагӣ, муттаҳид намудани аҳли омӯзгорон ва моҳирона равона намудани онҳо ба корҳои таълиму тарбияи мактаб дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардидааст. Дастовардҳои мактаб, аз қабили қадрдонӣ шудан бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, се маротиба иштирокчии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС ва сазовор гардидан бо медалҳои тилло ва нуқраи ин намоишгоҳ ва бисёр мукофотҳову қадршиносиҳо аз ҷониби мақомоти баландпояи давлат подоши ин заҳматҳо ва кӯшишу ғайрати пайгиронаи Ҳабиба Каримова мебошад.

Бо ташаббус, талошҳо ва роҳбарии бевоситаи Ҳ. Каримова биноҳои замонавии мактаб сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар онҳо тамоми шароити таълим ва тарбия фароҳам оварда шудааст. Бо заҳматҳои сарвари ин боргоҳи илму маърифат мактаб ҳамчун «Мактаби базавӣ», «Мактаби такягоҳӣ» арзёбӣ шуда, таҷрибаи он дар ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.

Ҳабиба  Каримова бисёр шогирдонро дар соҳаи маориф тарбия кардааст, ки кулли онҳо машъалони ҳақиқии соҳаанд.

Баробари вазифаи басо доманадори сарварии мактаб муаллима дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат варзидааст. Ӯ борҳо аъзои Кумитаи шаҳрии комсомол, Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист интихоб гардида, солҳои тӯлонӣ вакили халқ дар Шӯрои шаҳрӣ буд, узви Кумитаи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи муҳофизати сулҳи кишвар, раиси Шӯрои занони шаҳр, роҳбари семинари доимоамалкунандаи директорони мактабҳо дар назди шуъбаи маорифи шаҳр ва ғайра буд. Ҳабиба Каримова вакили конференсияҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, инчунин Анҷумани ХVI ҳизби коммунист, панҷ маротиба вакили анҷуманҳои занони ҷумҳурӣ, шаш маротиба вакили анҷуманҳои муаллимони ҷумҳурӣ, иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, ду маротиба вакили анҷумани муаллимони ИҶШС буд.

Барои хизматҳои пурмаҳсул ва содиқонааш дар назди халқу Ватан Ҳабиба  Каримова бо ду ордени Ленин, унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, унвони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва ИҶШС, 18 медал, даҳҳо ифтихорномаҳо, унвони Муаллими хизматнишондодаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ  шудааст.

Дар бораи таҷрибаи мактаби ба номи Чапаев, ки зиёда аз 40 сол сарварии онро Ҳ. Каримова ба дӯш дошт ва ҳаёту фаъолияти ибратбахши ӯ ҳафт китоб чоп ва дастраси мардум гардидааст. «Чилчароғи маърифат» — и Алӣ Бобоҷон ва китоби  ҳуҷҷатии адабии Усмон Шокир таҳти унвони «Ҳама аз роҳи назарҳо гузаранд…», ки ба муносибати ҷашни  85-солагии ин муаллимаи шинохта эҷод шудааст, намунаи ин гуфтаҳоянд.

Ҳабиба Каримова бо шавҳараш -рӯзноманигори шинохта, Ходими хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯхта Ҷабборӣ панҷ фарзандро  дар руҳияи садоқат ба кори халқу Ватан  тарбия намуда, ба воя расонидаанд, ки ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ буда,  дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибистиқлоламон сарбаландона заҳмат мекашанд.

Ҳоло муаллимаи азиз дар ҳалқаи фарзандон ва 14 набераю 28 абера давлати пирӣ меронад.

Оре, дар ҳама давру замон тақдири наслҳои миллат ба зиммаи чунин омӯзгорони дилсӯз аст ва аз ин рисолати нек онҳо болидарӯҳӣ ва ифтихор доранд ва фахри мо шогирдон ҳастанд. Ба қавли шоири шинохта  Алӣ Бобоҷон, ки шеъре ба унвони  «Донишафрӯз» ба Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳабиба Каримова бахшидаанд, мегӯем:

Аз каломи ту каломи модарӣ омӯхтем,

Дарси ишқи одаму одамгарӣ омӯхтем.

Чун ба ҳар доништалаб чашми мурувват дӯхтӣ,

Гулхани фазлу адаб дар ҳар диле афрӯхтӣ.

Мухтори АБДУЛЛО,  «Садои мардум»