Хабарҳо аз Суғд

№91-92 (3076-3077) 25.07.2013

Фаровонии ҳосил -омили пешравии хоҷагӣ

Хоҷагии деҳқонии «Улуғбек»-и ноҳияи Спитамен яке аз хоҷагиҳои пешқадами Ассотсиатсияи деҳқонии «Бегалӣ Аҳмадалиев» ба ҳисоб рафта, сарварии онро Ҷамшед Бозоров ба уҳда дорад.

Хоҷагӣ дорои 48 гектар замин ва 91 нафар саҳмдор аст. Саҳмдорон дар 35 гектар пахта, 2,5 гектар гандум, 6,6 гектар пиёз ва 3,5 гектар дони ҷуворимакка кишт карда, барои парвариши онҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд.

Ҳар саҳмдор моҳе 300- 400 сомонӣ маош мегирад. Ғайр аз ин, баъд аз ғундоштани ҳосил ба ҳар яки онҳо ба таври ройгон ҷуворимакка, гандум, пиёз ва равғани растанӣ дода мешавад.

Деҳқонони хоҷагӣ имсол нақшаи супоридани пилларо барзиёд иҷро карда, ба ҷойи як  тоннаю 35 килограмм як тоннаю 120 килограмм пилла супориданд.

 

Азми картошкапарварон

Хоҷагии деҳқонии «Барги гул»- и шаҳри Панҷакент аз хоҷагиҳои пешқадам маҳсуб гардида, дар ихтиёри худ 42 гектар замини корам, аз ҷумла 12 гектар замини обӣ дорад. Ҳоло шасту чор нафар саҳмдорон дар ин ҷо машғули парвариши ғалладона, картошка ва дигар навъҳои зироат мебошанд. Бино ба гуфти сарвари хоҷагӣ Абдураҳмон Суюнов аҳли заҳмати хоҷагӣ ният доранд, ки аз ҳар гектар замини картошкаи барвақтӣ 400 сентнерӣ ва гандум 60 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, ба ҷойи онҳо кишти такрории дигар зироатҳоро  гузаронанд.

 

Роҳҳо асфалтпӯш мешаванд

Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба мо иттилоъ доданд, ки азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент босуръат давом дорад. Дар аксари самтҳо корҳои омодасозии қабати поёнии роҳ — кандани рӯйпӯши қабати куҳнаи роҳ, васеву ҳамвор намудани он, мутобиқсозии роҳ ба нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ идома ёфта истодааст. Ҳоло барои пешбурди ин корҳо 120 адад техникаю механизмҳои гуногун, ба монанди мошинҳои боркаш, обпошӣ, булдозеру экскаваторҳо ва ғелак сафарбар гардидаанд. Интизор меравад, ки ба наздикӣ боз 30 адад техникаи дигар ба ин кор ҷалб мегардад.

То охири соли равон дар нақша аст, ки 40 фоизи корҳо ба анҷом расонида мешавад.

Бояд хотиррасон кард, ки дарозии ин роҳ 113 километрро ташкил медиҳад, ки даҳ километри он дар дохили шаҳри Панҷакент қарор дорад ва  иборат аз чор хатти ҳаракат ва қисми боқимонда иборат аз ду хатти ҳаракат мебошад. Паҳнои роҳи духата ҳафт метр хоҳад шуд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»