Иди асал ва сайри харбуза

№108 (3093) 29.08.2013

Дар шаҳри Хуҷанд Иди асал ва сайри харбузаву каду, инчунин ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар майдони назди осорхонаи вилоятӣ бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ, Иттифоқи матлуботи вилоят, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, КВД «Хӯрокворӣ»-и вилоят ва ассотсиатсияи занбӯриасалпарварон доир шуд.

Дар ин маърака дар маҷмуъ 106 тонна харбуза, 23,5 тонна каду ва 29,5 тонна асал ба намоишу фурӯш бароварда шуда, пешкаши сокинон гардид. Бо мақсади қадршиносии меҳнати кишоварзону занбӯриасалпарварон, ба онҳое, ки аз ҳама бештар маҳсулоти хушсифат ва беҳтарро ба чорабинӣ пешниҳод намуданд, мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд. Аз ҷумла дар озмуни сайри харбуза ҷойи аввалро намояндагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойҳои дуввуму сеюмро намояндагони ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов ишғол намуданд.

Дар Иди асал бошад, ҷойи аввал насиби ассотсиатсияи занбӯриасалпарварони вилоят ва ҷойи дуввум насиби занбӯриасалпарварони ноҳияи Шаҳристон гардид. Дар озмуни «Харбузаи ширинтарин» ҷойи аввалро деҳқонони шаҳри Конибодом соҳиб шуданд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби намояндагони ноҳияҳои Спитамену Ғончӣ гардид.

Дар озмуни «Дӯстдори харбуза» сокини ноҳияи Спитамен Шуҳратҷон Шодмонқулов ғолиб омад. Дар ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 250 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили биринҷ, пиёз, картошка, тарбуз, сабзӣ, гӯшту равған ва ғайра, ки нисбат ба нархи миёнаи бозорҳои шаҳри Хуҷанд 20-30 фоиз арзон буданд, ба аҳолӣ пешниҳод гардид.

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»