Лоиҳаҳои нав тарҳрезӣ мешаванд

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

Чанд рӯз қабл узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Халқии Хитой, котиби якуми ҳизб дар ноҳияи Мухтори Синзян- Уйғури ин кишвар  Чжан Чунсян бо шаҳри Хуҷанд омад. Бино ба иттилои маркази таҳлилию иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар толори навбунёди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мулоқоти  муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо Чжан Чунсян баргузор гардид.Зимни ин дидор масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам таҳким ва густариш бахшидани равобити иқтисодӣ изҳори назар карда шуд.

Дар доираи ин сафар дар осоишгоҳи «Баҳористон» мулоқоти доираи васеи намояндагони сохторҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҳайати намояндагони ноҳияи Мухтори  Синзян- Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой доир гардид, ки дар ҷараёни он масоили гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва энергетикиву бахши коркарди маъданҳои кӯҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Абдураҳмон Қодирӣ дар ин мулоқот оид ба дастовардҳои назаррас ва нақшаи дурнамои рушди вилоят, ки ба дастур ва роҳнамоии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд, ибрози назар намуда, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили адрасбофиву атласбофӣ, сӯзанидӯзиву қолинбофӣ ва роҳандозии марказҳои нави таълимиро, ки дар онҳо занону духтарони маҳаллӣ тавассути омӯзиши ройгон соҳибкасб мегарданд, самараи чунин сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлати Тоҷикистон номид.

Чжан Чунсян бо хушнудӣ аз пазироии самимӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон аз шумори кишварҳоест, ки фарҳанг ва тамаддуни бостонӣ дошта, табиати зебову нотакрораш ҳар бинандаро мафтун месозад. Баъд аз ин сафар мо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои навро ҷиҳати рушди бахшҳои гуногун дар ин минтақаи кишвар тарҳрезӣ ва амалӣ хоҳем намуд, — гуфт вай.

Абдувосит Салимзода