Роҳҳо мумфарш шуданд

№83 (3068) 04.07.2013

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Мумфаршкунии қариб 10 километр роҳи дохилии шаҳри Хуҷанд дар арафаи анҷомёбист. Ин навбат роҳҳои байни маҳаллаҳои рақамҳои  3 то 19 ва маҳаллаи 28-ум мумфарш гардид. Соли ҷорӣ барои мумфаршкунии роҳҳои дохилии Хуҷанд аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.  Дар вилояти Суғд тайи ду-се соли охир роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи зиёда аз 80 миллион сомонӣ асфалтпӯш шуданд.