Маҳфили занони фаъол

«Рози Бону»

№10 (3156) 28.01.2014

Чунин ном дорад  клуби доимоамалкунандаи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан. Мақсади ташкили клуб ин пешгирии омилҳои номатлуб, ҷалби занону духтарон ба чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ, нишаст ва вохӯриҳо, баҳсу андешаҳо дар маҳалли зист ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Клуб аввалин ҷаласаи худро дар деҳаи Сӯфӣ Орифи деҳоти «Зарҳалол»  дар мавзӯи «Худафрӯзӣ мебояд, на худсӯзӣ» гузаронид. Дар ҷаласа, ки наздики 110 нафар занону духтарон иштирок доштанд, баҳс перомуни пешгирии худкушии занону духтарон хеле идома ёфт. Адолат Ғафурова – собиқадори меҳнат, Қумрӣ Аслонова – соҳибхоназан, Ҳикматой Каримова – омӯзгор, Ш.Ҳомидова – бибиотун, М.Турдиева –  омӯзгор, Қ.Ҳакимова  – сарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15, Иқболой Худойбердиева – узви шӯрои занони деҳаи Сӯфӣ Ориф ва дигарон роҷеъ ба сабабҳои сар задани муноқишаи оилавӣ, ҷанҷоли байни келину хушдоман ва роҳҳои  пешгирии он ибрози назар карданд.

- Дар клуби мазкур маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Рози бону», «Само», «Ояндаи ман дар дасти ман» фаъолият дорад. Аъзои ин маҳфилҳо оид ба баланд бардоштани маърифатнокӣ  ва сатҳи маълумоти ҳуқуқии занону духтарон, фарогирии толибагон ба зинаи сеюми таҳсил, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар аксар ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, мактабу омӯзишгоҳу литсейҳо, корхонаю муассисаҳо ҷамъомадҳо доир карданд. Барои соли 2014 нақша-чорабинии мукаммал тартиб дода шудааст, ки дар асоси он баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор хоҳем бурд, — мегӯяд мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Мамлакат Зоитова.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»