Сабр-калиди кушоиш

№83 (3068) 04.07.2013

Собиқаи омӯзгории сисола дорам. Тағйироти куллиеро дар сохтори ҷамъиятӣ шоҳид ҳастам, Иттиҳоди Шӯравӣ аз миён рафт, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мустақил гардиданд. Аз он ки дар замони шӯравӣ таҳсил кардаву камол ёфтаам, таҳаввулоти куллии соҳаи маорифро дар замони соҳибистиқлолӣ ба хубӣ эҳсос мекунам.

Замони шӯравӣ, ки тарбияи атеистӣ пурзӯр буд, таълими ҳаёту эҷодиёти шоирони тасаввуф, ба монанди Аттори Нишопурӣ, Саноии Ғазнавӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон ғайриимкон буд. Дар таълими осори классикони дигар низ монеаҳо вуҷуд доштанд. Барои насли мо маълум аст, ки риояи қоидаҳои мусулмонӣ, таҷлили идҳои Рамазону Қурбон чӣ сон кори мушкиле буд.

Хоҷа Ҳофиз мефармояд:

Сабр кун, Ҳофиз, ба сахтӣ рӯзу шаб,

Оқибат рӯзе биёбӣ комро.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол аст. Давлати соҳибистиқлоли миллӣ  барои рушду нумуи тамоми соҳаҳои ҳаёт шароити мусоид фароҳам овардааст. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  озодии дину эътиқодро кафолат медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки хушбахтона, соли 2012 дар қатори 500 мусулмони бонуфузи олам ҷой гирифтанд, ба эътиқодоти мардум арҷ мегузоранд ва баҳри густариши таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам талошҳо доранд. Бо ташаббус ва дастгирии  Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ тарҷума ва бо теъдоди зиёд чоп гардида, дастраси мардум шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба барномаҳои таълимии фанни адабиёти тоҷик тағйироти зиёде ворид гардид, ки барои нашри китобҳои дарсии мукаммал мусоидат намуд. Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти шоирони аҳли тасаввуф соатҳои зиёде дар барномаи таълимӣ вуҷуд доранд. Маълум аст, ки барои тавзеҳи осори адибони тасаввуф донистани таърихи ислом зарур аст. Озодии ақидаву эътиқод имкон додааст, ки  китобҳои зиёде доир ба ин мавзуъ низ интишор шаванд. Аз ҷумлаи чунин китобҳо «Тафсири сад ғазали Ҳофиз» аст, ки барои ҳар як омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик маълумоти нодир медиҳад. Чун намунае аз тавзеҳоти китоби мазкур, байти зикршудаи Ҳофиз: Сабр кун, Ҳофиз, ба сахтӣ рӯзу шаб… Фармудаи Худованд аст дар Қуръони Карим: «Эй касоне, ки имон овардаед, ба сабр ёрӣ ҷӯед, ки Худованд бо шикебоён аст». Ва ё Паёмбар (с) мефармоянд: «Сабр калиди кушоиш аст».

Байти дигар:

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,

Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.

Ин байт низ бо ин фармудаҳои Худованд  асоснок мегардад:  «Барнамедорад бардорандае гуноҳи дигареро»,  «Ҳар кас дар гарави кору амали хеш аст». Дар дастури ахлоқии ҳазрати Алӣ (р) низ чунин зикре ҳаст: «Ҳар кас ба айби худ назар кунад, аз айби дигарон ғофил монад».

Ҳадаф аз зикри ин суханҳо он аст, ки  барои шарҳу тавзеҳи осори ниёгон  донистани асосҳои дин зарур аст ва хушбахтона, имрӯз ин имкон фароҳам аст. Тавре Иқболи бузург мефармояд:

Ислом ба зоти худ надорад  айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Ислом ба зоти худ саропо  ахлоқ, манбаи бузурги панду насиҳат аст. Махсусан, таълимоти  мазҳаби ҳанафӣ бо талқини таҳаммулпазирӣ  барои таъмини ҳаёти осудаву босубот комилан мусоидат мекунад.

Ниҳолаки истиқлоли мо имрӯз чун дарахтест, ки  дар ҳама соҳаҳо меваҳои шаҳдбор ба бор оварда истодааст. Барои зиндагии арзанда, ҷомеаи  озоду бунёдкор  тамоми шароит муҳайёст. Моро месазад ба қадри ин имконоти фаровон  бирасем ва барои шукуфоии  Ватани азиз талош варзем.

 

Умарқул  Раҳимҷонов,

омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12, ноҳияи Айнӣ