Шикасти зулмот аз иттифоқ аст

№63 (3364) 04.05.2015

Рӯзҳо, моҳҳо, солҳо ва асрҳо мегузаранд. Лаҳзаҳои гузашта дар сафҳаи таърихи давлатдории мо сабт мегарданд. Гузаштаи мо ин таърихи мо аст. Ҳар як миллату халқият таъриху тамаддуни худро дорад. Таърихи гузаштаи мо ба ҳама аён ва хеле пурфоҷиа мебошад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд таърихи гузаштаи худро донад, зеро бе донистани таърих имрӯзу фардои худро муайян карда намешавад. Миллати тоҷик таъриху тамаддуни хеле қадима дорад. Вай насли ориёӣ буда, аз қадимулайём то имрӯз, сарфи назар аз ҳама душвориҳо, истисморгариҳо ва ҷангу ҷидол, миллат, забон ва таъриху тамаддуни худро нигоҳ дошт. Тоҷикон аз аввали давлатдориашон рӯ ба равнақу инкишоф оварданд.

Беҳтарин ва арзишмандтарин дастовард барои миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли соҳибдавлатӣ (давраи Сомониён) ин Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

Ҳамин тариқ, баъд аз даҳ аср орзую ормони миллати тоҷдори мо амалӣ гардид. Нуҳуми сентябри соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа ва давлати тоҷикон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Хурсандию шодбошиҳои тоҷикон ва тоҷикистониён ҳадду канор надошт.

Мутаассифона, ин хурсандию шодӣ дер давом накард. Бо дахолати қувваҳои беруна ба сиёсати дохилӣ, якдигарнофаҳмӣ ва маҳалгароӣ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Аз таърих аён аст, ки ҷангҳо ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд: ҷангҳои ҷаҳонӣ, ватанӣ, шаҳрвандӣ ва ғайра. Аз ҳама хавфноктарини ҷангҳо ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, зеро дар ҷангҳои ҷаҳонӣ ва тан ба тан рақиб ё душман аниқ маълум аст. Дар ҷанги шаҳрвандӣ бошад, баръакс, рақиб ва душман номаълум аст. Ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон оғоз гардид, ин ҷанги бародаркуш буд. Ҷанги тоҷик бо тоҷик. Дар натиҷаи ин ҷанг ба мардуми кишвар зиёни калони ҷонӣ ва моддӣ расонида шуд. Аз ҷумла ҳазорон нафар мардуми бегуноҳи кишвар кушта шуда, ҳазорон нафари дигар ҷумҳуриро тарк карданд. Зарари ҷиддӣ ба иқтисодиёти кишвар расонида шуд, мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари парокандагӣ, несту нобудшавии миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ба миён омад.

Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсеро ба сари миллати тоҷик роҳбар овард, ки тамоми вуҷудаш, тамоми пайвандаш, тамоми ҳастиаш, тамоми маҳорату матонаташро ба халқи худ бахшида, мардуми кишварро ба сулҳу салоҳ овард, фирориёнро аз кишварҳои дуру наздик ба Ватан баргардонд. Ин шахс — марди шуҷоъ, роҳбари хирадманд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд. Мо — халқи тоҷик шукрона ба Ҳақ мекунем, ки чунин пешворо ба халқи мо лоиқ гардонидааст. Дар он давра ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре пайдо нашуд, ки роҳбарии давлатро ба дӯши худ гирад. Ӯ ҳаёти худ ва ҳатто ҳаёти наздикони худро зери хатар монда, роҳбарии кишварро ба даст гирифт.

Аз таърихи гузашта аён аст, ки дар давраҳои гуногун фарзонафарзандони миллат, аз қабили Муқаннаъ, Деваштич, Спитамен, Темурмалик ва дигар қаҳрамонони шуҷоъ халқи тоҷикро муттаҳид намуда, бо истилогарон ва душманони аҷнабӣ муборизаҳои беамон бурдаю забон ва маданияти тоҷиконро ҳифзу ҳимоя намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон низ аз қаҳрамонони гузаштаи миллат ибрат гирифта, бо дигар абармардони тоҷик дар як саф мардумро ба сарҷамъиву худогоҳӣ, сулҳу ваҳдат ва муттаҳидӣ даъват намуда, тоҷику тоҷикистониёнро ба зиндагии осоишта, бунёдкорию ободии Ватани азиз раҳнамун сохт. Таи 23 соли роҳбарии худ, сарфи назар аз ҳамаи мушкилиҳо, миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давлат дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа давра ба давра амалӣ гардида истодаанд, зеро дар вақти қабул кардани вазифаи пурмасъули сарварии давлат ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фасод ва буҷети давлат касод гардида буд. Ҳамаи инро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифр оғоз карданд.

Дар ҷумҳурӣ заводу фабрикаҳо, биноҳои боҳашамат, иншооти бузурги замонавӣ бунёд гардиданд ва сохтмони биноҳои дигар идома доранд. Барқарорсозӣ ва идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, бунёди ҳазорҳо километр роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ, сохтмон ва бунёди нақбҳои бузург, сохтмон ва таъмири даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, бунёди хатҳои обрасонӣ, обёрӣ ва васеъ кардани заминҳои кишоварзӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.

Баъди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар базаи ҳуқуқӣ пурзӯр гардид ва ҳоло мақомоти давлатӣ пурра фаъолият намуда истодаанд. Артиши миллӣ тавоно, бо техникаи ҳарбии ҳозиразамон, ҳайати шахсӣ таъмин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи солҳои охир ба рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин баланд бардоштани мақоми омӯзгор диққати ҷиддӣ зоҳир намуда истодаанд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) минҷумла чунин зикр шудааст: «…дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар мақомоти давлатиро вазифадор намуданд, ки то соли 2018 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо омӯзгорони сатҳи баланди касбӣ пурра таъмин карда, ба Ҳукумат ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони дигар соҳаҳо пешниҳод манзур намоянд.

Муҳаббати ба халқи худ доштаи Сарвари давлат мардуми кишварро ба сарҷамъиву худогоҳӣ оварда расонид. Шаҳри Панҷакент низ ба монанди дигар минтақаҳои Тоҷикистони азиз аз файзи истиқлол ва ғамхории Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гашт. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифтани 1150- солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани Саразми қадим, таҷлил ва азнавсозии шоҳроҳи Айнӣ- Панҷакент, сохтмони даҳҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ ва кушодани муассисаи олии касбӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Таъсис додани муассисаи олии касбӣ, яъне Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Аз ин рӯ, кулли устодон ва кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба маориф, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, консепсияҳои миллии илм, таълим ва тарбия, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар соҳаи маориф қабул гардидаанд, фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи доимии кори худ қарор дода, баҳри иҷрои онҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Мо боварии комил дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо халқи заҳматпеша, сулҳхоҳу меҳнатдӯст, меҳмоннавозу инсонгаро, боандешаву бонангу номуси худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзую амали худ хоҳад расид, зеро шикасти зулмот аз иттифоқ аст ва мардуми Тоҷикистон имрӯз беш аз ҳарвақта муттафиқанд.

Муаззамхон АНСОРӢ, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар  шаҳри  Панҷакент, профессор