Шоистаи иззату эҳтиром

№69 (3370) 18.05.2015

-Хабари хушу ҳаяҷоновари Ғалаба дар ҷанги зидди Германияи фашистӣ 9 майи соли 1945 дар сар то сари кишвари бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ мутантан садо дод. Иштирокчиёни ҷанг то ин Ғалаба хеле зиёд садои тиру тӯпро шунида буданд, ки дар гӯши зиндамондагон  ҳоло ҳам садо медиҳад.

Бо гузашти солҳо сафи иштирокчиёну шоҳидони ин ҷанги хонумонсӯз торафт кам мегардад, вале аҳамияти Ғалабаи онҳо дар замони осуда бештар маълумтар мешавад, — мегӯяд раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати деҳоти «Ғазантарак»-и  ноҳияи Ғончӣ Абдураҳмон Розиқов.

Дар ҳудуди деҳоти мазкур се нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 13 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки бо медали «Хизмати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд, кору зиндагӣ доранд. Бо вуҷуди он ки ҳамаи собиқадорон имрӯз  солхӯрдаанд, рӯҳияи ватандӯстию дилгармӣ ба ҳаёт онҳоро тарк нагуфтааст.

- Мо ҳамоно ҳидоятгару ташаббускори ободию созандагӣ ва тарбиятгари хуби насли наврас мебошем. Собиқадорони мо ба шарофати иқдомҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ғамхории рӯзафзун фаро гирифта шудаанд. Аз парасторӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия баҳраманд мебошанд. Масалан, соли гузашта дар ноҳияи Ғончӣ «Соли кӯҳансолон» эълон гардида, дар доираи чорабиниҳои зиёд собиқадорон қадршиносӣ карда шуданд, — мегӯяд Абдураҳмон Розиқов.

Бино ба гуфти мавсуф, дар маркази деҳаҳо, муассисаҳои таълимии ноҳия лавҳаҳои хотиравӣ бахшида ба иштирокчиёни ҷанг, меҳнаткашони ақибгоҳ ташкил карда шудаанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51- и деҳаи Ғазантарак бо ташаббуси сарвари муассиса Маъмур Додобоев дар лавҳаи алоҳида номи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳа  якҷо бо тарҷумаи ҳолашон ҳаккокӣ шудааст.

Синф — осорхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13- и деҳаи Зарнисор аз ҳаёту роҳи ҷангии тайнамудаи яке аз қаҳрамонони набарди зидди адӯ ва иштирокчии фаъоли ҳаёти баъдиҷангӣ Ҳомид Азаматов ҳикоя менамояд. Осорхонаи номбурда дар азназаргузаронии вилоятӣ ба пешвози 70-солагии Ғалаба баҳои шоистаро соҳиб шуд.

- Чунин тадбирҳои мушаххас бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба бар Германияи фашистӣ, ки имрӯзҳо бо ибтикори Шӯрои деҳоти мо гузаронида мешаванд, исботи он аст, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад, — иброз дошт Абдураҳмон Розиқов.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»