Шукр гӯям зиндагиро…

№97-99 (3082-3084) 01.08.2013

Тоҷикистон! Номи поки ту қуввату дармони ман аст! Шукуфоии ту шукуфоии қалбу оромии руҳу ҷони мардуми кишвар мебошад. Ҳар як ваҷаб хоки ту азизу муқаддас ва дахлнопазир буда, халқи баору номусат барои ҳифзи он ҳамеша ҷон ба каф омодаанд. Ободии ту имрӯз дили ҳазорон фарзандонатро фараҳманд кардааст.

Сад афсӯс, ки ҳамин ободӣ, шукуфойӣ, осудагию оромии туро бархе аз нотавонбинон дида наметавонанд ва онҳо чун  пешдаргиронони оташи кинаву адоват фарзандони нохалафатро истифода мебаранд. Яке аз чунин гумроҳгаштагонат Додоҷони Атовулло мебошад, ки берун аз кишвар қарор дошта, аз шабакаҳои ғайридавлатии хориҷӣ баромадҳо дорад ва мехоҳад мардуми тоҷикро гумроҳ намояд.

Ӯ дод мезанад, ки ватандорон хеле зиёданд ва ӯро тарафдорӣ менамоянд. Гӯё мардуми тоҷик қашшоқ бошаду дар қашшоқӣ умр ба сар мебарад. Ӯ санги маломат ба сари Сарвари бонангу номус ва ҳомии сулҳу ободии мо- Эмомалӣ Раҳмон  заданист. Ӯро бо суханҳои пучу бемазза ва беасоси худ бадном карданист, ӯ ҳеҷ ба ин муваффақ намегардад, зеро имрӯз мардуми тоҷик мардуми солҳои навадум нест, ӯ зарбаи чашмакзанию суханҳои тумтароқи шумо ва шумо баринҳоро аллакай чашидааст ва намехоҳад дигар он рӯзҳои сиёҳ ба сараш ояд.

Додоҷон! Ҳар қадар ту дод заниву Сарвари давлатамонро бадном намоӣ, ҳамон қадар меҳри бузурги ин марди сулҳхоҳу адолатпарвар дар қалби мардуми тоҷик зиёд мегардад, нафраташ нисбати ту ва ту баринҳо меафзояд. Як маротиба ба Тоҷикистон омада, аз вилояти Суғд то ба Душанбе бо роҳи мошингарди кӯҳӣ сафар намо. Ту бо чашми худ мебинӣ, ки чӣ қадар ин роҳи кӯҳӣ обод гаштаасту синаи кӯҳ шикофта шуда, роҳи каф барин рост,           нақбҳои бузург ба мардум хизмат менамоянд. Ин фақат як шингили комёбии халқи тоҷик дар давоми Истиқлолият аст. Ҳол он ки ҳазор-ҳо чунин иншооти бузурги аҳамияти калондошта дар Тоҷикистон бунёд гашта, дили  мардумашро шод ва меҳри ӯро нисбати Ватани азиз, Сарвари оқилу донояш афзун мегардонад.

Ман имрӯз аз номи омӯзгорони бонангу номус мегӯям, ки мо-омӯзгорон дар лаҳзаҳои душвори Ватан онро танҳо нагузоштем ва мисли туву худат барин нокасони тарки Ватаннамуда, аз орому осуда гаштани он ҷор намезанем, ки ин дурусту он нодуруст аст.

Агар ту ватандору ватанхоҳ мебудӣ, дар лаҳзаҳои душвор бо Ватан нафас мекашидӣ. Дар яке аз вохӯриҳо шоири шаҳири тоҷик, шодравон Лоиқ Шералӣ он рӯзҳои мудҳиши оғози ҷанги шаҳрвандиро ба ёд оварда, гуфта буд: Ман берун аз ҷумҳурӣ қарор доштам. Вақте шунидам, ки дар Душанбе тирпарронӣ шудааст, нимашаб ба Тоҷикистон омадам, дар сурате ки бархе ватандорон аз Душанбеи ба ҷанг дучоргашта фирор намуда  буданд.

Бале, чунин фарзандони бонангу номус дар ҳар лаҳза, хоҳ лаҳзаи хуш бошаду хоҳ нохуш, ҳамнафаси Ватан гаштанд.

Додоҷон! Ту дигар моро гумроҳ карда наметавонӣ! Мо- омӯзгорон қувваи бузург, бо Сарвари давлат ҳастем ва ӯро дӯст медорем, аз шукуфоии Тоҷикистон ҳамроҳ ҳаловат мебарем ва шукри чунин даврони накӯ дорем.

Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину  талх,

Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.

Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чи ҳасту нест,

Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.

Муаззама Абдуваҳҳобова,

директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1, шаҳри Истаравшан