«Соли 2014 – соли роҳҳои обод»

№10 (3156) 28.01.2014

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати корӣ оид ба татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» доир гардид.

Дар машварат муовини раиси вилоят Х. Маҳмадуллоев маърӯза карда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоят, бо ибтикори раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» эълон гардидааст.

Баҳри таъмини иҷрои иқдоми мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳаи роҳдории вилоят якҷоя бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят Барномаи вилоятии «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» таҳия ва бо қарори раиси вилоят аз 10 январи соли 2014 таҳти №15 тасдиқ карда шуд.

- Ҳангоми таҳияи Барнома маълум гардид, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аҳамияти зарурӣ зоҳир наменамоянд, — зикр дошт муовини раиси вилоят. -Танҳо солҳои охир ба таъмири роҳҳои асосӣ ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 2000 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмир бароварда шуд. Барои таъмири асосии роҳҳо  аз буҷети вилоят зиёда аз 100,0 млн. сомонӣ маблағ равона ва наздик ба 80 километр роҳ пурра мумфарш гардид.

Танҳо тӯли соли гузашта 1472,3 км роҳҳо аз таъмир бароварда, 61,5 км роҳ пурра мумфарш карда шуд. Маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар соли 2013 нисбат ба соли 2010 аз буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 13 маротиба зиёд гардид.

Боиси қаноатмандист, ки ба таъмири роҳҳо соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамасола даҳҳо километр роҳро таъмиру мумфарш менамоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар машварат иқдоми мазкурро нек арзёбӣ намуда, ба масъулин бобати иҷрои саривақтӣ ва босифати Барномаи вилоятии «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мухтори Абдулло,  «Садои мардум»