Ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

№73 (3219) 04.07.2014

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ярмарка –фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрока баргузор гардид.

Дар ярмарка Корхонаи воҳиди давлатии «Захираҳои моддии Суғд», бозорҳои шаҳр – «Панҷшанбе», «Афросиёб», «Баракат Ко-ЛТД» «Неъматуллоҳ», «Гулистони Хуҷанд», ширкатҳои хусусӣ, деҳқонони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсулоти гӯштӣ, полезӣ ва нӯшокиҳои ташнашиканро барои харидорон пешниҳод намуданд.

Тамоми маҳсулоти пешниҳодшуда то 20 фоиз арзон ба фурӯш гузошта шуд. Аз ҷумла дар ярмарка як килограмм гӯшти гов 27 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ ва орд бо нархи 110 сомонӣ пешниҳод гардид.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»