ВМКБ: чун анъана нақшаи даъват дар як рӯз иҷро гардид

№ 03.10.2023

НАКША МАШХУР 021023 (2)Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни суханронӣ дар маросими «Рӯзи даъватшаванда» нахуст аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз номи хеш ба даъватшудагон, волидону наздикони онҳо, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, комиссияи даъват, масъулини комиссариатҳо, роҳбарони идораю муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ баҳри нишон додани масъулияти баланд дар ташкилу баргузории маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Таъкид шуд, ки соли панҷум аст, ин анъанаи нек, яъне дар як рӯз таъмин гаштани нақшаи даъват дар ВМКБ боиси ифтихор ва сарбаландии ҳамаи сокинони вилоят буда, ин иқдом аз ҷониби аҳли ҷумҳурӣ, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор гирифт.

Раиси ВМКБ инчунин афзуд, ки воқеан Пешвои миллат чун поягузори неруи пуриқтидори мудофиавии мамлакат дар мулоқоти навбатӣ бо фаъолони вилоят бори дигар аз ватанпарастию миллатдӯстӣ ва садоқати мардуми шарифи Бадахшон сухан гуфта, дар радифи дигар заҳматҳо бори дигар ба ҳамагон ҷиҳати саривақт иҷро намудани нақшаи даъват изҳори сипос намуданд.

Нерӯҳои қудратию низомии кишвар, ки зодаи замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошанд, бо дастуру ҳидоят ва заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат, таъсису ташаккул ёфта, масири басо мураккаби таърихиро тай намуда, минбаъд дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими волоияти қонун ҳиссаи арзанда гузоштанд. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо садоқати худ нишон медиҳад, ки давлату ҷомеаи Тоҷикистон сипари фӯлодини мудофиавӣ дорад.

Роҳбарияти вилоят таъкид намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи наву пуршараф дар китоби ҳаёти онҳо хоҳад буд, зеро аз як ҷиҳат агар онҳо қарзи муқаддаси фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи худ ба ҷо оранд, аз ҷониби дигар, наваскарон аз мактаби бузурги мардонагӣ гузашта, чун шахсият ба камол мерасанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои Мардум»