Ҳар чӣ кунӣ, боз нишонат диҳанд

№73 (3219) 04.07.2014

Сабабгори асосии ба вуҷуд омадани нооромиҳои дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қувваҳои манфиатхоҳ мебошанд, ки бо ин роҳ оромии ҷомеаро барбод доданӣ мешаванд. Чунин афрод аслан дар дохил кор мекунанду аз хориҷ идора мешаванд. Манфиатхоҳони хориҷӣ бошанд, бо шахсони ба ном ҷомеасоз мулоқот меороянд. Ҳодисаҳои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон замоне ба амал омаданд, ки дар он рӯзҳо як нафар иғвогар ва фиребандаи мардуми Бадахшон — Мамадшоева Улфатхонум Масумовна бо хоҷагони хориҷиаш ҳамсуҳбат гашт  ва барои оромиро аз байн бурдан бо онҳо аҳди хизматгузорӣ баст.

Ӯ дар ин муноқиша сад дар сад гунаҳгор аст ва боиси сар задани бетартибиҳо дар шаҳри Хоруғ маҳз  вай мебошад. Ӯро дар шаҳри Хоруғ ҳамчун ташкилкунандаи асосии гирдиҳамоӣ мешиносанд. Ин бори якум нест. Масалан, ҳангоми бетартибиҳои оммавии соли 2012 аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ сафар карда, ҳисси бадбинии як гурӯҳ занонро ба муқобили роҳбарони ҳокимияти маҳаллии вилоят ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бедор карда буд. Бо ишора ба занони мисли худаш манфиатҷӯ, даъво пеш меовард, ки бояд дар Бадахшон танҳо бадахшониҳо кор ва сукунат намоянд. Дигар тоҷикони дар вилоят истиқоматдошта  бояд тарки Бадахшон бикунанд. Мамадшоева мунофиқ аст ва якпорчагии марзу буми кишвари азизамонро намехоҳад. Вале дигаронро бо он гунаҳгор кардан мехоҳад, ки чун вай зани «фаъол» нестанд. Улфатхонум, ки худ гумроҳ аст ва дигар роҳи раҳоӣ ҳам надорад, мехоҳад, ки занони осудаҳоли Бадахшонро низ аз пайи худ ба самти номаълум равона кунад. Дар нооромиҳо худро ҳамчун озодандеш нишон доданӣ мешавад, аммо дар асл намедонад, ки ин «озодандешиаш» боиси марги чанд ҷавонмард гашт? Занон дар тамоми давру замон пеши роҳи ҷангро мегирифтанд, намегузоштанд, ки фарзандонашон дар ҷанг ҳалок шаванд. Аммо Мамадшоева модарест, ки ҳамеша дар пайи нооромиву низоъ ва ҷангу набард мебошад. То ҳол ба дарки ин хислати манфур ва рафтори ғалаташ нарасидааст. Ин буд, ки барои ба майдон овардани сокинони Бадахшон аз хоҷагони хориҷиаш пайса ва ваъдаи муҳайё кардани шароит  барои истиқомат дар хориҷаро гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон Мамадшоева Улфатхонум роҳбарии ташкилоти  ҷамъиятии «Номус ва инсоф»-ро ба уҳда дорад.  Ташкилоти мазкур бо маблағи ҳангуфти хоҷагони хориҷӣ таъсис дода шудааст ва ҳадафи ягонааш заифгардонии пояҳои давлатдории миллии тоҷикон аст.

Дар аксар маврид, Улфатхонум худро ҳамчун коршинос ба қалам дода, вазъияти имрӯзаи кишварро бо диди мунофиқонаи хеш баҳо медиҳад. Дар ҳар суханаш дурӯғ ҷой дошта, мардумро сӯйи гумроҳию иштибоҳ мекашад. Дар ин робита, ҳатто тавассути воситаҳои ахбори омма суҳбатҳо мекунад ва матолиби зиёди дур аз ҳақиқатро рӯйи саҳифаҳои матбуот меоварад. Дар баромадҳояш иғвоангезию худхоҳӣ  ба назар мерасанд. Мусоҳибаи ӯ дар бахши тоҷикии радиои «Би-би-си» бо хабарнигор Зарринаи Хушвахт, ки соли 2011 сабт гардидааст, ба ин мисол шуда метавонад. Мамадшоева У. мегӯяд: «Ман ҳанӯз, замоне ки нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуда буд, дарк кардам, ки институти интихоботи озоди роҳбари як кишвар барои мардуми мо барвақт аст» ва идома медиҳад: «Зеро, бо вуҷуди он ки миллати мо дар шиноснома тоҷик навишта шуда буд, мардум аз ҳам хеле ҷудо буданд, яъне мо ба унвони як миллати том вуҷуд надоштем».

Вақте Улфатхонум худ дар бораи ояндаи кишвар фикрҳои куллан хаторо ироа медорад ва назди ҳар нафар нисбат ба сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ назари интиқодӣ мекунад, чӣ гуна метавон ба ӯ эътимод кард? Масалан, мегӯяд: «яке дигар аз душвориҳои мардуми мо он аст, ки ба ақидаи ҳамдигар гӯш намедиҳем. Ва ман фикр мекунам, ки ҳоло ин мушкилро аз миён бурдан лозим аст». Мамадшоева ҳатто дарк карда наметавонад, ки имрӯз танҳо тариқи дастгирии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ метавон ҳар мушкилотеро аз байн бурд, зеро тавфиқ ҳамеша дар ягонагӣ даст медиҳад.

Мамадшоева У.  шахси бадхоҳ ва мухолифи фарҳангу оини миллӣ мебошад. Ҳамин аст, ки ӯро барои барангехтани кинаю адовати миллӣ-нажодӣ аз Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон рондаанд. Пиндору гуфтору рафтори беадолатонааш ҳамеша боиси шикасти зиндагии шахсиаш гаштаанд. Кулли дӯстон аз ӯ дурӣ ҷустанд, ҳатто шавҳаронаш. Хислати вазнину дур аз одоби занонааш сабаб гаштааст,   ки шавҳари якумаш Ниёзмамадов Т. ӯро тарк кунад. Баъдан, ба Холбашов Холбаш ба шавҳар мебарояд, ки ниҳоят номбурда низ бо ӯ зистан нахостааст. Дурӯягӣ ва маккорӣ иллати рондашавиаш аз оила ва ҷудоии фарзандонаш аз падар гаштаанд. Кас аз ҳамсари хубу лоиқ ҳаргиз ҷудо намешавад. Ин мардҳо вақте аз Улфатхонум ҷудо шудаанд, шукр мекардаанд, ки аз балои азиме раҳоӣ ёфтаанд. Ҳоло бошад, Улфатхонум сари танҳо зиндагонӣ дорад ва мехоҳад ҳаёти дигаронро низ  дуним кунад, зеро аз кирдори нопокаш барнагаштааст ва аз ҳасодат зиндагонии ороми атрофиёнро таҳаммул карда наметавонад.

Мамадшоева У. дар ҳаёт ҳаргиз натавонистааст, ки роҳи дурустро пайдо кунад. Зани дастнигар, манфиатҷӯ ва ҳарҷопар аст. Аз ин рӯ, дар ягон ҷо беш аз ду сол кор накардааст. Ҳар ҷое, ки фаъолият кардааст, бо ҳамкорон низоъ ва нофаҳмиро ба вуҷуд овардааст ва кафшашро пеш гузоштаанд. Ягон ҳамкораш нисбати ӯ сухани неку хайр намегӯяд. Ҳама аз хулқу атвори бадаш мегӯянду меноланд.

Чандест, ки номбурда аз худ мухолифи сарсахти сохти давлатдории имрӯзаи тоҷикон метарошад ва назди хоҷагонаш сару садое баланд карда, Давлату Ҳукумати Тоҷикистонро зери интиқоди шадид қарор доданӣ мешавад. Мақсаду маромаш бо дурӯғ шӯронидани мардум аст, мисли солҳои 90-уми асри гузашта. Он замон, ҳамин гуна  хидматгорони хоҷагони аҷнабӣ бадбахтиҳои бешуморро ба сари мардуми тоҷик оварда буданд.

Бояд зикр намуд, ки аксарияти аҳли қалам дар мавриди ҳодисаҳои охири шаҳри Хоруғ мавқеи хиёнаткоронаи ӯро эҳсос намуданд ва дастгириаш накарданд. Вай чун журналист баромад намуда, ба ҳодисаву воқеаҳо тобиши дигар медод ва далелу арқомро ба манфиати худ таҳриф менамуд. Мамадшоева У. нафарест, ки дасисаю иғвоангезиро ҳадафи кори худ қарор медиҳад ва аз дурӯғ ҳақиқат месозаду аз ҳақиқат дурӯғ. Ӯ бо таҳлили нодурусти вазъият мардумро ба гумроҳӣ мекашад,  фиреб медиҳад. Дар бораи ҳаводиси сохтаю бофтае гап мезанад, ки худаш ба гуфтааш шак дорад. Мақсади вай танҳо хизмати бегонагон ва мардуми орому осудаи Бадахшонро ба шӯр овардан аст.

Албатта, гӯшт бе устухон намешавад. Дар кишвари азизи мо-Тоҷикистон, ки ҳамагӣ ба номи Ватан камари ҳиммат баста, содиқона баҳри рушду нумӯи давлати миллӣ кору зиндагӣ мекунанд, мисли Мамадшоеваҳо ёфт мешаванд нафароне, ки баръакс, пешрафти кишварро ҳамчун хор дар чашми хеш эҳсос мекунанд. Аз ин ҷост, ки кулбори афкори ин гуна «масъулиятшиносон»-и бемасъулият пур аз дурӯғу буҳтон, фиребу найранг, манфиатҷӯйиву иғвогарӣ мебошад, ки барои ҷомеаи миллии мо- тоҷикон хатар эҷод мекунад.

Рустам Қурбонов