Дар гирифтани раводид мушкилот дорем

№150 (3296) 19.12.2014

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳамкориҳо дар самти иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тиҷорат бо мамолики хориҷӣ, бахусус кишварҳои ҳамҷавор, пайваста густариш меёбанд.

Боз гаштани роҳи транзитии Хоруғ — Кулма-Қароқурум ва бунёди пулҳои мошингузар аз болои дарёи Панҷ, ба фаъолият оғоз намудани бозорҳои наздимарзӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имконият фароҳам овард, ки тиҷорат байни сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Бадахшони  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хеле ҳам ривоҷ ёбад. Имрӯз тоҷирони афғон на фақат дар бозорҳои наздимарзӣ, балки дар бозори марказии шаҳри Хоруғ низ, молу маҳсулоти худро ба фурӯш бароварда истодаанд.

Яке аз тоҷирони афғон Абдураҳим валади Маҳмадҳасан, ки чор сол боз дар бозори шаҳри Хоруғ дӯконеро ба иҷора гирифта, ба тиҷорат машғул аст, чунин гуфт:

- Аз Эрону Покистону Ҳиндустон молу колои хушсифат меорам ва бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш мегузорам. Аз Роҳбари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  хушнудам, ки дар кишвар фазоеро фароҳам овардааст, ки барои тиҷорату савдо хеле ҳам қобили қабул аст. Зимни мулоқоти хеш бо соҳибкорони ватанӣ Эмомалӣ Раҳмон барои  боз ҳам сода намудани расмиёти гумрукӣ ҳангоми содироту воридот ва транзити молу воситаи нақлиёт сухан гуфт ва ин, бешубҳа, барои  ривоҷёбии тиҷорат мусоидат мекунад.

Мо, тоҷирони афғон, дар шаҳри Хоруғ танҳо  аз дастрас намудани раводид мушкилот дорем. Қаблан масъалаи гирифтани раводид дар шаҳри Хоруғ ҳал мешуд. Акнун ин расмиётро бо хароҷоти зиёд маҷбурем дар шаҳри Душанбе ба сомон расонем. Аз ин хотир, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ хоҳишу илтимос дорем, ки ин мушкилоти моро дар мувофиқа бо Ҳукумати марказӣ аз байн бардоранд.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»