Дар Себзор неругоҳи барқи обӣ сохта мешавад

№83 (3068) 04.07.2013

РОШТҚАЛЪА. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа  моҳи сентябри соли равон шурӯъ мешавад, — гуфт дар машварати корӣ дар ҳузури роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ раиси ВМКБ Қодири Қосим. Асосноккунии техникию иқтисодии ин неругоҳ аз тарафи мутахассисони ватанию хориҷӣ анҷом дода шуд ва аз рӯйи ҳисоботи пешакӣ, барои бунёди он беш аз 26 миллион доллари амрикоӣ аз тарафи донорҳо ҷудо шудааст. Тавоноии ин нерӯгоҳ 10 ҳазор киловатт — соат мебошад. Раиси вилоят инчунин гуфт, ки асосноккунии техникии иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Санобод» бо иқтидори беш аз 100 ҳазор киловатт — соат то охири сол анҷом дода, бо ҷалби маблағҳои иловагӣ азнавсозии НБО-и «Оқсу» дар ноҳияи Мурғоб бо маблағгузории беш аз 4, 5 миллион евро шуруъ мешавад. Айни замон дар ноҳияи Ванҷ навсозии НБО-и маркази ноҳия ва сохтмони НБО-и хурд дар Язгулом идома дорад.