Иншооти нав ба истифода дода шуд

№15 (3316) 02.02.2015

Дар деҳаи Боғеви  деҳоти «Сучон»- и ноҳияи Шуғнон толори варзишӣ  ва  дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои дуошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Боғев соли 2011 бо супориши бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида,  дар муҳлати муқарраргашта бо сифати баланд анҷом дода шуд.

Толори мазкур бо маблағгузории давлатӣ аз ҷониби ташкилоти сохтмонии «Шариф» бунёд гардид. Барои бунёд ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани он беш аз 2, 2 миллион сомонӣ масраф   гардидааст.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар маросими мавриди истифода қарор додани ин иншоот гуфт, ки  соли 2014 дар қаламрави вилоят сохтмони беш аз 100 иншооти аҳамияти иқтисодӣ- иҷтимоидошта сохта шуд ва яке аз ин иншооти муҳташам толори варзишӣ мебошад. Чунин толорҳо солҳои минбаъда дар дигар деҳоти кӯҳистон низ қомат рост мекунанд.  Ин имконият фароҳам меорад, ки ҳар чӣ бештар ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш на фақат дар фаслҳои гарми сол, балки зимистон ҳам машғул шаванд.

Сохтмони бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа низ дар фосилаи ниҳоят кӯтоҳ, дар давоми як сол, анҷом ёфт.  Дар ҷамъомаде, ки ба хотири мавриди баҳрабардории ин иншоот дар толори  он баргузор гардид, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед  иброз дошт, ки солҳои пеш сохтмони чунин иншоот дар давоми чор-панҷ сол анҷом меёфт. Ба шарофати дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Роҳбари давлат, ин кор дар давоми як сол анҷом пазируфт. Барои сохтмони он бештар аз 8 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва иншооти мазкур бо заҳмати шабонарӯзии бинокорони Муассисаи сохтмонии №2-и ноҳияи Роштқалъа, кумаки ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода шуд.  Танҳо  дар соли 2014 дар ноҳия ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ корҳои таъмир, навсозӣ ва бунёди иншооти таълимӣ ва коммуникатсионӣ ба анҷом расидааст.

Ш. ШОҲТОЛИБ, «Садои мардум»