Кӯтоҳандешии сиёсии Шабдолов

№59 (3205) 05.06.2014

(Ҷавоб ба роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон)

Даҳаи сеюми моҳи май ҳаёти осоиштаю созандаи сокинони шаҳри Хоруғ бори навбатӣ зери хатар қарор гирифт. Таҳдид на аз берун, балки чун пештара аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи маҳаллӣ сар зад. Бори дигар талош баҳри ба моҷарои хунин кашидани сокинони шаҳр сурат гирифт.

Боздошти яке аз қочоқчбарони маводи мухаддир, ки рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи амалиёти мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ анҷом дода шуд, аз ҷониби ҳамдастонаш барои муқовимати мусаллаҳона алайҳи қонун ва таҳрики  бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ истифода гардид. Оқибати амали ғайриқонунӣ истифодаи яроқи оташфишон ва ба ҳалокат расидани яке аз шарикони шахси дар ҷиноят гумонбаршуда буд.

Сипас, ҳодисаҳо тибқи сенарияи барои Хоруғ анъанавӣ ҷараён гирифтанд. «Пешвоёни ғайриқонунӣ» аҳолии шаҳрро даъват намуданд, ки бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.  Натиҷаи бетартибиҳо ҳамла ба биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва амнияти миллӣ, ба ҳалокат расидану захмдор шудани кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  ва иштирокчиёни бетартибиҳо, ба коми оташ кашида шудани иншооти маъмурӣ ва чанд автомашинаҳо буд.

Агар сарчашмаҳои ин мухолифат ва даргириҳои чанд соли охир  дар шаҳри Хоруғ суратгирифтаро, ки аз рӯйи масоҳат ҳамагӣ 13 фоизи қаламрави ВМКБ-ро фаро мегиранд, муқоиса намоем, онҳо амалан яксон буда, ҳамеша аснои аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудани афроди қонуншикан оғоз шудаанд. Ҳатто коршиносони хориҷӣ ҳам моҳияти ҳодисаҳои мазкурро ҳамчун муборизаи раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ барои нигоҳ доштани роҳҳои ташкилкардаи қочоқи сангҳои қиматбаҳо, маводи мухаддир, тамоку ва ғайра маънидод мекунанд.Масалан, тибқи ақидаи Аркадий Дубнов, коршинос оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бенизомиҳои шаҳри Хоруғ ин ҷузъи  мухолифатҳои дуру дарози ҳокимияти марказӣ ва он қисмати  аҳолӣ мебошад, ки ба тиҷорати ҷиноӣ машғуланд.

Андеша сари он меравад, ки таҳдиди маводи мухаддир дар Помир тамоюл ба густариш дорад.  Ҳама гуна кӯшишҳои амалии сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар самти таҳкими бунёдии сарҳади давлатӣ, ки қисмате аз сиёсати меҳанпарастии мо мебошад, ба қочоқчиёни маводи мухаддир, ки нақши қисми нафратзадаи ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ мебозанд, хуш наомадааст.

Бино ба гуфти куҳансолони маҳаллӣ, соли ҷорӣ фаъолияти сохторҳои қудратӣ самаранок арзёбӣ мешавад. Дар натиҷаи коркарди мақсаднок қочоқбари шинохтаи маводи мухаддир Бозоров Темурбек Наврӯзбекович боздошт гардида, бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Барои онҳое, ки огаҳӣ надоранд, хотирнишон месозем: Ин пешвотароши ҷавонони маҳаллӣ 300 нафар ҷавонро мубталои дарди бедавои истеъмоли героин кардааст. Дар натиҷа, аксарияти онҳо аз истеъмоли «доза»-и зиёдатӣ фавтидаанд. Худаш бошад, хонаашро дар деҳаи Поршнев ба фурӯшгоҳи маводи мухаддир ва маркази махсуси таъмини алафҳои нашъадор табдил дода буд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, танҳо давоми соли 2013 дар қаламрави ВМКБ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз ним тонна маводи мухаддир мусодира гардида, зиёда аз 20 канали интиқоли ин вабои аср дар миқёси вилоят ошкор ва барҳам дода шуд.

Аз оғози соли 2014 бошад, ҳафт роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешгирӣ шуда, 70 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 10 килограмми  онро героин ташкил медиҳад.

Бинобар ин, мантиқист, ки заминаҳои аслии рӯйдодҳои Хоруғ, ки асосан иқдомоти мусбии Ҳукумат оид ба эҷоди садди қавӣ миёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии ду соҳили дарёи Панҷ ва монеагузорӣ байни муомилоти  героинии онҳо гардидаанд, аз ҷониби онҳо рӯйпӯш карда мешаванд.

Бо вуҷуди ин, қайд кардан зарур аст, ки танҳо гурӯҳи маҳдуди одамон бо тиҷорати ҷиноӣ алоқаманданд. Гурӯҳи кӯчаки «пешвоёни ғайрирасмӣ» кӯшиш доранд бо кадом роҳе бошад, манбаъҳои даромади ҷиноии худро аз таъсири қонун эмин дошта, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро фалаҷ гардонанд.

Мутаассифона, намояндагони алоҳидаи доираи маъруфи маҳаллӣ кирдори омилони ҷиноятпешаро зери ғояҳои ҳамшаҳрипарастӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва пуштибонии сокинони зодгоҳи худ пинҳон карданӣ мешаванд. Бо ин васила, бозии ошкоро бо мақсади фиреби аҳолӣ ва таъмини муътадили тиҷорати ҷиноӣ амалӣ карда мешавад, ки ҳиссаи бузурги даромади он ба ҷайби ашхоси алоҳида ворид мегардад.

Дар ин росто, ҳодисаҳое, ки дар Хоруғ ба вуқӯъ пайвастанд, бо ягон сиёсат ва решаи иҷтимоӣ алоқамандӣ надоранд. Ин ҷо танҳо муборизаи ҷиноят бо ҳокимият мебошад, ки мақсад аз он пушти талоши нигоҳдории нуфузи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз болои маблағҳои воридшавандаи криминалӣ маҳфуз аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд: «ҳадаф воситаҳоро ҳақ мебарорад», бахусус вақте бо даромадҳои ҳангуфт марбутанд. Ин навигарӣ нест. Вале барои мо мақоли мазкур маънои дигаре касб мекунад, зеро моҳияти фоҷиаи миллатро инъикос менамояд: «Муътабарон»-и доираҳои криминалии шаҳри Хоруғ солиёни зиёде бо сӯйистифода аз боварии шаҳрвандони одӣ, ҳамшаҳриҳои худро фиреб дода, онҳоро ҳамчун василаи ба даст овардани ҳадафҳои тамаъҷӯёнаи хеш ба кор мебаранд. Онҳо доимо психологияи «ғорнишин»-онаи  баъзе сокинони ин минтақаи кӯҳистониро истифода мебаранд, ки тибқи он «новобаста аз содир кардану накардани ҷиноят, инсон бояд ҳамшаҳрии худро муҳофизат кунад», минҷумла аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Мутаассифона, баъзе сиёсатмадорони Тоҷикистон бо ақидаҳои бемулоҳиза, дар ин роҳ ба ҷинояткорон мусоидат менамоянд. Мусоҳибаи матбуотии раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бо шарҳу тафсирҳои яктарафа вобаста ба воқеаҳои ахири шаҳри Хоруғ, ба ин мисол шуда метавонад. Агар аз изҳороти Шабдолов хулосаи мантиқӣ барорем, ҳукумати марказӣ  бояд бо ҷинояткорони маҳаллӣ кордор нашавад, зеро онҳо ҳатто «дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ва баъди суқути он, инчунин ҳангоме ки марзро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳадчиёни Россия муҳофизат мекарданд,  арзи ҳастӣ доштанд».

Ҳусни таваҷҷуҳи ҳамшаҳриёнаи рафиқ Шабдоловро ба виҷдони коммунистиаш ҳавола мекунем, зеро шояд ин ҳис дар пояи мушкили ошноёни мушаххаси ӯ бо қонун пайдо шуда бошад.  Вале Шодӣ Шабдолов ҳаргиз ҳаққи онро надорад, ки мавқеи сиёсии роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон расман амалкунандаро, бо такя ба эҳсосоти шахсии худ, тафсир намояд.

Барои инсоне, ки собиқаи сиёсиаш аз чандин даҳсолаҳо иборат аст, ин амал нобахшиданист. Вале, шояд гузашти синну сол қобилияти зеҳнии ӯро баҳри арзёбии дурусти вазъият ва тасмимгирӣ кунд сохта бошад ва ин омил бояд барои ҳамҳизбҳояш бонги изтироб гардад. Ман, ҳамчун коммунист,  мулоҳизаҳо ва арзёбии Шодӣ Шабдоловро оид ба воқеаҳои Хоруғ қотеъона маҳкум менамоям. Ба ақидаи ман,  ин рафтори роҳбари Ҳизби коммунист ба обрую нуфузи ӯ таъсири манфӣ расонида, норозигии бештари аъзои ҳизбро ба миён меорад.

Бевосита ба изҳороти             Ш. Шабдолов метавон гуфт: аввалан, додани тобиши геополитикӣ ба раванде, ки аслан хислати  ҷиноӣ дорад, на иҷтимоӣ, амрест бемаънӣ (дар ин бора Ш.Шабдолов ҳамчун сокини Тоҷикистон ва зодаи ВМКБ беҳтар аз ҳама медонад). Дуюм, чунин изҳороти бемасъулиятонаи роҳбари ҳизби сиёсӣ метавонад аз ҷониби баъзе «барумандони» кӯтоҳандеши шаҳри Хоруғ ҳамчун дастгирию умед барои идомаи фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, фитнаангезиҳо дар байни ҳамшаҳриҳо ва эҷоди ошӯбҳо арзёбӣ карда шавад. Ин қадам, аллакай осеби мустақим ба амнияти миллии Тоҷикистон хоҳад буд, ки ҳеҷ кас ва  дар ягон ҳолат ба ин роҳ нахоҳад дод.

Роҳи ягонаи рушду тавсеаи аҳолии ВМКБ ҳиссагузории ҳамаҷониба дар шукуфоӣ ва суботи Тоҷикистон, татбиқсозии имконоти таърихӣ дар ҳифзи осори гаронбаҳо ва арзишҳои  миллӣ-фарҳангӣ мебошад.Тасдиқи инро метавон  дар нишондиҳандаҳои амалӣ дарёфт. Ба таври возеҳ дида мешавад, ки чӣ тавр бо болоравии некуаҳволии давлат, ҳаҷми сармоягузорӣ ба рушди ВКМБ  меафзояд. Масалан, агар дар тӯли  солҳои 1992-2000 барои рушди вилоят аз буҷети давлатӣ ҳамагӣ 40 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад,  аз соли 2001 инҷониб ба буҷети вилоят аллакай 4 млрд. 646 млн. сомонӣ  дохил шудааст, ки асосан ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоятӣ равона гардидаанд. Дар ҳоле ки вилоят пурра дотатсионӣ буда, ҳаҷми воситаҳои пулии аз буҷети ҷумҳуриявӣ ирсолшаванда тӯли 21 соли истиқлолият 3,7 маротиба аз даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят зиёдтар аст.

Некуаҳволии шаҳрвандон низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Тибқи маълумоти омории Вазорати корҳои дохилӣ, теъдоди умумии воситаҳои нақлиёт дар ВМКБ давоми 70 соли даврони шӯравӣ наздики 2,5 ҳазорро ташкил медод. Имрӯз бошад, он ба 9 ҳазор расидааст, аз ҷумла 8 ҳазору 300 ададашон мошинҳои сабукрави шахсӣ мебошанд.

Дар соҳаи маориф низ тағйироти бешумори мусбат дида мешавад. Масалан, тӯли солҳои истиқлолияти Тоҷикистон дар қаламрави вилоят зиёда аз 110 мактаб сохта ба истифода дода шуда, 22 ҳазор донишҷӯ дар мактабҳои олии кишвар таҳсили илм намудаанд. Танҳо дар даҳ соли охир барои таҳсил дар мактабҳои олии  хориҷӣ, аз ҳисоби давлат 532 донишҷӯ аз ҷумлаи сокинони вилоят фиристода шудаанд. Ҳамасола маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур меафзояд (барои муқоиса: дар соли 1995 барои мактабҳои олии ВМКБ аз буҷети давлатӣ 73 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, дар соли 2005 ин нишондиҳанда зиёда аз 13 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 1995-ум 77 маротиба зиёд аст).

Нишондиҳандаҳои рушди динамикӣ дар ҳар як давлат сохтмонҳо  ба  шумор мераванд. Танҳо давоми даҳ соли охир дар шаҳри Хоруғ  120 иншооти иҷтимоӣ-иқтисодӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Садҳо километр роҳҳои душворгузари кӯҳӣ сохта шуданд, ки тӯли садсолаҳои зиёде барои аҳолии минтақа хатари ҳаётӣ эҷод мекарданд. Таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингарди Мурғоб-Қулма, Шкев–Зиғар, Шоҳон-Зиғар муваффақона ба итмом расида, робитаи нақлиётии доимии вилоят бо маркази кишвар  дар тамоми фаслҳои сол таъмин карда шуд.

Барои дарки беҳтари Шодӣ Шабдолов, ки бештари маврид  асири ҳасрати даврони шӯравӣ мегардад, ба ёд овардани ҳарфҳои худаш дар мавриди он ки чӣ гуна замони шӯравӣ барои дидорбинӣ бо хешовандонаш аз Душанбе то Хоруғ  ӯ даҳҳо шаҳру нуқтаҳои аҳолинишини  ҷумҳуриҳоиӮзбекистону Қирғизистонро тай менамуд, аз фоида холӣ нахоҳад буд. Дар маҷмӯъ, ин дидорбинӣ баъди сарфи панҷ шабонарӯз аз як тарафи роҳ насиб мегашт.  Махсусан, замоне ёддошти ӯ пандомез хоҳад буд, ки имрӯзҳо ӯ аз Душанбе ба ВМКБ тавассути роҳи мустақими қаламрави Тоҷикистон, роҳе, ки дар солҳои истиқлолият сохта шудааст, сафар мекунад ва дар давоми панҷ-шаш соат ба дидори азизони хеш мерасад.

Ба рафиқ Шабдолов гуфтаниам, ки набояд нисбат ба ҳама корҳои неку мусбате, ки имрӯз дар кишвар анҷом дода мешавад, чунин кӯтоҳандеш буд. Набояд ба ҷойи тафаккури сатҳи давлатӣ,  кӯтоҳандешии эҳсосотӣ-сиёсиро намоиш дод ва худро ҳадафи истифодаи тӯдаи гурӯҳи ҷинояткоре қарор дод, ки барои пухтани тухмбирёни худ ҳозиранд хонаеро ба коми оташ кашанд.

Бинобар ин, рафиқ Шабдолов, Шумо бояд ҳақиқати қобили қабулро на танҳо аз роҳрави кӯчаи танги якҷонибаи худ, балки бо дарназардошти манфиати тамоми аҳолии ВМКБ  бигӯед, вагарна, на ҳама одамони бомаърифат, бахусус пролетарҳо, бо шумо розӣ шуда метавонанд.

Коммунист Акбар Қосимов