Мулоқот бо ҷавонон

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

Дар доираи сафари гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Руслан Шодиков бо ҷавонон суҳбату вохӯриҳо доир гардид, ки дар доираи он  ба шахсони маъюб кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуд. Зимни сафар масъулини Кумита бо тамоми табақаҳои ҷавонони вилоят вохӯрда, онҳоро барои мубориза ба муқобили ҳама гуна аъмоли зишти ҷомеа, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, воридшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм даъват намуда, онҳоро ба тарғиби ғояҳои ваҳдату ҳамдилӣ, хештаншиносӣ, зиракии сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуданд. Руслан Шодиков дар вохӯрӣ бо ҷавонони шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки мо — ҷавонон бояд барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»