Ободии диёр ба рушди соҳибкорӣ вобаста аст

№112 (3097) 07.09.2013

- Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар хеле обод гардид. Ҳар сол бо маблағгузории давлатӣ ва бахши хусусӣ, хусусан соҳибкорони маҳаллӣ дар ин деҳот иншооти зиёди хизматрасонӣ, маъмурию истиқоматӣ қомат меафрозад, -мегӯяд, — раиси ноҳияи Ишкошим Акрамшо Кӯчакшоев. Воқеан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирии соҳибкории хурду миёнаро яке аз вазифаҳои  афзалиятноки  фаъолияти худ қарор додааст. Дар ҳашт моҳи соли равон ба 350 нафар соҳибкорон барои рушди фаъолияташон бонкҳо бештар аз 3 миллион сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат додаанд. Дар ду соли охир аз ҳисоби рушди соҳибкорӣ ба буҷети ноҳия қариб 400 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Соҳибкорон М. Сафаралиев, Н. Самадов, К. Сафоев, Г. Ошурбекова, А. Хуросониев дар сохтмони меҳмонхонаҳо дар фароғатгоҳи «Биби Фотимаи Зӯҳро», чашмаи «Ширгин», деҳаҳои «Андароб», «Авҷ», мағозаи тиҷоратӣ ва меҳмонхона дар деҳаи Шитхарв ҳисса гузоштаанд. Қисме аз ин биноҳо дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба  истифода дода шуданд. Соҳибкор Миргароҷ Неъматхонов дар деҳаи Зонг ҳафт чашмаи гарми шифобахш дорад. Дар назди ин  чашмаҳо, ки  асосан барои муолиҷаи касалиҳои дарди миён, пой, гурда фоида доранд, иморати зебо  бунёд кард. Дар он ду ҳуҷраи мардона ва занона бо оби гарм таъмин буда, мунтазам кор мекунанд. Ба  ин макон на танҳо сокинони вилоят, балки  сайёҳони хориҷи кишвар низ омада, табобат мегиранд. Ин соҳибкор дар оянда ният дорад,  ки барои ободу зебо гардондани гирду атрофи чашмаҳо  гулзорҳо бунёд карда, дарахтони зиёди сояафкану мевадор шинонад, то ки диққати сайёҳонро  бештар ба табиати афсонавии диёр  ҷалб созад. Бале, соҳибкорони баору номус метавонанд дар рушду нумуи иқтисоди диёр, ободии  мулки худ саҳми арзанда гузоранд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»