Рушди ВМКБ ба соҳибкорӣ алоқаманд аст

№65 (3211) 19.06.2014

Дар машварати васеи назди раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, ки бо иштироки раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, муовинони раис, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сардорони нозироти андози шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, иқтисод ва савдо, омор, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, раисони кумитаҳои заминсозӣ, мудирони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои деҳоти вилоят баргузор гардид, рафти иҷрои қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ва ҷараёни иҷрои қарори раиси вилоят оид ба тадбирҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои корами обӣ» дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Сафарбек Қурбонбеков ва раиси Кумитаи идораи замини вилоят Амоншо Наврӯзшоев аз рӯи ин масъалаҳо ахборот доданд.

Сафарбек Қурбонбеков аз ҷумла гуфт, ки оид ба амалисозии «Барномаи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2012-2020» ва «Дар бораи Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои муайяне ба анҷом расидаанд.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед корҳои дар ин самт анҷомдодаро нокифоя арзёбӣ намуда, минҷумла гуфт, ки «Яке аз ҳадафҳои асосии Барнома ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мебошад. Аммо чуноне таҳлилҳо нишон доданд, бисёр корхонаҳое, ки ба қайд гирифта шудаанд, фақат рӯи коғаз ҳастанду халос. Дар ҳоле  ки мо имсол ташкили 22 корхонаи хурдро бо 500 ҷойи нави корӣ дар нақша дорем, 22 корхонаи мавҷуда фаъолияташонро қатъ намуданд ё  ки умуман фаъолият надоштанд».

Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорон ва фермерони вилоят Боймамад Алибахшов иброз намуд, ки солҳои зиёде ба ҳайси роҳбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кор кардааст ва воқеан ҳам амалисозии Барнома қонеъкунанда нест. Имрӯз дар қаламрави вилоят соҳибкории истеҳсолӣ қариб ки вуҷуд надорад. Фақат марказҳои савдо, қаҳвахонаю тарабхона, дӯконҳои фурӯши маҳсулот бунёд мекунанд, аммо касе дар андешаи он нест, ки пагоҳ харидорро аз куҷо пайдо мекунанд. Барои ташкили истеҳсолот монеаҳо зиёданд ва яке аз чунин монеаҳо дар марҳилаи аввал мавҷуд набудани маблағ маҳсуб меёбад. Барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, агар хурд ҳам бошанд, маблағ даркор, аммо соҳибкорони мо чунин маблағ надоранд. Бонкҳо бошанд, барои додани маблағи калон гарав талаб мекунанд ва асосан қарзҳои кӯтоҳмуддатро пешниҳод менамоянд. Аз 62 миллион сомонӣ қарзе, ки дар чор моҳи соли равон бонкҳо  додаанд, қарзҳои барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолидода ҳамагӣ як фоизро ташкил медиҳанд. Барои рушди соҳибкорӣ дар вилоят имрӯз ташкили фонди дастгирии соҳибкорӣ зарур аст, — афзуд Боймамад Алибахшов.

Мудири бахши молия, иқтисод ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилоят Имомназар Ҳақназаров зикр намуд, ки ҳангоми таҳияи барномаҳое, ки дар алоқамандӣ ба ин масъала таҳия ва қабул мешаванд, хусусиятҳои хоси иқлимию ҷуғрофии ВМКБ-ро бояд ба назар гирифт. Баъдан, низоми қарздиҳиро бояд дигар намуд ва мувофиқи  мақсад  аст,  ки вилоят минтақаи озоди соҳибкорӣ ва туристӣ эълон карда шавад. Ҳамчунин ҷиҳати боло бурдани маърифати соҳибкорӣ бо соҳибкорон машғулиятҳои омӯзишӣ ва тренингҳо гузарондан зарур аст.

Раиси Кумитаи идораи замини вилоят Амоншо Наврӯзшоев оид ба масъалаи амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои корами обӣ» дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ ахборот дода, иброз дошт, ки дар ин раванд камбудиҳо зиёданд. Барои мисол, дар ноҳияҳои Рӯшон ва Ванҷ фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, ки ба тақсими замин барои сохтмони манзил ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар асоси Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ машғуланд, қонеъкунанда нест. Далелҳо оварда шуданд, ки дар деҳоти алоҳида қитъаи замин ба ашхосе дода шудааст, ки ба он эҳтиёҷ надоранд. Инчунин оид ба аз гардиши кишоварзӣ берун мондани замини корам мисолҳо оварда шуд.

Раиси вилоят дар фарҷом масъулинро баҳри самараноку оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва одилона тақсим намудани қитъаи замин вазифадор намуд.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»