Ӯ шоҳиди Рӯзи Ғалаба буд

№46 (3192) 08.05.2014

Безимени4Аввалҳои моҳи  сентябри соли 1943 Комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамаи ҷавонони ба синни 18 қадамниҳодаро ба сафи Артиши шӯравӣ даъват намуд. Дар қатори зиёда аз 360 нафар ҷавонони бадахшонӣ Ҳозиршо низ буд.

Ҳозиршо аз он хурсанд буд, ки ҳамроҳи ӯ дар ҳайати ротаи якуми баталёни якуми полки тирандозии 625-ум ҳамдиёронаш Қ.Ҳайдарбеков, А.Раҳимҷонов, М.Ҳақназаров. А.Саидбеков, А.Абдулкаримов, Ш.Бобошоев, Б.Боймамадов, М.Мамадбеков хизмат мекунанд.

Ҳозиршо ҳамроҳи ҳамдиёронаш дар озод намудани вилоятҳои Каменск-Подолск, Тернопол, шаҳрҳои Житомир, Бердичев, Белал, Харков ва дигар шаҳру деҳоти Украина ширкат варзидааст. Ду маротиба захмдор шуда, баъди табобат боз ба майдони набард баргаштааст.

Рӯзи Ғалабаро Ҳозиршо дар ҷангалзори Пруссияи шарқӣ истиқбол гирифт. То ин рӯзи саид аз байни зиёда аз 360 нафар ҷанговарони бадахшонӣ фақат ду нафар -Ҳозиршо Хусравов ва Қ.Ҳайдарбеков монданд. Баъзеҳо пас аз захмдоршавӣ аз майдони ҷанг ба ақибгоҳ фиристонида, қисме дар роҳи ҳифзи озодии Ватан қурбон шуданд, дигарон то ба имрӯз бе ному нишонанд.

Барои корнамоиҳои ҷангӣ Ҳозиршо Хусравов бо ордени «Ситораи сурх», ду ордени «Шараф» дараҷаҳои II ва III, медали «Барои ҷасорат» ва дигар медалҳо мукофотонида шудааст.

Солҳои охири ҳаёташ ӯ раиси ДОСААФ – Ташкилоти мададгори мудофиаи ВМКБ буд.

14 июли соли 2001 Ҳозиршо Хусравов дар синни 76-солагӣ вафот кард.

Хотираи неки ин марди наҷиб ва ҷанговари ҷасур дар қалбҳои мо абадан боқӣ хоҳад монд.

Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»