Рушди соҳибкорӣ

Соҳибкор Кумушай ниятҳои нек дорад

№108 (3093) 29.08.2013

Симои ноҳияи Мурғоб ҳам мисли дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯз аз рӯз зеботару ободтар мегардад. Бахусус, пас аз кушода гардидани шоҳроҳи калони Абрешим маркази ин ноҳияи баландкӯҳ куллан дигаргун гашт. Истиқлолияти давлатӣ ба ин диёр ободкории бештаре ато намуд. Дар ин муддат дар ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ бо суръати тез идома ёфтанд. Аз рӯзи аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ободӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи ин диёри қутоспарварони машҳури Бадахшон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ,  шахсан Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  вилоят диққати аввалиндараҷа дода шуд. Имрӯз аз гузаргоҳи Кулма тариқи ин минтақаи Помири Шарқӣ ҳамарӯза садҳо мошинҳои пурбор дар гузар ҳастанд. Хуллас, шоҳроҳи байналмилалии мазкур ин ноҳияи дурдастро хеле обод ва мардумашро ба ояндаи дурахшон боз ҳам бештар дилгарм намудааст.

Дастгирӣ ёфтани соҳибкорони ноҳияи Мурғоб аз ҷониби Ҳукумат ба пешрафти соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия такони хубе бахшид. Чун Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад, соҳибкорон назди худ вазифа гузоштанд, ки барои мусофирон, меҳмонони хориҷи кишвар ва сайёҳон шароити хуб фароҳам оранд.

Аз ин хотир, дар маркази ноҳия қариб даҳ меҳмонхона ва даҳҳо мағозаҳои гуногун сохта шуд, ки имрӯз дар хизмати мардуманд.

Яке аз чунин соҳибкорон зани матинирода, зодаи ин диёри баландкӯҳ Таҷаллиева Кумушай Мамадсаидовна мебошад. Ӯ бинои сеошёнаи нотамоми меҳмонхонаро харидорӣ карда, дар назди худ вазифа гузошт, ки дар тӯли ду-се сол онро азнавсозӣ карда,  ба як меҳмонхонаи замонавӣ табдил медиҳад.

«Нияти нек ними давлат»- гуфтаанд. Кумушай бо ҳамроҳии шавҳараш- Бойназар Тошмуҳаммедов, ки худ мутахассиси сохтмон аст, нақша ё худ тарҳи азнавсозии меҳмонхона ва сохтмону ободонии гирду атрофи меҳмонхонаро кашиданд. Дар мадди аввал лозим омад, панҷоҳ ҳазор доллари амрикоӣ қарз гиранд, то меҳмонхонаро азнавсозӣ кунанд. Бисёриҳо боварӣ надоштанд, ки соҳибкор аз уҳдаи ин кор баромада метавонад.

-Вақте ки ман аз иқдоми неки роҳбарияти давлат дар хусуси Созишномаи дутарафаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Халқии Хитой доир ба аз сари нав эҳё гаштан ва тамоми чор фасли сол фаъолият кардани Шоҳроҳи Абрешим шунидам, бовариам ба ояндаи дурахшон боз дучанд гашт. Корро дар ду реҷа ташкил карда, тамоми маводи сохтмонӣ ва таҷҳизоти замонавиро дастрас намудам. Боз лозим омад, ки 20 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гираму дар назди меҳмонхона мағозаи омехтаи хӯрокворӣ, юртаи қирғизӣ ва дигар иншооти маиширо бунёд намоям,- гуфт Кумушай Таҷаллиева.

Инак, нияти неки Кумушай Таҷаллиева амалӣ гашт.

Ба ифтихори 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Мурғоб меҳмонхонаи «Помир» ба истифода дода шуд, ки он ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Меҳмонхона дорои 30 утоқ, 120 ҷойи хоб, ошхонаи замонавӣ, ҷойи оббозӣ, либосшӯйӣ ва ғайраҳо мебошад. Дар баробари ин боз 17 нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Дар назди меҳмонхона инчунин юртаи пурнақшунигори қирғизӣ барои меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Мағозаи замонавии «Нур»-и соҳибкор К. Таҷаллиева як моҳ боз шабонарӯзӣ кор мекунад ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ аст. Мардуми ноҳия  ва меҳмонони дуру наздик аз хизматрасонии ин мағоза розианд. Зеро дар он тамоми маводи заруриро ёфтан мумкин аст. Ба қавли соҳибкор, ӯ маводро аз шаҳри Душанбе ва бештар аз шаҳри Оши Қирғизистон меорад. Бо вуҷуди ҳамаи ин нархи маводи мағозаи ӯ 2-3 сомонӣ аз нархи бозор арзонтар аст.

Имрӯзҳо дар назди меҳмонхона сохтмони қаҳвахона, чойхонаи тобистона, дӯкони кабобпазӣ, самбӯсапазӣ, мантупазӣ дар арафаи анҷомёбист ва соҳибкор Кумушай Таҷаллиева кӯшиш карда истодааст, ки то рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон онҳоро ба итмом расонад.

-Ба шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ соҳибкорӣ дар ноҳия торафт авҷи тоза мегирад. Зеро дар ин диёри баландкӯҳи кӯҳистон ба ҷуз пешрафти соҳаи чорводорӣ ва соҳибкорӣ дигар чорае нест, – мегӯяд соҳибкор К. Таҷаллиева. — Агар минбаъд соҳибкорон аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва бонкҳои тиҷоратию саҳомӣ дастгирӣ ёбанд, кори мо — соҳибкорон хеле беҳтар ва иқтисодиёти ноҳия боз ҳам рӯ ба инкишоф меорад. Дар назар дорам қарзҳои дарозмуҳлат бо фоизи нисбатан паст ё кӯмакҳои грантӣ аз ҳисоби гранти президентӣ барои дастгирии занони соҳибкор,- афзуд номбурда. -Гарчанде дар самти рушди тиҷорат ва хизматрасонӣ корҳо натиҷабахш бошанд ҳам, баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардем.

Махсусан вақти гузаштан аз дидбонгоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз тарафи сохторҳои назоратӣ бидуни талаботу меъёрҳои муайянгардидаи қонунҳои амалкунанда аз мо — соҳибкорон сарҳадбонон, хадамоти байтории Абат ва дигарҳо маблағҳо меситонанд, ки ин ба рушди минбаъдаи иқтисод ва соҳибкорӣ таъсири  манфии худро мерасонад,- изҳор намуд дар хотима Кумушай Таҷаллиева.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»