Тақдири Хоруғ — дар дасти ҷинояткорон

№74 (3220) 08.07.2014

Чунин сарлавҳа барои матлаби зер ҷиҳати ҷалби хонанда, ё додани тобиши сенсатсионӣ ба он  интихоб нашудааст. Балки инъикоси ҳақиқатест, ки солҳо, хусусан баъди даргириҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳукмфармост. Ҳамзамон аз тамоми сокинони одӣ, қишри зиёӣ ва аҳли эҷоди Хоруғшаҳр узр мепурсам, ки чунин андешаи манфиеро нисбати зодгоҳу макони зисти хешу онҳо расонаӣ мекунам. Тавре мегӯянд, ҳақиқат ҳамеша талх аст. Ба замми ин, он ки ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ маъруфият пайдо кард ва аксарияти наврасону ҷавонон аҳли эҷоду ҳунар, варзишгарони номию муътабарро канор гузошта, пешвоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро  тимсоли пайравӣ интихоб карданд, қисман ману онҳо низ гунаҳгорем.

Ягон сохти давлатдориеро наметавон мисол овард, ки ин падидаи зиддиинсониро барои ҳамеша решакан карда бошад. Ҳатто Шӯравии абарқудрат натавонист ба куллӣ ҷиноят ва ангезаҳои пайдоишу содир кардани онро дар ҷомеа нест созад. Лекин барои тавсиф не, фақат барои маълумот қайд кардан мумкин аст, ки он замон аҳли ҷиноят низ дар доираи қонунҳои нонавиштаи хеш амал мекард ва ҳаргиз зидди пояҳои давлатдорӣ, манфиатҳои умумимиллӣ ва Ватану халқи худ иқдоме пеш намегирифт.

Суқути Шӯравӣ ва воридшавии арзишҳои мухталифи ҷаҳони бегона аз Ғарбу кишварҳои исломии ҳамсоя шаклу шеваи зиндагиро дар зодгоҳи мо низ дигар кард. Арзише, ки нахустин шуда дар ин миёна мафҳуму ғояи ҳақиқии худро гум кард, родмардию ҷавонмардист. Ҷавонмардӣ дар рафтору гуфтор, ҳифзи ёру диёр ва табақаи камбизоату нодор. Насли нави аҳли ҷиноят ҳар амалеро, ки анҷом медиҳад, зиёну зарараш, пеш аз ҳама, ба ҳамин ишорашудаҳост. Зеро дар ҳама кор, фарзандони чунин оилаҳо баҳри истифодаи аҳли ҷиноят осебпазиранд.

Баъди даргириҳои дохилии соли 1992, қисмати зиёди ҷавонон аз шаҳри Душанбе ва атрофу акнофи он ба шаҳри Хоруғ баргаштанд. Минҷумла, онҳое, ки ҳанӯз то он замон даст дар ҷиноят доштанду ҳатто мактаби маҳбасро барои алоҳида ҷинояткориҳояшон гузашта буданд. То ин давра аҳли ҷиноят дар шаҳри Хоруғ 2-3 нафареро итоат мекард, ки дар чаҳорчӯбаи барояшон муайяншуда амал мекарданд.

Баъди соли 1992-юм шаҳри Хоруғ ба гурӯҳу гурӯҳчаҳои олами ҷиноӣ тақсим шуд ва ҳар кӯчае пешво ва фармонравои худро дошт: «Геси боло», «Бархарағ», «Мясокомбинат», «УПД», «Шошхоруғ», «Хичордев», «Хӯфак», «Чорбоғ», «Автостансия», «Хлебзавод», «Болнитсен», «Селхозтехника» ва монанди инҳо. Баъзе гурӯҳчаҳои  кӯчагӣ барои тобиши воҳимавӣ ва таъкиди ҷиноятолудагии маҳалли сукунаташон бо тақлид ба филмҳои хориҷӣ маҳалаашонро «Шанхаяк»-у «Бомбеяк» ва монанди инҳо ном мебурданд. Гурӯҳи «Поршнев» ҳамеша ҷойгоҳи худро дар олами ҷиноӣ бо рақобату бархӯрдҳои ғайриқонунӣ бо дастаҳои ҷиноии Хоруғ намоиш медод. Дар шаҳри Хоруғ ҳеҷ кас якдигарро итоат намекард. Ҳар пешвое дар кӯчааш худ шоҳ буду табъаш вазир. Сари ҳар ҳафта ва ҳар моҳе миёни ин гурӯҳҳо «разборка»-ҳои мусаллаҳона рух медоданд ва ҳатман бо кушта шудани як ва ё дую зиёда намояндагони ин гурӯҳҳо меанҷомиданд. Аммо нисбати гунаҳгорон ҳатто парванда боз намешуд. Зеро қонуни ҷангал ҳукмфармо буд. Пешвоёни гурӯҳҳои ҷиноӣ баъди ҳар як ҳодисае назди ҳамдигар дузону задаю масъаларо «ҳаллу фасл» мекарданду якдигарро мебахшиданд. Волидайни қурбоншудагон, ки ҳатман аз шумули бечорагон буданд, ҳар чӣ ин пешвоён мегуфтанд, итоат мекарданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар дохили хеш ба маҳалу кӯчаҳо тақсим шуда буданд ва ҳеҷ гоҳ як корманд ба муқобили кӯчаю ҳамкӯчаи хеш, ҳарчанд хилофи қонун кирдор содир шуда бошад ҳам, намерафт ва парванда боз намекард. Сатҳи болоии давлатӣ ба ҳамаи ин чашм мепӯшид ва бо мақоли «Айби хона даруни хона нуҳуфта беҳ» рафтор мекард. Бо ҷинояткорон созиш мекарду аз давлат маош мегирифт.

Солҳои 1993-1994-ум аксарияти гурӯҳҳои зикргардида ба қочоқи маводи мухаддир оғоз карданд. Он солҳо дар Ҷумҳурии  Қирғизистони ҳамсоя гурӯҳҳои мушаххаси ҷиноӣ фаъол буданду ба ҳамдастони бадахшониашон барои интиқоли маводи мухаддир кумак мекарданд. Чун назорат дар постгоҳҳои қирғизӣ пурзӯртар шуд, наркобаронҳои Хоруғ пайи пайдо кардани бозори нави фурӯши маводи нашъадор мия об карданд ва … ёфтанд. Ҷавонони маҳаллӣ ҳамчун контингенти истеъмолкунандаи бозори нав интихоб шуданд. Волидайн, атрофиён, пирони кору халифаҳои маҳаллаҳо дар муқобили пешвоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ҳамоно хомӯш буданд. Солҳои 1996-1997 яке аз барномаҳои Бунёди Оғохон пешниҳод намуд, ки мардум кумак расонанд ва онҳо муолиҷаи ҷавонони гирифтори «героин»-ро ба уҳда мегиранд. Дар ҳар як маҳаллаи шаҳри Хоруғ ва деҳаҳои атрофи он хонаи истиқоматии маҳаллӣ – шуғнихонаеро ҷудо намуданд ва нашъамандони ҳамон маҳалла ё деҳаро дар он гирд оварданд ва ба муолиҷа пардохтанд. Шунидани теъдоди нашъамандон даҳшатнок буд. Дар ҳар як хонаи муолиҷавӣ, аз 60 то 90 нафар. Хӯрокаю дору аз тарафи Бунёди Оғохон таъмин карда мешуд. Хонаҳо аз ҷониби ихтиёриёни ҳар маҳал муҳофизат мешуданд. Мубталоёни дарди нашъаро иҷозат намедоданд, ки ҳудуди хонаро тарк кунанд. Наздики шаш моҳ дар муолиҷа буданд. Вале ҳама медонистанд, ки бо роҳҳои гуногун ба муолиҷагоҳҳо героини бепул интиқол мегардад, то ки бозори истеъмолӣ касод нагардад. Ҳама медонистанд, ки дар ин кор боз ҳам пешвоён даст доранд. Вале хомӯш буданд. «Айби хонаро берун намебурданд». Аз теъдоди гирифторони героин, ки наздик ба 700 нафар буданд, касе натавонист аз чанголи марг бираҳад. Аз баъзе хонавода ду то се бародар. Ҳатто аз як хонадон дар маҳаллаи «Автостансия» чор бародар қурбонии ин дарди бедаво ва таҳмилӣ гаштанд.

Метавон гуфт, ки  як насл дар Хоруғ аз миён рафт. Вале ҳама хомӯш монданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон, пирону халифаҳои маҳал. Зеро ҳукм дар дасти Алёша «Горбун», Имумназар, Мамадбоқир, Толиб, Ёдгор ва дигарон буд. Дар шаҳри Хоруғ онҳо буданд ҳокими давру замону ҳамдастони онҳо. Мардум хомӯш монд. Мардуме, ки дирӯз дар ҳама ҷо бо ифтихор мегуфт: Бадахшониҳо  аз ҷиҳати саводнокӣ ба ҳар як сари аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи якумро ишғол мекунанд. Саводнокӣ ақибнишин шуду ҷаҳолат идораи умумро ба дасти худ гирифт.

Куштори генерали амният Абдулло Назаров аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятии «Хлебзавод» пардаро аз болои сирҳои нуҳуфтаи Хоруғи махуф бардошт. Ҳақиқат рӯйи об баромад. Ҳақиқате, ки гуфтанаш ҳам барои намояндаи мақомоти давлатӣ «табу» буд, ҳам барои волидайни фарзандгумкарда, ҳам барои нашъаманди сари кӯча, ҳам барои зиёии рӯзгордида, ҳам барои халифаи талқинкунандаи покию адолат.

Ҳамин, ки Ҳукумат барои барқарор кардани пояҳои давлатдорӣ иқдоми гузаронидани амалиёти махсусро алайҳи ҷинояткорон пеш гирифт, пешвоёне, ки то дирӯз якдигарро чашми дидан надоштанд, даври ҳам омаданд. Мамадбоқире, ки аз Имумназар 4-5 сол бузургии синнусолӣ дорад, охиринро падар хонд. Ва ин «падар» «фарзандон»-ро ба ҷанг кашид. Фарзандони худро на, фарзандони мардумро. Дар Хоруғ хун рехт. Хуни ҷавонону наврасоне, ки фирефта шуда буданд. Ва хуни ҷавононе, ки уҳдадориҳои хизматиашонро иҷро мекарданд. Бо баҳои ҷони ин ҳама қонуният дар Хоруғ барқарор гардид. Вале тавре мебинем, муваққатан. Зеро аҳли ҷиноят то охир саркӯб нагардид. Ба хотири оромию осудагии мардуми Хоруғшаҳр, ба хотири сулҳу салоҳи минтақа, идомаи амалиёт дар он рӯзҳо боздошта шуд ва тасмим гирифта шуд, ки бо роҳи гуфтушунид вазъият ба эътидол оварда шавад.

Гузашти на чандон зиёди вақт бори дигар собит сохт, ки мори афъӣ ҳатман то охир бояд саркӯфта бошад. Вагарна рӯзе боз сар мебардораду неш мезанад.

Даҳрӯзаи охири моҳи майи соли ҷорӣ дастаҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ боз авзоро носолим сохтанд. Баҳри нуҳуфта доштани дасти худ дар қочоқи маводи мухаддир муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд, ки куштори чанд нафар корманди ҳифзи ҳуқуқро дар пай дошт. Тӯдаи фиребдодаи наврасонро ба оташ задани биноҳои маъмурӣ таҳрик доданд. Биноҳое, ки на бо ранҷи онҳо, балки муфт бо буҷети ҷумҳурӣ сохта шуда буданд. Ҳеҷ кас аз сокинони шаҳри Хоруғ таваҷҷуҳ накард, ки унсурҳои ҷиноӣ торафт ҷавонтар шуда истодаанд ва аллакай наврасон ба ин қатор ҷалб шудаанд.  Баръакс, бо истифода аз таҷрибаи пешин, таҷрибае, ки тавре болотар гуфта будем, боиси рукуди арзиши ҷавонмардӣ гаштаю ҷинояткоронро зери домони занону пушти шонаҳои заифу лоғари кӯдакон бурдааст,  ҳодисаи қатории ҷиноятиро ҷомаи сиёсӣ ба бар карданд. Комиссияе созмон доданд, ки иборат аз чанд ҷиноятпеша мебошад ва сиёсатмадоре бо номи Алим Шерзамонов, ки ғайр аз забонаш ҷонибдоре надорад ва  хонуми рӯзноманигоре бо номи Улфат Мамадшоева онҳоро роҳбарӣ мекунанд. Улфат Мамадшоева рӯзноманигорест, ки аз пеша фақат унвонашро дораду халос. Ҳатто ҳаёти худро натавонистааст маҷрои муносибе диҳаду дигаронро роҳнамоӣ мехоҳад. Тавре гуфтем акнун ҳамин ду нафар дар иҳотаи чанд ҷиноятпеша тақдири сокинони Хоруғро муайян мекунанд.

Шояд муддате боз оромӣ ба шаҳри мо бармегардад. Вале ҳамчун як инсони рӯзгордида мегӯям: агар тақдирҷунбонони мо ҳаминҳоянд, пас такрори ҳодисаҳои маймонандро боз метавон интизор шуд. Бисёр мехоҳам чунин нашавад, вале то он даме тақдири Хоруғ дар дасти ҷинояткорон аст, оромиро фақат лаҳза ба лаҳза хоҳем дид.

Мамадаслам ШЕРЗАМОНОВ, нафақахӯр