Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ВМКБ

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Хусравбек Рақамов – мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки назди Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хабарнигорамон гуфт, ки тибқи нақшаи тарҳрезигардида бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд.Дар муассисаҳои томактабии назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки айни замон теъдоди онҳо 21-то буда,1385 нафар кӯдаконро ба оғӯши худ  фаро гирифтаанд, чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ ва таълимӣ, озмуни расми беҳтарин, иншои беҳтарин, намоиши дастранҷи кӯдакони эҷодкор, мулоқот бо шахсиятҳои шинохтаи диёр гузаронида мешаванд. Кӯдакони ятим, маъюб ва фарзандони оилаҳои камбизоат аз мадди назар дар канор намемонанд. Ба онҳо кумакҳои яквақта расонида, туҳфаҳо тақдим мешаванд.

Хусравбек Рақамов инчунин афзуд, ки дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ва мизи мудаввар дар мавзӯъҳои «Тарбияи кӯдак — тақозои замони муосир» ва «Фарзанди нағз — боғи падар» дар назар аст.

Чорабиниҳои асосӣ ба ин муносибат дар майдони назди Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаров гузаронида мешаванд.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»