ВМКБ: пардохти нафақа тавассути кортҳои пардохтӣ вусъат меёбад

№23 (3324) 18.02.2015

Низоми таъминоти нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Муҳимияти ин низом дар он арзёбӣ мегардад, ки манфиатҳои иҷтимоии пиронсолон, маъюбон ва аъзои оилаи аз саробон маҳрумшударо ҳифз намуда, ҳуқуқҳои дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ кафолатдодашударо татбиқ менамояд.

Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд».

Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Комил Шоҳисматуллоев гуфт, ки ин ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи нафақахӯрон мебошад.

Раёсат ва сохторҳои он дар вилоят соли сипаришуда ба 26560 нафар нафақахӯр хизмат расониданд.  Талаботи нафақа ва кумакпулиҳо дар вилоят дар соли 2014-ум 90 млн. 221,9 ҳазор сомонӣ буд, ки назар ба соли 2013-ум 12,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ низоми пардохти нафақаи 6519 нафар тавассути кортҳои пардохтӣ амалӣ мешавад. Ноҳияи Шуғнон низ ба наздикӣ ба пардохти нафақа тавассути кортҳои пардохтӣ гузашт. Имсол дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Мурғоб, Роштқалъа ва Ишкошим пардохти нафақа тавассути чунин кортҳо ба роҳ монда мешавад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ 2 млн. 208,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд ва давоми соли гузашта ба буҷети Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят 2 млн. 211,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

-Дар самти таъиноти нафақаи суғуртавӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми таъминоти нафақа ба ҳисоб меравад, соли 2014 дар вилоят аз 1521 аснод ва аризаҳои қабулгардида барои таъини нафақаҳои суғуртавӣ ба 1500 аснод ва аризаҳо нафақа таъин шудааст,- гуфт дар фарҷом Комил Шоҳисматуллоев.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»