Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Восеъ: Чаро қасри фарҳангро ба соҳибкор доданд?»

№50 (4633) 07.04.2023

Мақола таҳти унвони «Восеъ: Чаро Қасри фарҳангро ба соҳибкор доданд?» дар ҷаласаи назди муовини раиси ноҳия бо иштироки масъулин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қасри фарҳанги деҳоти «Тугарак» дар соли 1999 баъд аз таҷдиди собиқ колхози ба номи Томин ба тавозуни Ҷамоати деҳоти «Тугарак» гузаронида шуда, маротибаи охир соли 2008 таъмир гардида, то соли 2012 фаъолияти хуб дошт. Бинобар фарсудашавии бинои Қас­ри фарҳанг кормандони он муваққатан дар бинои Ҷамоати деҳоти «Тугарак» фаъолият менамоянд.

Ишораи дар мақола омада «… бинои Қасри фарҳангро ба як соҳибкор додаанд» асос надорад.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бинои Қасри фарҳанг ба таъмири ҷорӣ фаро гирифта шуда, оид ба харидуфурӯши бинои мазкур ягон ҳуҷҷати расмӣ дастрас нагардидааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ мунтазам бо масъулини соҳаи мазкур дар робита қарор дошта, нақша дорад, ки ҳангоми таҳияи барномаи нав ва таҳияи лоиҳа сохтмону азнавсозии бинои Қасри фарҳанги деҳоти «Тугарак» амалӣ хоҳад шуд.

Б. ГУЛМУРОДЗОДА,

муовини раиси ноҳияи Восеъ