Вуруди кумакҳои хайрия ба Рашт идома дорад

№105 (3406) 05.08.2015

Имрӯзҳо ворид гардидани корвони хайрия аз гӯшаҳои дуру наздики ҷумҳурӣ ба ноҳияи Рашт идома дорад. Чуноне пештар хабар дода будем, рӯзи 20 июли соли равон дар натиҷаи фаромадани сел як қисмати деҳаҳои Бедаку Ҳалқарфи деҳоти «Навдӣ» зери хок монд ва ба сокинони ин деҳаҳо зарари зиёд расид. Ҳанӯз аз рӯзи аввали рух додани ҳодисаи табиӣ мардуми шарифи ҷумҳурӣ ба сокинони осебдидаи Рашт дасти мадад дароз намуданд.

Дар ҳафтаи сипаригардида Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хӯрока, аз ҷумла орду равған, қанди сафед ва оби тозаи ошомиданӣ, ба зарардидагон кумак намуд.

Аз вилояти Хатлон корвони дуюм барои сокинони ноҳия орду макарон, кӯрпаю кӯрпача, болишту болопӯшҳо овард. Дар баробари кумак намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Азимзода Гуландом ба аёдати осебдидагон омада, бо онҳо вохӯрд ва аз номи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва мардуми шарифи Хатлон изҳори ҳамдардӣ кард.  Сарвари ҶДММ «Шафеъ»  Дилшод Шафиев аз шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба хонандагони ин оилаҳо 500 ҷузвдон хайр намуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки барои 50 нафар хонандагон аз оилаҳои зарардида дар моҳи август лагери истироҳатӣ-фароғатӣ ташкил намояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба суратҳисоби осебдидагони ноҳияи Рашт 9 ҳазор сомонӣ гузаронид.

- Пеш аз ҳама мо шукронаи Сарвари давлатамонро мекунем. Шукрона мекунем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ  чун як сиёсатмадори бузургу ваҳдатофар тавонист мардуми шарифи Тоҷикистонро муттаҳид намояд, — гуфт дар суҳбат узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ. — Имрӯз ҳар гуна иқдоме, ки аз тарафи мо — парвардагони мактаби Президенти мамлакат амалӣ мешавад, бе ҳеҷ шубҳа идомаи иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлатамон аст. Маҳз ӯ ба мо омӯхт, ки дар рӯзҳои душвор паҳлуи ҳам бошем ва дасти ҳамдигарро бигирем. Ба мардуми кулфатзада ғамшарик бошем.

Мехостам ба ҳамаи онҳое, ки ба зарардидагони ноҳия  дасти мадад дароз кардаанд, аз номи мардуми Рашт арзи сипос гӯям. Дар ин рӯзҳо ҳатто як сухани хуш касро рӯҳбаланд мегардонад ва қувваю неру мебахшад. Хуб аст, ки ҳар рӯз даҳҳо нафар бо мо тамос мегиранд  ва аз рафти бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаи табиӣ мепурсанд. Бо мурури солҳо мардум ин фоҷиаро фаромӯш хоҳанд кард, аммо дастгирӣ ва кумакҳои ҷавонмардонаи мардуми шарифи Тоҷикистонро фаромӯш нахоҳанд кард, — гуфт дар хатми сухан Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ.

Д. МИРЗО, «Садои мардум»