Зиндагӣ бо бӯи шинел

№59-60 (3539-3540) 07.05.2016

Модар набинад дарди фарзандё модаре, ки 35 сол роҳи фарзанд поист

Кампири Рухсора ба дуродур, ба осмони лоҷувардӣ нигарист. Дар хаёлаш абрҳои тору тира осмонро печонида буданд.

Сарзамини ҷангзадаи Беларус, Украина, Дон ба назараш ҷилвагар гардид. Бӯйи борут димоғашро сӯзонд, садои тӯпу танк, тиру туфанг гӯшашро кар кард. Майдони муҳориба, чеҳраи хабиси ҷанг, пур аз хуну пур аз дуд, дар шакли махлуқи афсонавии даҳшатноке гӯё мастона наъра зад. Дар ин ҳангом модар чеҳраи писаронаш Фатҳуллоҳ, Сайфуллоҳ, Халифақосим ва Нуруллоҳро дид. Махлуқ қулоч кашида, даст дароз кард, ҷигаргӯшаҳояшро ба ком кашидаву фурӯ бурд. Дили модар таҳ кашид, сахт тапид, лабонаш фишурда гашт, ҷигараш об шуда, рехт. Лекин ашк дар чашмонаш хушк шуда буд. Ӯ як такон хӯрд, калавид, ба дарвоза такя зад, ба худ омад, ки дар наздаш касе набуд. Борони баҳорӣ нармак меборид. Моҳи урдубиҳишт буд…

Деҳаи Навобод. Дашти Терай, мавзеи ноҳияи Давлатобод. Усто Яъқуб писараш, Фатҳуллоро ба ҷанги Гирмон, алайҳи фашист равон мекард. Пиру ҷавон омада, хурду калон хайрбод мегуфтанд. Мӯйсафедон дуои нек медоданд. Усто Яъқуб марди обрӯманди деҳа буд. Ҳама ӯро иззату эҳтиром мекард. Чунки усто шахси моҳири гулдаст буд, тираки ҷувоз, юғу сипор, чархи осиё, дару девор метарошид, кандакорӣ мекард. Ба ҳамин сабаб дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта буд. Куҳансолони деҳа ҳикоят мекарданд, ки гӯё авлоду аҷдоди онҳо балхӣ будаанд. Аз шаҳри Балхи Бумӣ рӯди Панҷро убур карда, омада, ин деҳаи биҳиштосоро обод карданд. Мардумаш далеру боору номус буда, дар тӯю сур, гӯштин, аспдавонӣ назир надоштанд.

Бо ҳарифонаш аз дуру наздик, аз деҳоти Каъри Шол, Хоҷаи Ҷомард, Лангурхоҳ, Вориву, Амбруди Хам бисёр вақт ғолиб мегардиданд. Ҳатто дар базмҳо, аз он соҳили рӯди Панҷ: деҳоти Шингон, Аспахоҳи водии Барпанҷ  довталабон  иштирок мекарданд.

Усто Яъқуб бо Рухсора  хонадор шуд. Зодгоҳи Рухсора деҳаи Косатарош буд. Онҳо соҳиби ҳафт писар ва чанд духтар гаштанд. Модар ба меҳру муҳаббати модарӣ, рӯҳияи  дӯст доштани кору заҳмат онҳоро калон мекард. Фарзандон ба кору бор дилбастагӣ доштанд. Ғалладаравӣ, хирманкӯбӣ, чӯпонӣ, ҷувозкашӣ ва боғдорӣ мекарданд.

Фарзанди калонӣ – Фатҳуллоҳ ба коре ба идораи ҷамоат рафт. Бо раиси ҷамоат Мурод  Қадамов суҳбат мекард. Аз радиои «Родина» садои ровии номии шабакаи «Маяк» Юрий Левитан баланд шуд: — «Ин ҷо, Москва, ин ҷо Москва! хабари таъҷилӣ, ахбори «Информбюро» — Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба хоки Ватани мо ҳуҷум кард. Ҷанги Бузурги Ватанӣ  сар шуд…». Ин хабар ба гӯши мардум чун бод расид. Он шабу рӯз дари идораи ҷамоату комиссариати ҳарбӣ ба мӯрчахона шабоҳат дошт. Ҷавонон, мардони боору номуси деҳаи Навобод, чун дигар шаҳрвандони кишвар дар навбат истода, бо ариза, ихтиёрӣ бо сари баланд, ба дифои Модар – Ватан, ба ҷанги фашисти хонумонсӯз мерафтанд.

Фатҳуллоҳ низ яке аз он родмардон буд. Дӯстон ва бародаронаш ҳанӯз дар ҳақи ӯ чунин суханон мегӯянд: «Ҷавони қадбаланди бо китфу бозӯ буд. Як қанор-ҷуволи пур аз гандумро озод бардошта, ба аспу хар бор мекард. Модараш мегуфт, ки вақте ки ба сӯйи чашма барои обгирӣ мерафт, кӯзае, ки зиёда аз се сатил об ғунҷоиш дошт, ба худ бардошта, бо химчаи тут устувор мекард. Аз чашмаи Қули Сӯхта, Савобхона  ё аз чашмаи Ширполо аз масофаи дур об меовард. Кӯзаро бар китф бардошта, дар роҳ дам намегирифт».

Фатҳуллоҳ Яъқубов оғози ҷангро аз сарзамини Волга-Дон сар кард. Баъди ҷангҳои пай дар пай, муҳорибаҳои шадид, армияҳои тирандозии дивизияҳои «64», «62» зери фармони генерали армия: — Чуйков ва генерал Шумилов шаҳри Сталинград аз муҳосира баромад. Лашкари «мағлубнопазир»-и «СС»-и Германияи фашистӣ шикаст хӯрд. 91 ҳазор фашист бо ҳамроҳии ферд — маршал фон Павлюс асир гашт. Дар муҳорибаи Сталинград зиёда аз 300 ҳазор  нафар ҷон бохт.

Шоҳидони ин воқеа нақл мекунанд, ки заводи тракторсозии Сталинград он солҳо танкҳои «КВ» «Шоҳпаланг» месохт.

Ба фармони Штаби генералӣ ставкаи олӣ – генералиссимус Иосиф Сталин ба генерал Штеменко супориш шуд, ки завод трактори тамғаи  «СТЗ-74», «СТЗ-75», бо плуг бисозад, то ба воситаи плуг қурбоншудагону мурдаҳоро кашида ба «Қурғони Мамай»-и овозадор  бурда гӯронанд. Чунки аз бисёрии ҷасади қурбоншудагон кӯчаҳои шаҳр дарҳам баста буд.

Фатҳуллоҳ ба ҳамяроқон Шералӣ Юсуфов, Сергей Максимов Ганҷария захмӣ шуданду аз дасту пой ҷароҳат бардошта, баъди муолиҷа аз наздикии Қалач – Дон ба сӯйи шаҳри Краснодон ҷангида, ба амалиётҳои махсус душманро  ба фирор водор сохтанд. Баъди озод кардани Краснодон дар сари турбати ташкилоти пинҳонкорӣ «Гвардияи ҷавон» Олег Кошевой, Сергей Толешин  Любов Шветсова, Коля Кондратев, Иван Земнуховро, ки фашистон онҳоро баъди азобу шиканҷа паронданд, қасам ёд карданд.

Фатҳуллоҳ дар ҳайати яке аз дивизияҳои Армияи якуми Украина ба тарафи дарёи Днепр ҳаракат мекард. Ҷангҳои шадид  сар шуд. Бо супориши командири взвод Максимов байрақи полкро  Фатҳуллоҳ мебардошт. Онҳо қадам ба қадам пеш мерафтанд. Тир чун ҷола меборид. Ногоҳ тире ба бадани Фатҳуллоҳ расид. Ӯ якпаҳлу афтид, байрақ ба замин зад. Ганҷария  ғалтону хезон омада, байрақро аз замин боло кард. Снайпери душман ӯро ба нишон гирифта буд, пораҳои гӯшту устухон ба атроф пош хӯрд, замин лоларанг гашт. Сержанти хурд Шералӣ Юсуфов хост байрақро бардорад, тири душман омада, ба дасти росташ зада, устухони дасташро пора кард, дар гармогармиаш бо дастрӯмол баста, сӯи байрақ, ба пеши Фатҳуллоҳ омад. Ӯ ҳанӯз ҷон дошт. Сахт-сахт нафас мекашид. Тир ҷигарашро пора карда буд. Хунаш бисёр рафта, чун чашма мешорид. Дар ин ҳин Фатҳуллоҳ ба кисаи шинел ишора кард. Шералӣ бо дасти чап кисаро кофта, мактуб ва пораи хатро баровард.

Ба фармони командири дивизия ӯро ба ордени «Шараф» пешниҳод карда буданд. Дар мактуб падару модар ва ҳамсараш Гавҳар ба ӯ ҳушдор медоданд, ки соҳиби писар, яъне падар шудааст.

Бародари Фатҳуллоҳ — Сайфуллоҳ хизмати Ватан-Модарро аз муҳорибаҳои назди Москва то «Ҳалқаи Курск» ибтидо кард. То шаҳрҳои Могилёв, Гомел ва Қалъаи Брест бо ҳамяроқон дар дивизияи Армияи дуюми Беларус таҳти фармондеҳии маршал Рокоссовский мардонавор меҷангиданд. Борҳо бо дӯсташ Ориф Чубанови озарӣ барои овардани «забон» ба миёнҷои урдугоҳи душман ба разведка мерафтанд. Анбори яроқ ва ҳуҷҷатҳои махфиро дарёфт карданд. Полковник Шумайхер ва унтер  офисер ва посбонони онҳоро гарав гирифтанд. Барои далерӣ ва шуҷоат Сайфуллоҳ ба ифтихорномаи маршал Рокоссовский ва ордени «Ситораи сурх» сарфароз гардид.

Взводи онҳо баъди амалиёти нобаробаре шикаст хӯрда, талафоти калон дод. Ба як мушкилие ба хутори даруни ҷангал паноҳ бурданд. Марги дӯстону ҳамяроқон  ғамангез буд. Ғизое надоштанд. Обдон бо каме оби нӯшиданӣ буду халос. Се шабонарӯз чизе ба даҳон набурда, ба решаву бутта ва барги гиёҳ қаноат карданд. Ориф  ва Сайфуллоҳ боэҳтиёт аз паноҳгоҳ баромада, сӯи пайроҳа мерафтанд. Баъди саргардонии зиёд  ба бошишгоҳи «СС»-чиён наздик шуданд. Душман бо аспу аробае, ки дар болои он 4-5 бидон хӯроки гарм ва қуттиҳои дигар буд, ҳаракат мекард. Дар як чашм задан ба сӯи душман ҳамла карда, аспу аробаро ғанимат гирифтанд. Дӯстону бародари ҳамяроқашон аз марг наҷот ёфтанд.

Сайфуллоҳ дар яке аз амалиётҳои ҷангии назди шаҳри Гомел маҷрӯҳ шуд. Баъди афтударафт бо марг  ӯ зинда монд. Ба дастаи ҳамяроқон дар Қалъаи Брест баъди часпу талоши зиёд бо ёрии партизанҳо дастаи муштарак ташкил карда, ба душман зарба зада, ба хоки Полша даромаданд. Бори дувум аз пойи рост сахт  маҷрӯҳ шуд. Ба ақибгоҳ — ба госпитали шаҳри Могилёв равонаш карданд.

Бародари савум — Халифақосим Яъқубов баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри  Ашқобод соҳиби унвони лейтенанти калон гардид. Дар муҳорибаи Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) ҳамчун командири рота далерию фидокорӣ нишон дод. Ротаи онҳо бо душман ҷангида, пеш мерафт. Шаҳру деҳа аз асорати душмани малъун озод мегардид…

Соли 1945 фаро расид. Халифақосим рӯзи ғалабаро дар шаҳри Кёнсберг ҷашн  гирифт. Ӯ ба хона мактуб навишт: «Мо ба шаҳри Кёнсберг расидем. Рӯзи ғалабаро ид мекунем. Ба наздикӣ ба дидори якдигар мерасем».

Аммо ин мактуби охирин буд. Хати сиёҳаш низ наомад. Ӯ бе ному нишон шуд. То имрӯзҳо дигар аз ӯ ҳеҷ дарак нест…

Модар ба ҳар кӯю дар сар мезад. Бо орзую умед ҳар мард, ҳар ҷавони  ё ошно ё бегонаро фарзанд мегуфт. Ӯ  сию панҷ  сол роҳи онҳоро поид. Қомати модар чун дол хам гашта, бо ҷигари бирён, дили сӯзон оҳи дарун кашида, зери лаб сӯгворӣ мехонд:

Фарзанд рафт, дидаи равшан хароб шуд,

Дил об шуд бирехт, ҷигарҳо кабоб шуд.

Дар сандуқи кампири Рухсора, ки онро писараш Фатҳуллоҳ пеш аз рафтан ба ҷанг сохта буд, пораи шинеле аст, ҳар лаҳзае, ки модар ёди Фатҳуллоҳ, Халифақосим, Нуруллоҳ, Сайфуллоҳ мекард, онро бӯй мекашид, бӯсида ба дида мемолид ва ором мегирифт.

Ҳамин тавр, модари тоҷик дар ёди азизони дил, аз он ҷумла ба ёди 20 миллион шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва даҳҳо миллион қурбонии ҷанги дуюми ҷаҳон дар синни 89 ҷаҳонро падруд гуфт.

 Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД