Зиёда аз 100 санад таҳкими бахши ҳамкориҳо байни ду кишваранд

№21 (3658) 21.02.2017

16 феврали соли 2017 баъд аз мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Салоҳуддин Раббонӣ нишасти муштараки матбуотӣ доир гашт.

Дар рафти нишаст ҷонибҳо аз натиҷаи машваратҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯст гузориш доданд.

Сироҷиддин Аслов гуфт, ки бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон роҷеъ ба масоили амниятии ҳар ду кишвар, густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, илму маъориф гуфтугӯ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳамгироӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон омили муҳим аст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Салоҳуддин Раббонӣ изҳор дошт, ки аз соли 1992 инҷониб зиёда аз 100 санад дар байни ду кишвар ба имзо расидаанд. Неруҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгарро хеле фаъол буда, ба ҳеҷ сурат иҷозат нахоҳанд дод, ки гурӯҳҳои тахрибкор дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хатар эҷод кунанд, — таъкид намуд номбурда.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»