«Зумрад» — макони туризми табобатӣ

№146 (3940) 04.12.2018

Осоишгоҳи «Зумрад» дар масофаи 3 км аз маркази шаҳри Исфара, 110 км аз шаҳри Хуҷанд дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Мавзеи он осорхонаи табииро мемонад ва яке аз қисматҳои зебоманзари шаҳр ба ҳисоб меравад.

Ин ҷой бо табиати хушманзара, релефи сеҳрнок, кӯҳҳои рангорангу ҳавои кӯҳии аз оксигену озон бой, меваҳои шарбатрезу дарахтону буттаҳои ороишиаш гарави саломатӣ ва омили табобатӣ мебошад.

Соли 1972 бо ташаббуси сарвари онвақтаи шаҳри Исфара шодравон Ортуқбой Қурбонов ва бо қарори Шӯрои колхозҳои ноҳия дар ин мавзеъ хонаи истироҳатӣ бо 150 ҷой, барои истироҳати кормандони соҳаи кишоварзӣ сохта шуд. Ин хонаи истироҳатиро бо пешниҳоди Ортуқбой Қурбонов «Зумрад» номгузорӣ намуданд.

Соли 1976, баъди бунёди бинои муолиҷавӣ, он ба осоишгоҳ мубаддал гашт.

Кормандони осоишгоҳи нав­бунёд (сардухтур шодравон М. Олимов, муовини сардухтур ва аз соли 1996 сардухтур шодравон З. Восидов) баҳри ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхисию табобатӣ, равнақи корҳои илмию амалӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ  талоши зиёд карданд.

Зумрад (шакли дурусти талаффузаш Зумуррад) санги қиматбаҳои ҷилодор буда, хосияти муолиҷавӣ дорад.

Дар ҳақиқат, агар аз баландӣ ба ин мавзеъ назора кунед, мебинед, ки бо кӯҳҳои рангоранг (сафед, сурх, зард, кабуд, сиёҳ, хокистарӣ) дарахтону буттаҳои ороишиву мевадор, дарёчаи шӯхи кӯҳӣ, осмони софу нурҳои хуршеди дар об инъикосшаванда зумуррадро мемонад.

Дар гузашта ҳоким дар Қалъаи Боло (баъзан қалъаи Зумрадшоҳ ҳам мегӯянд) мустақар шуда, ба вилояти Исфара ҳукмронӣ мекардааст. Қалъаи Боло дар осоишгоҳ воқеъ буд, боқимондаҳои девори он соли 1950 ҳамчун порӯ дар заминҳо истифода шуд. Ҳоким барои ороиш дар торҳои риши худ санги қиматбаҳои зумуррадро  мисли марҷон мебаст, бинобар ин ӯ бо лақаби Зумрадшоҳ машҳур мегардад.

Номбурда заминҳои атрофи қалъаро ба афсарони лашкари худ инъом мекунад, то аз ҳисоби даромади он маишати худ ва аҳли оиларо таъмин намояд. Аз тарафи сарони лашкар дар мавзеи ҳозираи деҳа бошишгоҳҳои муваққатӣ бунёд шудааст. Баъдтар ин мавзеъ номи Зумрадшоҳро мегирад.

Солҳои 50- уми қарни XX олимони маъруфи бостоншинос Б. Литвинский, Е. Давидович дар ин ҷо ҳафриёти археологӣ бурда, маълум намуданд, ки Қалъаи Боло дар қарнҳои X-XII сохта шуда, хиштҳое, ки аз девори Қалъа пайдо гардидаанд шаҳодат медиҳанд, ки дар қарни VI низ дар ин ҷо қалъае будааст.

Каме дертар, солҳои 70- уми қарни XX бостоншиносони тоҷик бо сарварии академик Н. Неъматов ва доктори илмҳои таърих А. Мирбобоев дар ҳудуди ҳозираи осоишгоҳ ҳафриёти археологӣ гузаронида осори ниҳоят пурарзиши (қисме аз ин бозёфтҳо дар осорхонаи тибби тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд) таърихиро пайдо намуда, ба хулоса омаданд, ки шаҳрчае бо номи Тамохуш маҳз дар ҳамин ҷой воқеъ буд.

Дар оби гидрогенсулфиди мавзеи «Оби Шифо», ки яке аз омилҳои шифобахши осоишгоҳ ҳисобида мешавад, гази гӯгирд (сулфидҳо), то ба 550 мг/л мерасад. Инчунин, дар таркиби ин об мавҷуд будани намаки бром таъсири Оби Шифоро афзун менамояд.

Ташхиси ин оби дармонбахш дар санҷишгоҳҳои «Средазгеоминвод», пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии курортология ва физиотерапияи шаҳрҳои Тошканду Москва сурат гирифта, исбот гардид, ки барои табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, системаи асаб, узвҳои такяву ҳаракат, таносули занона, пӯст ва вайронии мубодилаи моддаҳо муфид аст.

Табибони осоишгоҳ бо мақсади муолиҷа аз омилҳои табиӣ — Оби Шифо, лойқаи шифобахш, муми кӯҳӣ, нафти нафталан, кашиши зериобии сутунмуҳра ва молиши зериобӣ, дастгоҳҳои физиотерапевтӣ, сӯзаншифоӣ, масҳшифоӣ, варзиши муолиҷавӣ, гиёҳшифоӣ васеъ истифода менамоянд.

Бегуфтугӯ, ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» бо роҳбарии Абдулмумин Ҳалимов яке  аз беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ буда, дорои 3 хобгоҳи замонавӣ ва 4 котеҷ бо 400 ҷой, 2 бинои табобатӣ барои қабули 250 нафар дар як соат, қасри «Шифокорон» барои 300 ҷои нишаст бо китобхона ва толори рақс, чойхонаи «Сино», ошхона барои истироҳаткунандагон бо 500 ҷои нишаст, лабораторияи клиникию биохимиявӣ, шуъбаҳои ташхиси вазоифӣ ва дандонпизишкӣ мебошад.

Дар ин макони истироҳату табобат 295 корманд, аз онҳо 16 табиб (2 номзади илмҳои тиб) ва 45 корманди миёнаи тиб аҳлона фаъолият доранд.

Ш. Ҳомидов, С.Бобоева, Ф. Мусоева, А. Олимов, М. Собиров, С. Саидов ва дигар табибон баҳри пешрафти осоишгоҳ камари ҳиммат бастаанд.

Бо эълон гаштани соли 2018 «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои сохт­монӣ ва азнавсозӣ дар осоишгоҳ вусъат ёфта, таъмири асосии хобгоҳи №4, коттеҷҳо ба анҷом расид. Илова бар ин, азнавсозии фермаи шириву молӣ барои 100 сар чорвои калони шохдор, сохтмони фермаи парандапарварӣ барои 20 ҳазор мурғ ба итмом расида, бо мақсади таъминоти ошхона бо сабзавоту кабудӣ ва парвариши гулҳои яксолаву бисёрсола 4 гармхона сохта шуд.

Сохтмони Маркази ташхисӣ — табобатӣ ва хобгоҳ иборат аз 9 ошёна барои 640 ҷойи хоб, хобгоҳ барои қабули меҳмонони хориҷӣ бо шароити мутобиқ ба талаботи маркази дилхушӣ бо тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, 2 фаввора бо суръат пеш рафта истодааст.

Дар назди бинои 4-и осоишгоҳ гулбоғе бунёд гашта, дар ҳудуди осоишгоҳ беш аз ҳазор бех дарахтони ороишӣ ва зиёда аз 100 ҳазор бех гулу  гулбуттаҳо шинонида шудааст.

Иттилоъ гирифтем, ки соли равон дар осоишгоҳ беш аз 4500 нафар саломатии худро барқарор намуданд. Теъдоди истироҳаткунандагон рӯз ба рӯз меафзояд. Муҳимтар аз ҳама, шумораи  истироҳаткунандагон аз хориҷи кишвар афзуда истодааст.

Имрӯзҳо роҳбарияти Осоишгоҳи «Зумрад» баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош намуда, тасмими ҷиддӣ доранд, ки шуҳрати онро боз ҳам баланд бардоранд.

Назрибой АШӮРОВ,  собиқадори матбуот